Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» МУҲАММАДТАҚӢ СОБИРӢ: “ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОЙГОҲИ БОЛОЕ БАРХӮРДОР АСТ”

МУҲАММАДТАҚӢ СОБИРӢ: “ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОЙГОҲИ БОЛОЕ БАРХӮРДОР АСТ”

3-02-2023, 07:13
Хабарро хонданд: 48 нафар
Назарҳо: 0


Кишвари Эрон соҳиби яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ дар тули таърих мебошад. Мардум ва давлати Эрон дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта дастовардҳои фаровони илмӣ, иқтисодӣ ва технологиро ба даст овардааст, ки дар арсаи худкифоии маҳсулоти кишоварзӣ, тавлидоти саноатӣ, нанотехнология, энергияи сулҳомези атомӣ ва ғайра зоҳир шуда, омору рақамҳои муассисоти муътабари байналмилалӣ ҳикоят аз пешрафт ва тавсеаи ҳамаҷониба, бахусус дар арсаи илмӣ ва технологӣ дорад. Ҷавонони Эрон тавонистаанд дар бисёре аз арсаҳои илмӣ ва технологӣ дар рутбаҳои аввали ҷаҳонӣ қарор гиранд.

Ду даҳа аст, ки растохези илмӣ дар кишвар оғоз шуда, ёздаҳ баробари шитоби рушди миёнаи илм дар ҷаҳон ба пеш рафтааст. Дастовардҳои дониш ва технологияи мо дар ин муддат, ки моро ба рутбаи шонздаҳум дар миёни беш аз дусад кишвари ҷаҳон расонид ва мояи шигифтии нозирони ҷаҳонӣ шуд ва дар бархе аз риштаҳои ҳассос ва навпадид ба рутбаҳои нахустин иртиқоъ дод, дар зинаи чаҳоруми ҷаҳон дар илми техникаи роботӣ истода, дар саноати фӯлод ба зинаи даҳуми ҷаҳон расидаем. Албатта, бояд ёдоварӣ кард, ки дар саноат низ Эрон тавони тавлиди конструксияҳои бузурги баҳриро ба даст оварда, дар саноати баҳрӣ низ дар рутбаи сездаҳуми ҷаҳон мебошад ва ин дар ҳолест, ки бо шитоби 11 баробарӣ рутбаи дуввуми рушди илм дар дунё ва рутбаи нахустини шитоби илмии ҷаҳонро касб кардаем.
Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистааст рутбаи ҳафтуми ҷаҳон дар тавлиди нону дору ва рутбаи чаҳоруми дунё дар илми навини наноро касб намояд. Ҳамчунин, унвони дуввумин кишвари тавлидкунандаи доруҳои навтаркиби гемофилӣ мақоми 7 ва 8 дар дунёро ба худ ихтисос дода, тавонист дар ҷамъи 5 кишвари созандаи лазерҳои пуртавон дар ҷаҳон қарор бигирем, ҳамчунин, дар ин миён рутбаи чаҳоруми дунё дар тавлиди улуми дармони ноборварӣ ва рутбаи понздаҳуми ҷаҳон дар чашмпизишкӣ ба Эрон расидааст. Бо ин тавонмандиҳо ҷузви 10 кишвари бартари дунё дар ҷарроҳиҳои қалб ва даричаи қалб ҳастем.
Дар ҳоли ҳозир занони кишвар дар арсаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, варзишӣ, ҳунарӣ ва ғайра ба таври фаъолона ва озодона ба нақшофаринӣ мепардозанд. 55 дарсади донишҷӯён, 40 дарсади пизишкон ва 33 дарсади аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳои Эрон (тадриси 21 ҳазор узви ҳайати илмии зан дар донишгоҳҳо)-ро дар ҳоли ҳозир занон ташкил медиҳанд.
Солҳои зиёдест, ки нақш ва ҷойгоҳи фавқулодаи Эрон дар ҷаҳон ба унвони муассиртарин кишвар дар хати аввали мубориза бо маводи мухаддир мавриди тасдиқ ва эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ қарор мегирад. Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони наздиктарин масири транзити маводи мухаддир то Аврупо, ки бозори аслӣ ва мақсади ниҳоии қочоқчиён аст, бо талаф додани беш аз 3800 шаҳид ва 12 ҳазор маъюби ҷанг ва таҳмили хароҷоти як миллиард долларӣ дар ҳар сол барои баста нигоҳдории марзҳо дар шарқ ва ғарби кишвар, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз қочоқи мавод ба кишвар ва убури он ба дигар кишварҳо анҷом мешавад, тавонистааст беш аз 12 ҳазор навъи маводи мухаддирро тайи се даҳаи охир кашф намояд.
Кишвари Эрон аз зарфиятҳои бисёр болое барои рушд ва густариши сайёҳӣ бархӯрдор аст. Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, Эрон ҷузви даҳ кишвари аввали ҷозибаҳои бостонӣ ва таърихӣ мебошад ва рутбаи панҷуми ҷозибаҳои табииро низ дар ҷаҳон доро аст.
Мероси тамаддунӣ, фарҳанги пуровозаи ин куҳандиёр ва ҷозибаҳои камназири сайёҳии он ҳамвора забонзади эроншиносон ва маркази таваҷҷуҳи миллатҳои фарҳехтаи дунё ва макони ҷолиб барои сайёҳони алоқаманд аз саросари гетӣ будааст.
Сиёсати хориҷии низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар арсаи байналмилалӣ мунодӣ ва мудофеи сулҳ ва адолат, ақлоният, истиқлол ва ради ҳар гуна табъиз, таҷовуз, мудохила ва султаи хориҷӣ будааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши беҳамтое дар таъмини субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон бо ҷонфишононии қаҳрамонона дар сафи муқаддами мубориза бо падидаҳои шуми терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва пардохти баҳои сангини маънавӣ ва моддӣ доштааст.
Дар ҳоле ки кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар талош мекунанд, то ба ҳар тариқи мумкин аз пазириши паноҳандаи ҷадид дар кишвари худ худдорӣ кунанд, бар асоси эъломи комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар тӯли яку ним соли охир, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳудуди як миллион нафар паноҳҷӯи нав пазириш кардааст. Лозим ба зикр мебошад, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 6 миллион нафар паноҳҷӯ аз дигар кишварҳо меҳмони ин кишвар ҳастанд.
Ҳукумати Ҷаноби оқои Раисӣ, бо иттихози барномаҳои таҳаввулгаро ва сиёсати хориҷии мутавозин, дипломатияи фаъол ва таомули ҳушманд, авлавияти худро бар густариши муносиботи хориҷӣ бо минтақаи Осиё, кишварҳои дӯст ва муомилакунанда, хусусан ҳамсоягон қарор додааст. Дар айни ҳол давлат тасмим гирифтааст равобити мутавозин ва хуби худро бо кишварҳои дигар манотиқ густариш диҳад.

Равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёдшуда бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ аст, чунон ки дар Паёми табрикии чанд рӯз қабли Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон - Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Ҷаноби оқои доктор Сайидиброҳим Раисӣ - Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам омадааст, аҳамияти зиёде барои ҳар ду кишвар дошта ва уфуқи равшане дорад.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст. Мақоми муаззами роҳбарии исломии Эрон аз равобити ду кишвар ба «равобити хешовандӣ» ёд намудаанд ва ба далели аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби оқои доктор Раисӣ - Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин кишварро ба унвони мақсади аввалини сафари хориҷии худ интихоб кард. Ҳамчунин, Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон - Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъбири «гӯшту нохун» барои тавсифи пайвандҳои Эрон ва Тоҷикистон истифода кардаанд.
Сафарҳои расмии сарварон ва дигар мақомоти баландпояи ду кишвар аз соли 1992 то кунун гувоҳи эҳтимоми ҷиддии тарафайн барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф будааст. Ин дидорҳо уфуқҳои васееро барои равобити беҳтари байни ду кишвари бародар кушудааст. Аз замони барқарории равобити сиёсии ду кишвар то кунун, президентҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон 13 бор аз Тоҷикистон дидан кардаанд ва мутақобилан Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 бор ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намудаанд.
Сафари таърихии Ҷаноби оқои доктор Раисӣ - Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021-и мелодӣ, ки бо истиқболи гарми мақомоти муҳтарами давлати Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд, гардиши куллӣ ва оғози фасли навине дар ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Теҳрон ва Душанбе буд.
Дар посух ба сафари Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон - Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2022 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари таърихии ба ёд монданӣ анҷом доданд. Дар ин сафар дидорҳо ва гуфтугӯҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олирутбаи кишварамон ва ба таври хос мулоқоти эшон бо мақоми муаззами раҳбарӣ, ки дар фазои самимият, дӯстӣ ва бародарӣ баргузор шуд, муҳри тасдиқ баркушуда шудани сафҳаи ҷадид дар равобити ду кишвар дар як соли гузашта буд. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин ду сафар 25 санади ҳамкорӣ байни мақомоти ду кишвар ба имзо расид, ки аз ҷумла онҳо «барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ» буд.
Шоёни зикр аст, ки тайи як соли охир ҳудуди 40 ҳайати олирутба дар ҳавзаҳои мухталифи равобити байни ду кишвар табодул шудааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон, ки саҳми пешгомонае дар кӯ мак ба тақвияти зерсохтҳо ва тавсеа ва шукуфоии ин кишвари зебо доштааст, аз пешрафтҳои рӯзафзуни Тоҷикистони азиз дар сояи тадбиру иродаи мақомоти олирутбаи ин кишвар хурсанд буда ва муфтахар аст, ки дар идомаи иқдомоти зербиноии ширкатҳои эронӣ, ҳамчунон, дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон ва минтақа мушорикати фаъол доранд.
Дар муддати 31 сол ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, техникӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он заминаҳои аслии ҳамкории байни вазоратхонаҳову созмонҳо ва ширкатҳои ду кишвар мушаххас шудаанд, дар тавсеаи равобити дуҷониба, махсусан ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст ва то кунун 15 нишасти ин комиссия дар шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе баргузор шудааст, ки охирини он дар моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Теҳрон доир гашт.
Дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш аз он будем ва имсол низ бо иноят ба иродаи мақомоти олирутбаи ду кишвар ва чораҳои андешидашуда шоҳиди рушди чашмгире дар муносиботи иқтисодии байни ду кишвар хоҳем буд. Дар ростои осонсозии сафари шаҳрвандон ва сайёҳони ду кишвар, тайи се соли охир се хати парвози мустақими ҳафтагӣ байни Эрон ва Тоҷикистон барқарор шудааст.
Мехоҳам бо ифтихор баён кунам, ки дар тӯли як соли гузашта равобити фарҳангии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иртиқои чашмгире ёфт. Дар моҳи октябри соли 2022 ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳрҳои Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор шуд ва дар моҳи ноябр низ шоҳиди баргузории ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб будем.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ, монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хубе доранд ва аз мавқеи якдигар дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пуштибонӣ мекунанд.
Итминони комил дорем, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровон ва зарфиятҳои мукаммал, Эрон ва Тоҷикистон шоҳиди тақвияти ҳамкориҳо ва густариши рӯзафзуни равобити ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем буд.
Ба унвони намояндаи миллати бузурги Эрон ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон менамоям, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: