Мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ 08.01.2022 16:00, шаҳри Душанбе8-01-2022, 17:00
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 36
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт. Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ омадааст: «Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Раис, Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷониб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати рӯйдоди хотирмон барои мардумони ду кишвар – 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бипазиред. Кишварҳои мо, тайи ин давра, ба мақсади дастрасӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои созанда, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкориҳои фарогир ва таъмини дурнамои самараноки густариши онҳо мунтазам тадбирҳои амалӣ андешидаанд ва мо идомаи талошҳои ду кишварро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ мекунем. Тоҷикистон ҳамвора ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи кишварҳоямон дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод, коркарду татбиқи тарҳу барномаҳо ва чораҳои созгор барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо мебошад. Итминон дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди содиқонаву якҷояи ҷонибҳо мо метавонем муносибатҳои ду кишвари дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангиро бо натиҷаҳои бештар назаррас ва ҷавобгӯи манфиатҳои волои мардумонамон ғанӣ гардонем. Умедворам, ин соли ҷашнӣ бо дастовардҳои навини худ муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародарро рангин хоҳад кард. Бо таҷдиди табрикоти хеш ба Ҷаноби Олӣ аз даргоҳи Худованд сиҳатмандии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Эрон – сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии беш аз пеш хоҳонам». Дар барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст: «Салом алайкум. Фаро расидани сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми кишваратон самимона табрик мегӯям. Хушбахтона дар тӯли се даҳаи гузашта, ду кишвар бо баҳрагирӣ аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавонистаанд ба сатҳи бисёр болое аз муносибот дар арсаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ даст ёбанд, ки албатта бо дар назар гирифтани зарфиятҳои азими ду кишвар, имкони боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо, махсусан дар бахшҳои иқдисодӣ ба нуқтаи матлуб вуҷуд дорад. Дар ин росто бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои аввалин дидори расмии инҷониб аз кишвари зебои Тоҷикистон, ду тараф тавофуқ карданд, ки заминаҳои лозим барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои иқдисодӣ дар барномаҳои кории муҳими масъулини дахлдор қарор гирад ва фасли ҷадиде аз робитаҳои ҳамаҷониба бо пуштибонии эътимоди сиёсӣ шакл гирад. Умедворам, бо таваҷҷуҳ ба азму иродаи сиёсии мавҷуд ва дар сояи талошҳои муштарак, шоҳиди тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо дар ростои таъмини манфиатҳои мутақобили ду миллати Эрону Тоҷикистон бошем. Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб, хонаводаи муҳтарам ва беҳрӯзии мардуми азиз ва шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам». facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.