Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд

21-06-2023, 11:11
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд19-20 июн дар шаҳри Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи байнииҷлосиявии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати ҷониби Беларус баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирон дар маҷмуъ вазъи байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба масъалаи мукаммалсозии низоми бӯҳронӣ ва ҷараёни такмили Барномаи мақсадноки байнидавлатии Созмон оид ба таҳкими минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон қабул гардид.

Дар доираи вохӯрӣ роҳбарони мақомоти хориҷиро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур пазируфт.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар семоҳаи чоруми соли 2023 дар шаҳри Минск дар остонаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: