Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АРТИШИ МИЛЛӢ – БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

АРТИШИ МИЛЛӢ – БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

3-03-2022, 08:59
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
АРТИШИ МИЛЛӢ – БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми декабри соли 2005, таҳти №141, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар баробари дигар унсурҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Давлат, ки ҳадафи асосиаш танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлол мебошад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рў, дар рў ба рўи падидаҳои номатлуби аср, махсусан терроризм, эксремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди қувваҳои мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурати ҳар давру замон аст.
Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрўз дар баробари дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкил кардани фаъолияти самараноки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар назди худ қувваҳои мусаллаҳи кишварро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро ба роҳ монда, шароити мусоид ҷиҳати таъмини стратегияи мазкур муҳайё гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандўстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рўзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хўрдани низоми шўравӣ ва ба истиқлол расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин, ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошўравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шўравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташкил карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкилиАртиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурўҳҳои манфиатҷў, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки имрўз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар таърихи 26-уми январи соли 2021 чунин иброз намуда буд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрўз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рўҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрўз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Қайд кардан зарур, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рўҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои ҷуғрофию сиёсии минтақа имрўз тақозо менамояд, то аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, бояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми кишвар ва шаҳрвандони онро ҳимоя менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Имрўз ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рўҳияи шуҷоату мардонагӣ ва ҳимоят аз арзишҳои миллию давлатӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ фаъолият дорад, ки донишҷўёни курси чорум пас аз хатми донишгоҳ ва кафедра метавонанд ба муддати як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмат намоянд. Дар баробари ин, онҳо зимни машғулиятҳо дар ин мактаби шуҷоату матонат дар рўҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, содиқ будан ба Ватану миллат омода гардида, барои саҳм гузоштан дар таъмини амният ва оромии ҷомеа сафарбар карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: