Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Оғоз курси бозомӯзӣ барои ҳизбиёни ҷумҳурӣ

Оғоз курси бозомӯзӣ барои ҳизбиёни ҷумҳурӣ

13-02-2023, 11:39
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Оғоз курси бозомӯзӣ барои ҳизбиёни ҷумҳурӣБо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ ва мушаххас намудани самти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи имрӯза, аз 12 то 24 феврали соли 2023 курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил гардидаст.

Дар асоси барномаи курси мазкур, баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, нишасти матбуотӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, боздид аз ташкилотҳои ҳизбии пойтахт ҷиҳати таҷрибаомўзӣ ва шиносоӣ аз мавзеҳои таърихии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, ҳамчунин чорабиниҳо вобаста ба тарбияи ҳарбӣ ватандўстӣ, ки аз супоришҳои бевоситаи Ҷаноби Олӣ бармеояд, дар назар дошта шудааст.

Бояд зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сарвари онро кулли сокинони кишварамон ба унвони “мардумӣ” эътироф карданд ва дар асоси иродаю боварии самимӣ атрофи онҳо мутаҳҳид мешаванд. Унсури асосии мутаҳҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун сохтани ҷомеа пеш аз ҳама дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа инъикос ёфта, мушкилоту проблемаҳои мардум дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб қарор доранд. ҲХДТ аз лиҳози корбарӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сиёсати байналмилалӣ ба сатҳу марҳилаи нав ворид гардида, аз ин рў кормандони масъули ҲХДТ ва аъзои ҳизбро мебояд фаъолият ва интизоми ҳизбиро низ дар сатҳу сифати нав ба роҳ монанд. Мақсади гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ, боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо, корхонаву муассисаҳое, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар онҳо амал мекунанд, фаъолтар намудани кори онҳо ва баланд бардоштани донишҳо ва фаҳмишҳои сиёсии аъзои ҳизб мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун ба нерӯи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад. Қобили зикр аст, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ волову муассиртар гардида истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: