Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз 1 июн то 31 август маҳдудият ворид мешавад

Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз 1 июн то 31 август маҳдудият ворид мешавад

28-05-2023, 13:44
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз 1 июн то 31 август маҳдудият ворид мешавадШуруъ аз 1 июн то 31 августи соли равон маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 19:00 дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷорӣ карда мешавад, хабар медиҳад Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкур бо мақсади таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба миён омадааст.

Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Икдоми мазкур дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон, инчунин воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.

Гуфта шудааст, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: