Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВМКБ: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФУРУҒ" ТАЪСИС ЁФТ

ВМКБ: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФУРУҒ" ТАЪСИС ЁФТ

5-05-2023, 09:31
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
ВМКБ: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФУРУҒ" ТАЪСИС ЁФТ

Дар Китобхонаи вилояти ба номи Абу Абдулло Рӯдакии шаҳри Хоруғ маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, муовини раиси Кумитаи иҷроия Гулдаста Орумбекова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо ҷонибдории аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва "Фурӯғ" номгузорӣ карда шуд. Ҳамин тавр бо овоздиҳии аъзои ҳизб Таҳмина Гулаёзова, раиси ташкилоти ибтидоии "Фурӯғ" интихоб гардид.
Раиси Кумитаи иҷроия Соҳибҷон Имомназаров зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи тозаву бунёдкору созанда ва навовар нафарони хирадманд, сиёсатмадорон ва халқи меҳнатқарину ватандӯстро ба ҳам сарҷамъ намуд. Давоми 29 соли фаъолияташ ҲХДТ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои мардумро ҳимоя карда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳалли масоили мавҷудаи ҷомеа саҳмгузор буда, сазовори эҳтироми халқу давлат гардидааст.
Ин ҳизб бо мақсади ифодаи азму иродаи мардум ташкил ва ҳамчун зодаи истиқлол рушд кардааст. Барномаҳои рушди мамлакат бо барномаҳои ҲХДТ пеш меравад ва дар амалӣ намудани онҳо саҳми ҲХДТ назаррас аст.
Дар Барномаи ҲХДТ дар масъалаи таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди шаҳрвандӣ оварда шудааст: “Вазифаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иртибот бо фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир вазъи геополитикии сайёра, хатарҳои терроризм, экстремизм, маводи мухаддир дар минтақа аз он иборат аст, ки барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд”.
Бояд қайд намуд, ки ҲХДТ ҳизби пешбарандаву созанда, бунёдкор ва воқеан ҳам, маҳсули мактаби сиёсии Пешвои миллат аст. Имрӯз мардум ба ин ҳизб ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоду эҳтиром ва муҳаббати зиёд доранд.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир, таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди онҳо, таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии давлату миллат ба ҷаҳониён, эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар самти ҳифзи марзу буми кишвар, ҳамчунин, таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, аз қабили садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи шарафмандона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлол бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ байни ҷавонон ва пос доштани чунин вазифаҳо таъкид намуд.
Зимни суханронӣ аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бевосита бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ёдоварӣ гардида шуда, таъкид шуд, ки: “Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ мегардад. Воқеан, қабули қатъномаи мазкур дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои зарурӣ андешад”.
Ҳамзамон, дар раванди ҷаласа масъалаҳо вобаста ба риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва оид ба даъвати навбатии баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми маҷлис ба нафароне, ки ба сафи аъзои ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар пиёда гардонидани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барнома ва Оинномаи ҲХДТ ташкилотҳои ибтидоӣ нақши калидӣ мебозанд. Аз ин лиҳоз, дар чор моҳи аввали соли 2023 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ҳафт ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав таъсис дода шуда, Кумитаи иҷроияи номбурда тасмим гирифт, ки дар рӯзҳои наздик аввалин Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ бо фарогирии 350 аъзои ҳизб дар ВМКБ таъсис диҳад.

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА


Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Конфронси илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - кафолати зиндагии шоистаи тамоми сокинони сайёра» бахшида ба ташаббуси 5-уми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Конфронсро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз Пӯлодҷон Ватанов ифтитоҳ намуда, доир ба ташаббуси 5-уми Пешвои миллат оид ба эълон гардидани соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иброз доштанд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ташаббусҷои саривақтӣ ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаётан муҳим ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, аз ҷониби тамоми давлатҳои аъзои созмон якдилона дастгирӣ ёфтанд.
Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2003 – “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 – “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018 – 2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус эълон гардидани соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва рӯзи 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мебошанд. Инчунин, мувофиқи қатъномаи мазкур соли 2025 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки иқдомҳои пешгирифташуда на танҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон, балки ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, инчунин муҳофизати пиряхҳо нақши муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат бо ибтикороти ҷаҳонии хеш тавонистанд, ки миллату халқиятҳои гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилоти сайёра муттаҳид карда, аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи соҳибтамаддуни тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва тарғиб намоянд.
"ХИЗМАТИ ИН ВАТАН АГАР, МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!"
ВМКБ: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФУРУҒ" ТАЪСИС ЁФТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон мерасонад. Аз ҷумла, бо мақсади самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин дар доираи аксияи ноҳиявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони "Хизмати ин Ватан агар ман накунам, кӣ мекунад?!" бо ҷалби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан бо усули "кӯча ба кӯча" варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуданд.
Дар варақаи тарғиботиву ташвиқотӣ таҳти унвони "Ба Ватан содиқам!" аз ҷавонони бонангу номуси ноҳия даъват ба амал оварда шудааст, ки қарзи фарзандии худро дар назди Модар-Ватан иҷро намоянд.
Зеро хизмат ба Ватан нишонаи садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамини биҳиштосо мебошад.
Чорабиниҳо дар доираи аксияи "Хизмати ин Ватан агар ман накунам, кӣ мекунад?!" дар ноҳияи Деваштич идома дорад.
РӮЗИ ҲИЗБИИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ҲХДТ оид ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави корӣ тайи 2 сол аст, ки дар вилоят таҷрибаи неки гузоронидани Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ мегардад, ки дар он раисон ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, фаъолон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади шиносоӣ аз кору фаъолият, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ дар Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок мекунанд.
Ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, раисон ва кормандони масъули дар шаҳру ноҳияҳо, фаъолони ҳизб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз Кумитаи иҷроияи шаҳр боздид намуданд.
Нахуст, қабули меҳмонон аз ҷониби раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, роҳбарону фаъолони шаҳр ва кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар назди майдони “Парчами давлатӣ” сурат гирифта, ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчамбар гузошта шуд. Пас аз гулчамбаргузорӣ акси хотиравӣ дар пояи Парчам гирифта шуд.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон раиси шаҳри Бӯстон зимни суханронӣ зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёсӣ ва бонуфузи кишварамон буда, зери роҳбарии Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, аъзои он рӯз ба рӯз дар шаҳр зиёд гардида, нуфузи он боз ҳам боло рафта истодааст.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар баромади хеш афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардум рисолати худро иҷро намуда, барои иҷрои вазифаҳои оинномавию барномавии худ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муассир мегузорад. Инчунин, қайд карда шуд, ки барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас, дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, баргузории чорабиниҳои ҳадафманд ва дигар амалҳои нек фаъолияти худро ҷоннок намоянд.ВМКБ: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФУРУҒ" ТАЪСИС ЁФТ
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода мақсад ва вазифаи баргузории Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳоро яке аз василаҳои нави таҷрибаандӯзӣ ва беҳтар намудани фаъолияти дохили ҳизбӣ унвон намуд. Ҳамчунин, иқдоми мазкурро яке аз амалҳои нек арзёбӣ карда, қайд намуд, ки роҳандозӣ намудани корҳои ҳизбӣ оид ба баргузории “Рӯзи ҳизб” дар шаҳру ноҳияҳо барои ҷоннок намудани корҳои дохилиҳизбӣ, беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, қабули босифати аъзо ба сафи ҳизб, баргузории чорабиниҳоии ҳадафманд бо усули табодули таҷриба натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.
Пас аз мулоқот гурӯҳи ҳизбиён дар маҷлиси таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии “Заргар” дар КФ «Заргарӣ, зардӯзӣ ва коромӯзӣ Зари Суғд” ва “Ворисони илм” дар Муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии “Ворисони илм” дар шаҳри Бӯстон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Пас аз ифтитоҳи ташкилотҳои нави ибтидоӣ меҳмонон аз корхонаи саноатии шаҳр бо номи ҶДММ “Тоҷфилиз”, ки ба истеҳсоли наздик 200 намуд мех ва мехҳои печон машғул аст, боздид намуда, бо коргарони он суҳбату мулоқот карданд.
Дар ҷамъбасти баргузории Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ба чунин таҷрибаи неки ҳизбиёни вилоят баҳои баланд дода, дар оянда низ барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ, дастгирии қишри ниёзманд, табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои мухталифи ҳадафмандро ба мақсад мувофиқ донистанд.

НАҚШИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ҲИФЗИ БАҚОИ МИЛЛАТ

Дар доираи Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, оид ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 - “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистидошта вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, сардори Раёсати таъминоти иттилоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа – Нусрат Зокирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Убайдулло Қурбонзода сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ, алалхусус таҳдиди хатарҳои замони муосир моро лозим аст, ки ба арзишҳои миллии хеш бештар арҷгузор бошем.
Сипас Абдухалил Ғафурзода зимни суханронӣ афзуд, ки “рисолати ҳар яки мову шумо ин нигоҳ доштани фазои тинҷу ороми Ватани азизамон буда, дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар ҳисси худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Сокини пойтахт будан шарафи бузург буда, дар айни замон масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб менамояд. Мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошем ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоем”.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.

КОНФЕРЕНСИЯИ XIX-И ҒАЙРИНАВБАТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

ВМКБ: ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФУРУҒ" ТАЪСИС ЁФТ
Дар Конференсияи XIX-и ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Конференсия раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, собиқ раиси шаҳр, узви Кумитаи иҷроияи ҳизб Раҳмоналӣ Амирзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳою собиқадорони ҳизб иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода доир ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳр дар се моҳи аввали соли равон ҳисобот дода, аз ҷумла қайд кард, ки ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Ваҳдат баҳри таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода, мунтазам дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрию мулоқотҳо ва маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, сиёсӣ, варзишӣ гузаронда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия мекунанд.
Ҳамзамон ӯ зикр намуд, ки беморону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои аскарони дар задухӯрди наздисарҳадӣ бо Қирғизистон шаҳидгаштаро низ доимо аёдат карда, кумакҳои моддӣ мерасонанд ва ду нафар маъюби модарзод бо нафақаи доимӣ таъмин карда мешаванд. Аз рафти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ пайваста дар сомонаи ҳизб хабару гузоришҳо пахш карда, дар матбуоти даврӣ низ мавод ба табъ расонида мешавад. Натиҷаи ҳамин корбариҳост, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизб аз 190 ба 195 адад расонида шуда, шумораи аъзои ҲХДТ ба 9000 нафар баробар шуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият доштани ташкилотҳои ҳизбӣ маслиҳату дастурҳои муфид дод. Мавсуф аз ҷумла таъкид намуд, ки барои дар ҳамаи самтҳо ба пешравии комил ноил гаштан зарур аст, ки дар он соҳаҳо аъзои ҳизб фаъолият дошта бошанд. Дар ҳамин сурат метавонем, ки ба ҳадафҳои ҲХДТ, ки созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба зиндагии хубу шоиста аст, бирасем. Ба ҳамин хотир, дар қабули аъзои нави ҳизб бояд ба сифатнокии онҳо бештар диққат диҳем, шахсони пешсафу арзандаро қабул намоем.
Аз рӯи масъалаи дуюми Конференсия, раиси шаҳр, узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода номзадии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзодаро аз ҳавзаи интихоботии “Пистамазор”, №32 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуд. Вобаста ба ин масъала котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дардошно” Саодат Ҳоҷибоева баромад намуда, фаъолияти назарраси Ислом Ҳайдарзодаро солҳои фаъолият дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр ва раисии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба иштирокчиёни Конференсия муаррифӣ намуд. Бо ҷонибдории ҳамаи вакилони Конференсия номзадии Ислом Ҳайдарзода ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат қабул карда шуд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои ҷорӣ ва муайян кардани вазифаҳои минбаъдаи аъзои ташкилотҳои ҳизбӣ Мирзо Исмоилзода, Асрор Латифзода ва Раҳмоналӣ Амирзода ба чанд нафар аъзои нави ҲХДТ ботантана шаҳодатномаҳои узвиятро супориданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: