Модарон боғу баҳоранд10-03-2016, 15:45
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Вобаста ба иҷроиши ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо фаъолзанони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур дар маҷлисгоҳҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №71-и маҳаллаи Ховарон ва №29-и маҳаллаи Чиноро вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зуҳурова Заррина, Ширин Қурбонова-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, раисони маҳаллаҳои Чиноро 1 Аслан Мусофиров, Чиноро 2 Ҳавасмо Мирова, раиси ташкилоти ибтидоии “Ситора”-и маҳаллаи Ховарон Раҷабов Мудассир бо занони фаъоли ин маҳаллаҳо баргузор гардид.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова дода шуд. Мавсуф қайд намуданд, ки зани тоҷик имрӯз хело хушбахт мебошад, чунки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми занро дар ҷомеа баланд бардоштааст ва қонун тамоми ҳуқуқҳои занонро ҳимоя мекунад. Занони мо низ тавонистаанд, ки худро дар сафи родмардони шуҷои Ватан муаррифӣ намоянд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ барои пешбурди иқдомоти Ҳукумат дар ин самт пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Дар охир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои тарғибу ташвиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба занони фаъоли ин маҳаллаҳо кӯмакпулиҳо бо гулдастаҳо тақдим карда шуд. Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дарноҳияи Шоҳмансур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.