Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастрасии ҷавонон ба мансабҳои олии давлатдорӣ

Дастрасии ҷавонон ба мансабҳои олии давлатдорӣ

11-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Дастрасии ҷавонон ба мансабҳои олии давлатдорӣ
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Саидов бо фаъолон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Сино дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 97 ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ доир намуд.

Ҷамшед Саидов дар мавриди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нуктаҳои муҳими онро шарҳ дод ва сипас атрофи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард. Дар иртибот ба ин масъала номбурда афзуд, ки зарурати тағйиру иловаҳо ба ин ҳуҷҷати муҳим, пеш аз ҳама тақозои замон ва дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон буд. Дар идома ба масъалаи ба синни 30 пойин овардани интихобшавандагон ба мансаби президентӣ ва вакилӣ, ки шарҳи онро зарур шуморид, таваққуф намуд ва моҳияти онро барои ҳозирин чунин шарҳ дод: «Мо барои ҳуқуқи иштирок пайдо намудани ҷавонон дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонӣ ҳадафу мақсад ва мафкураи созандаи онҳоро ба инобат гирифта, синну соли интихобшавандаро ба 30 расонидем, то ин, ки ҷавонони лаёқатманди мо тавонанд нақшаҳои худро дар пешрафти кишвар ва раванди муосири давлатдорӣ пиёда намоянд».

Ҳамчунин, бодарназардошти аҳамияти масоили зикргардида даъват ба амал оварда шуд, ки шаҳрвандон бо иҷрои қарзи шаҳрвандии худ дар раъйпурсии умумӣ ширкат намоянд ва барои пешрафти кишвар саҳм бигиранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: