Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

22-02-2023, 07:15
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан
«Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 30 сола мешавад. Аз солҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз артиш ба пешравиҳои зиёд ноил гашт. Артиши миллӣ дар солҳое таъсис ёфт, ки Тоҷикистон нав истиқлол ба даст оварда буд ва барои таъсисёбии он мушкилиҳои зиёде вуҷуд доштанд. Аммо, ниҳоят, 18-уми декабри соли 1992 аз љониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор "Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид. Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе аввалин гузашти низомӣ гузаронида шуд, ки аз он замон то ин ҷониб ин рӯз ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таљлил мешавад.
Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Љумҳурии Тољикистон» аз 28 декабри соли 2005, Қувваҳои Мусаллаҳи Љумҳурии Тољикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Љумҳурии Тољикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.
Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои ташкили љузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст. Фаъолияту дастовардҳои артиши мамлакатро дар тӯли 30 соли таъсисёбӣ метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат бахри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зараи хоки диёр номид. Нақши Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди ин ниҳоди зарурӣ беназир аст. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзҳои аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намондаанд. Афсарону сарбозони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи љамъиятию сиёсии кишвар ва ҳимояи сохти конститутсионӣ љасорату мардонагӣ нишон доданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳазорон љавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбӣ рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иљро менамоянд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро љавонон ташкил медиҳанд. Пас, вазифаи насли ҷавони кишвар адои ин мактаби мардонагист, зеро хизмат ба ватан қарзи ҷавонмардон аст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд, шукронаи истиқлолу Ватани обод намоему дар рушду нумӯъ ва гулгулшукуфии мамлакат саҳми намоёни худро гузорем.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: