ҚАЛАМРОҲИ ЁДҲО24-05-2023, 11:53
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Сухане чанд дар ҳошияи китоби тозанашри адиби хушкаломи тоҷик Тоҳири Муҳаммадризо - “Ҳар давру ҳар мард”, Душанбе: “Истеъдод”, 2022. Китоби тозанашри адиб фарогири осори баргузидаи бист соли қаламроҳи ёдҳои нависандаи хушкаломи тоҷик буда, комилтарин хазинаи эҷодаш мебошад. Китоби номбурда бо қиссаҳои пуршӯри “Ғӯраи сармозада”, “Ҷоду”, “Муноҷот”, “Зулмат” ва “Ҳар давру ҳар мард” оғоз гардида, 31 ҳикояи хонданибобро дар худ ҷой додааст. Қаламроҳи эҷоди ин адиби рангинбаён ҳанӯз аз замони донишҷӯиаш, охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта манзури хонандагон гардида, дар қаламрави эҷоди бадеӣ соҳиби ҷойгоҳи пурарзиши хеш мебошад. Пайроҳаи эҷод ва тахайюлоти бадеии ин адиби хушзавқу хушкалом оғози солҳои навадуми садаи гузашта дар қалби ҳазорон хонандагони ҳушманди тоҷик маскану маъво гирифта, номаш дар қатори даҳҳо адибони кишвар зиннати саҳифаҳои муҳақиқони насри муосири давраи нав гардидааст. Силсилаи ҳикояҳои дар асоси ривояту устураҳои мардуми Бадахшони афсонавии тоҷик рӯичопомадааш: “Ишқи парӣ”, “Вуйд”, “Ёрдор” , “Амонат”, “Чарх”, “Асрори кӯҳи гӯштхӯр”, “Ривояти Беҷандара”, “Руъёи Балотах”, “Парвоз, “Даъват”, “Корномаи Қаландар” бо сабку услуб, тахайюли бадеӣ ва навгониҳояш шинохташуда, дар насри муосири тоҷик аз ҷониби муҳаққоқини адабиёт соҳиби баҳои баланд гардидаанд. Китоби “Ҳар давру ҳар мард”, ки бо номи яке аз қиссаҳои он номгузорӣ гардидаст, миёни хонандагони сершумор соҳиби ҷойгоҳи пурарзиши хеш буда, моро водор месозад, ки атрофи он чанд ҳарферо манзури хонандагон гардонем. Қиссаи аввали китоб бо номи “Ғӯраи сармозада” аз рӯзгори ҳазорранги донишҷӯёни солҳои ҳаштодуми асри гузашта манзараҳоеро рӯйи хотири хонанда ҷилвагар менамояд, ки хеле пуробуранги бадеӣ буда, муносибати байни ҳамсабақон хеле самимӣ мебошад. Самимият ва муҳаббати поки Хусрав, ки дар қисса бо як меҳрубонӣ, ҳалимӣ, нармдилӣ ва башардӯстӣ рӯйи саҳифа омадааст, воқеан ҳам, хонандаро вориди дунёи пур аз тазоди замони донишҷӯӣ намуда, ҳар ҷавоне, ки он рӯзгорро аз сар гузаронидааст, худро дар намои Хусрав дидан мехоҳад. Тарзи либоспӯшӣ, одобу расму русуми мардумии Хусрав, ки диққати аксари ҳамсабақонро ба худ ҷалб намудааст, нишона аз хонадони фарҳангсолор, ё худ шахсиятҳои фарҳангӣ ба дунё омадани Хусрав мебошад. Хусрав фарзанди замони хеш ва дар муҳити фарҳангӣ ва фаросати баланди мардумӣ тарбиятдида буда, намои офаридаи адиб симои барҷастаи ҷавонони аввалу охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта мебошад, ки давлати собиқ Шуравӣ онҳоро барои ояндаи созанда ва пурифтихори ватандорӣ тарбият намуда буд. Яқин, намои Хусрав ормонҳои созанда ва пурифтихори ватандории адиб мебошад. Қиссаи дуввуми китоб -“Ҷоду”, ки аз рӯзгори пурмоҷарои Ораз ва Аласта ҳикояти пуршӯру талхи рӯзгори пурпечутоби ба нокомӣ афтодаи Оразро бо шӯру қиём манзури хонандагон гардонидааст, дардҳои нуҳуфтаи рӯзгори мо буда, водор месозад, ки дар зиндагӣ одам бояд дурандеш ва некбин бошад. Намои Аласта ва Зайнаб ҳамон қудратҳои аҳриманӣ ҳастанд, ки бо ҳазорон макру ҳиял вориди қалби поки нафарони поксиришт гардида, ба хотири манфиат ва эътибори дуруғин хонаҳои пурэътибор ва рӯзгори осудаи мардумро доғдор менамоянд. Ин қиссаи дарвоқеъ, пурмоҷаро манзараҳоеро манзури хонандагон менамояд, ки саропо дарди ҷомеаи имрӯзаи мо буда, барои марҳам бахшидан ба ин дарди бедаво мебояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то ин ки рӯзгори бо ҳазорон орзуву ормони ба сӯйи фардои дурахшон оғозгардидаро аз ҳама хатарҳои шикаст эмин нигоҳ бидорем. Нависанда, ки ҳамқадами замон ва яке аз узвҳои пайвастаи ҳамин ҷомеа мебошад, ин дарди ҷонкоҳи рӯзгори “каждору марез” –ро хеле хуб ба қалам додааст. Қиссаи сеюми китоб, ки бо номи “Муноҷот” манзури хонандагон гардидааст, хеле самимӣ ва пурмуҳаббат рӯйи саҳфа омада, рӯзгори як ҷавони саропо садоқату муҳаббати покдоштаро манзури хонандагон мегардонад. Қаҳрамонҳои марказии асар Савсан ва Ҳаким буда, падари Савсан муаллим Раҳматов ва модараш холаи Парча хонадони пурэътибори деҳа мебошанд. Ҳамон рӯзгори охири солҳои панҷоҳум ва шастуми садаи гузашта, ки мардумро аз навоҳии кӯҳистони тоҷик ба хотири киштаҳои пахтаро васеъ кардан бо зӯрӣ муҳоҷир карда буданд, қиссаи ҷолиберо манзури хонандагон намуда, ҳаёти пуршӯри он замонҳо хеле пуробуранг рӯйи саҳфа омадааст. Хонадони Ҳаким як хонаводаи бечора, падараш бобои Маҷид, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, бо машаққат рӯзашонро мегузарониданд, барои хонадор намудани Ҳаким бо мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буданд. Ниҳоят, бо талошҳои зиёди Ҳакиму Савсан ва модари Савсанхолаи Парча онҳо бо ҳам хонадор мешаванд. Ҳамакнун қадамҳои нахустини оилавии онҳо ба остонаи ҳаёти нави муштарак гузошта мешавад. Зиндагии Ҳаким ва Савсан, чун дигар ҷавонони солҳои 60 ва 70-уми садаи гузашта бо ҳама шириниҳояш бо мушкилиҳое рӯ ба рӯ мегашт, ки барои онҳо ғайриинтизор буданд. Ҳамин тавр, баъд аз чанде замона дигар гашт. Он давлати абарқудрати Шуравӣ бо ҷурми чанд нафар раҳбаронаш аз байн рафт. Низову кашмакашиҳои гурӯҳиву сиёсӣ ва диниву қавмиву мазҳабӣ оғоз гардида, ин нооромӣ рӯзгори мардумро ташвишовар ва чароғи пурнури қалбҳои одамонро ба фардои дурахшон қариб, ки хомӯш карда буд. Ҳама дар ҳасрати амнияту осудагӣ ва барои зинда мондан талош мекарданд. Хонадони Ҳакиму Савсан низ ба ин мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардида, мисли дигарон мардум рӯзгори хешро пеш мебурданд. Ҳамин тавр, ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, Ҳаким ва Савсан ба Душанбе меоянд. Ҳаёт ва зиндагии мардуми шаҳрнишин ҳам дар он шабу рӯзи нооромиҳо ба мушкилоти зиёди иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, Ҳаким ба хотири Савсан ва фарзандонаш заҳмати зиёд мекашад. Як тараф мушкилоти иҷтимоӣ, аз сӯйи дигар саломатии Савсан ӯро хеле хастаҷону хастадил намуда буд. Вале муҳаббати пок ва садоқату вафодории Савсан ба ӯ неруву тавоноӣ мебахшид. Фарзандони онҳо Мижгона, Фаррух, Шоҳрух, Фарҳод ва Меҳрона қуввати дили падар ва марҳами дардҳои куҳнаи модар буданд. Аммо дарди бедармони Савсан авзои руҳии Ҳакимро хеле хаставу бечора намуда буд. Дар интиҳо Савсан Ҳакиму хонаводаашро ба сарнавишт гузошта, тарки олами ҳастӣ намуд. Ҳаким тӯли ҳашт сол баъд аз даргузашти Савсан ба болини сангини ӯ омада, бо фотеҳаву гулдаста зодрӯзашро муборакбод мегуфт. Муноҷоти Ҳаким пеши руҳи ба ҳақ пайвастаи Савсан ҳама орзуву ормонҳое ҳаст, ки имрӯз зиндаҳо ба қадрашон бояд бирасад. Ҳоло ки зиндаем, қадри ҳамдигарро бояд бидонем. Дӯст доштани хонавода ва арҷ гузоштан ба ҳамдигар шарти аввали инсонгароист. Хулоса, қиссаи “Муноҷот” моро даъват менамояд, ки ба қадри ҳам бирасем. Қиссаи чаҳоруми китоб бо номи “Зулмот” манзури хонандагон гардида, он аз рӯзгори ду ҷавон: Мардон ва Робия ба хонандагон аз ҳаёти сангини замони бесуботҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ва атрофи шаҳри Душанбе ҳикоятҳои пурдардеро рӯи саҳфа овардааст. Қисса аз рӯзгори воқеии замони бесуботиҳои оғози Истиқлол манзараҳоеро пешкаши хонандагон мегардонад, ки ҷавонони оғози солҳои навадуми садаи гузашта аксараш он рӯзгорро аз сар гузаронидаанд. Номаи Робия як духтар, як дилбар ва як зани ҷасуре мебошад, ки дар баробари даҳҳо мардони майдон барои ҳаёти худу шавҳараш мубориза мебарад. Ҳамин покиву поктинатӣ ва далериву тавонмардии бузурги руҳияш ӯро борҳо бо марг рӯ ба рӯ намуда, дар ивази ҷони ҷавонаш чандин касонро аз марг наҷот бахшидааст. Робия таҷассуми симои поки ишқ ва матонату қаҳрамонии як дилбари тоҷик мебошад. Намои Мардон бошад, ифодагари руҳи шикастнопазири ҷавонони ватанхоҳ ва миллатдӯсте ҳаст, ки нотавонбинони майдони далерӣ ва майдондорӣ ӯро шикаста натавонистанд. Яъне, ҳақиқат шикастнопазир буда, тимсоли тавоноии ормонҳои ояндасози ҷавонони бо нангу номуси Ватан мебошад. Қиссаи панҷуми китоб бо номи “Ҳар давру ҳар мард” дар маркази диққати хонандагон қарор гирифта, китоб низ чунин номгузорӣ гардидааст, ки ин бесабаб нест. Ҳамин мазмун ифодагари воқеаҳои пуртазоди рӯзгори мо буда, мо он қаҳрамонҳои асар - Илҳом, Шаҳриёр, Майс, Аҳмади Хол, “Бобаки Миллион”, Отахон Улмасов, Ғазанфар, Фурқат, Наим ва Довудро, ки нависанда воқеъбинона рӯйи саҳифа овардааст, сари ҳар қадам сураташонро дар ҳамин рӯзгор зиёд мебинему рӯ ба рӯ мешавем. Моҷароҳои ин қиссаи пуртазод ҳаёт ва рӯзгори ҷавонони замони нав - “ҷавонони тиллоӣ”-ие мебошанд, ки ба як гурӯҳи хурди “тавонмардон”-и молӣ дар хидмат буда, оқибат бо дасти ҳамон хоҷаҳо аз байн мераванд. Худи намои Бобаки Миллион ва Аҳмади Хол, ки хизматгори кадом як хоҷа мебошанд, воқеияти рӯзгори имрӯзаи “ҷавонони тиллоӣ” буда, симои ҷомеаи имрӯзӣ мебошанд. Новобаста аз он ки гузаштаи онҳо доғдор аст, ба хотири зиракӣ ва ҳиллаву найранг онҳоро хоҷагонашон, ки дар мақомҳои баланди қудратӣ ва молиявии ин ё он сохторҳои давлатӣ фаъолият менамоянд, пуштибонӣ намуда, дар рӯзи ноомад аз байн мебаранд. Ин воқеияти сармоядории имрӯзӣ аст, ки ин машинаи пурқудрат ҳеҷ раҳму шафқат надоранд. Нависанда кӯшидааст, ки ҳама воқеаҳои ба риштаи тасвир кашидааш дар намои Илҳом, ки қаҳрамони марказии қисса мебошад, таъсирбахшу хонданибоб барояд. Ва воқеият он аст, ки нависанда ба ин ҳадафи худ расидааст. Воқеияти дигар он аст, ки Илҳом низ аз ҳамон ҷавононе мебошад, ки корозмуда ва миёни ҳамсолону ҳамкорон соҳиби эътибори баланд буда, ба хотири ҳамин эътибор ӯро ба корхона ва коргоҳҳо ба кор даъват мекарданд. Ҳамин таҷрибаи зиёд ва эътибораш будааст, ки масъулияти бештар дар корхона бар души ӯ гузошта шуда, роҳбари корхона Отахон Улмасов ҷиянаш Майсро барои коромӯзӣ пеши ӯ мондааст. Қаҳрамони дигари қисса Аҳмади Хол, ки дар ҳалқаи Бобаки Миллион мақоми хоса дошт, Илҳомро аз таҷрибаи кориаш шинохт. Илҳом гуфт , ки Аҳмади Хол замоне ҳамроҳи ӯ кор кардааст. Илҳом бо ҳама таҷрибаи зиёд доштанаш дар корхона он эътибореро надошт, ки чанд нафар хушомадгӯёни раис доштанд. Ӯро ба хотири дониш ва таҷрибаи корӣ дар онҷо нигоҳ медоштанд. Намо (образ)-и Илҳом сурат ва сирати садҳо ҷавонони боистеъдоде мебошад, ки ба хотири рӯзӣ хидмати дуноне менамоянд. Ҳама нобарориҳои Илҳом аз дониш ва маҳорати баланди касбиаш дар рӯзгори нобаробари дунпарвар мебошад. Хулоса, ҳамин панҷ қиссаи хонданбоби китоб арзиши бадеии онро хеле баланд намуда, хонанда худро дар ҳалқаи ҳама қаҳрамонҳои қиссаҳои адиби рангинбаён Тоҳири Муҳаммадризо мебинаду мегӯяд: “Ӯ рӯзгори пуштипардагии моро нигоштааст”. Ҳанӯз замони донишҷӯӣ устоди зиндаёд, донишманди фарҳехтаи тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҳангоми дарси адабиёт дар перомуни бурду бохти адибони шинохтаи кишвар мегуфт: “Нависанда ва шоир фарзандони давру замони худ мебошанд. Ҳамқадами замон будан ва таҷассуми воқеъбинонаи адиб асараш бурди адиб буда, руҳафтодагӣ ва бечоранолӣ дар тасвирҳои офаридаи адиб бохти ӯ мебошад. Аз ин нигоҳ ва меъёри адабӣ, адиби хушкалом Тоҳири Муҳаммадризо дар қиссаву ҳикояҳои китоби “Ҳар давру ҳар мард” ҷамъовардааш ҳамқадами замон буда, тасвирҳояш воқеияти замон ва қаҳрамонҳояш дар муқобили нотавонию руҳафтодагӣ далеру тавонманд мебошанд. Ҳамин аст, ки нигоришаш соҳиби эътибори баланди бадеӣ буда, хонандагонаш ҳар ҳикояву қиссаҳои тозаэҷодашро ҳамеша интизорӣ мекашанд. Қисми дуввуми китоб, ки фарогири беш аз сӣ ҳикояҳои пурмуҳтавои хонданбоб буда, хонандаро вориди дунёи адиб мекунад, ҳикояҳои “Ишқи парӣ”, “Ёрдор”, “Вуйд”, “Амонат”, “Ривояти Беҷандара”, “Боша”, “Фаришта”, “Духтари шоҳи морон”, “Марсияи кӯҳистон”, “Бачаи шаҳр”, “Воқеаномаи рӯзҳои мо”, “Асрори кӯҳи гуштхӯр”, “Руъёи Балотах”, “Даъват”, “Хазинаи Шоҳ Ҷамшед”, “Қуллаи мурод” ва “Амакбачаҳо” ҳастанд, ки ба хонанда аз рӯзгори пурфасонаи мардуми Бадахшони афсонавӣ қиссаву ривоятҳои таърихӣ ва воқеие менамоянд, ки худ гувоҳи донандаи хуби суннатҳои миллии мо - тоҷикон ва навагони Ориёиҳои бузург будани адиб мебошад. Ҷумъахони Темурзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.