Мусобиқаи варзишӣ байни ҷавондухтарон10-03-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Шуъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади иҷроиши Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти тадбиқи сиёсати гендерӣ ва тадбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин баланд бардоштани ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳарчӣ бештар ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, баланд бардоштани дониши зеҳнӣ ва рушди тарбияи ҷисмонӣ байни ҷавондухтарони коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Хуҷанд аз рӯи намуди волейбол мусобиқаи варзишӣ доир намуданд.
Дар мусобиқа дастаи ҷавондухтарони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал гардиданд ва ҳарду даста бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.