Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз 1 май маҳдудияти мавсимӣ оғоз мешавад

Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз 1 май маҳдудияти мавсимӣ оғоз мешавад

21-04-2020, 09:52
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз 1 май маҳдудияти мавсимӣ оғоз мешавадБо фаро расидани мавсими гармо ва аз 25 дараҷа баланд гардидани ҳарорат шурӯъ аз 1 май то 31 августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз соати 10:00 то 20:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Дар ин бора сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар додаст.

Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад. Ҳамзамон дар ин муддат таъмири куллӣ ва ҷории роҳ амалӣ шуда, барои дар сатҳи хубу сифати баланд нигоҳ доштани роҳ филиали Ширкат омодагии ҷиддӣ дорад.

Чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолат бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш мебарад.

Бо вуҷуди фаъолияти пурмаҳсули «IRS», бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ зарурати таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳро ба миён овардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: