Аз 7 то 10 августи соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон курсҳои бозомӯзӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизбӣ доир гаштанд. Гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Наимов Маҳмадулло, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб сафар намуда, дар ҳошияи барномаи мазкур дар маҳал бо аъзои ҳизб вохӯрӣ гузарониданд.
Гуфта шуд, ки гузаронидани чунин курсҳои бозомӯзӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бори нахуст шурӯъ аз таърихи 24-солаи ҲХДТ мебошад. Пеш чунин курсҳо бо раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ сурат мегирифтанд. Доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сухан ронда, аз ҷумла чунин гуфт:
-Мо бояд дар назар дошта бошем, ки ҲХДТ қувваи бузурги сиёсиест, ки метавонад ҷомеаро ба самте ҳидоят ва раҳнамун созад, ки ба манфиатҳои милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созгор аст. Барномаи ҳизби мо барномаи соҳавӣ нест ва он фароху густурда буда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва давлатро фаро мегирад.
Вазифаи мо, чун масъулони ҳизбӣ аз роҳнамоии мардум ба созандагиву бунёдкорӣ, эътимод бахшидан ба мардум барои фардои нек, рушд ва нигаҳдории анъанаҳои давлатдориву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик, муҳайё сохтани заминаҳои рушди устувор дар тамоми самтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст. Мо механизми тақвияти робита бо маҳалро таҳия кардем, ки тибқи он фаъолон бояд ҳар нимсола бо мардум оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб суҳбату вохӯриҳо гузаронанд. Барои он ки дар маҳалҳо шаҳрвандон аз фаъолият ва самтҳои аыфзалиятноки ҳизб огаҳӣ пайдо кунанд, нақши ҳизб дар маҳал дар ҳалли проблемаҳои сокинон густариш ёбад ва тавассути ҳизб бо мақомотҳои давлатӣ иртибот дошта бошанд, дар ин ҷо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташкил карда шуданд. Вазифаи ташкилотҳои ибидоӣс дар ҷойҳо-маҳалла, корхона ва муассисаҳо аз ин иборат аст, ки идеологияи соҳавии худро ба роҳ монанд ва ин идеология ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, пос доштани таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ бояд равона карда шавад.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҳамчунин оид ба хатарҳои муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ҷалб намудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сухан ронда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар самти ба роҳ мондани корҳои тарбиявию таблиғотӣ миёни ҷомеа, махсусан қишри ҷавони он боз ҳам фаъолтар бошанд.
Мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло дар мавзӯи «Татбиқи қарорҳои Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани донишҳои сиёсии фаъолони ҳизбӣ дар маҳал кӯмак намуда, ҳаллу фасли масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷойдоштаро осон хоҳад кард:
-Имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки талабот ба фаъолияти ҳизбӣ рӯз то рӯз афзун мегардад, чун Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қувваи пешбари ҷомеаи мо бори масъулиятро ба дӯши хеш гирнифтаст. Дар фазои сиёсии кишвар 7 ҳизби гуногун фаъолият мекунанд, аммо ҲХДТ ягона ҳизбест, ки боварии кули мардумро соҳиб шуда, «ҳизби аксарияти парлумонӣ» аст, чун 40 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ҳизби мо ҳастанд. Ҳамчунин аксарияти вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи вилояту шаҳру навоҳии кишвар низ. Ҳамаи ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки шаҳрвандони мо ба фаъолияти ҲХДТ баҳои боадолатонаву арзанда дода, барномаи ҳизб ҳамчун барномаи амали Ҳукумати кишвар пазируфта шудааст ва ин амри воқеист. Ва ҳамаи ин аз мо талаб мекунад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои созандаи ҳизб кӯшишҳои худро дучанд созем, обрӯ ва нуфузи онро дар ҷомеа зиёд кунем. Исбот гардидааст, ки ҳамон ҳизбе муваффақият пайдо мекунад ва дастболо мегардад, ки ирода, хоҳиш ва ормонҳои мардумро дар барномааш дошта бошад ва онро сармашқи фаъолияти хеш қарор бидиҳад. Аз мушкилоти мардум хабардор бошад ва ҷиҳати ҳалли он саъю кӯшиш намояд. Имрӯз барномаи ҲХДТ тамоми самтҳои ҳаёти кишварро фарогир аст.
Мақсади гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ, боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо, корхонаву муассисаҳое, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар онҳо амал мекунанд, фаъолтар намудани кори онҳо ва баланд бардоштани донишҳо ва фаҳмишҳои сиёсии аъзои ҳизб дар маҳалҳо мебошад. Итминон дорем, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ қайд кард, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо дар маҳал барои боз ҳам хубтар дарк кардани барномаҳои созандаи ҳизбу ҳукумат аз ҷониби фаъолон ва саривақт расонидани моҳият ва мазмуни ин барномаҳо ба шаҳрвандон аст:
-Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки барномаву стратегияҳои ҳукумат барои рушди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум марҳила ба марҳила амалӣ гардида, самараи худро дода истодаанд. Дар ҳалли 3 ҳадафи стратегӣ-ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯз гомҳои муассир гузошта шуда, имрӯз Тоҷикистон акнун он кишвари баъдиҷангии дорои мушкилоти зиёд нест, ки фасли сармо аз сабаби бастани ағбаҳо ба 3 пора тақсим буд ва қисми зиёди кишвар чандин моҳ дар 1 сол аз истифодаи пурраи қувваи барқ бенасиб буданд. Акнун ҳамаи ин таърих аст. Бо роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва коммуникатсионӣ мо тавонистем қисмати умдаи ин мушкилотро ҳал кунем ва дар ин самт корҳои бузург боз ҳам идома доранд. Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ҳам метавон чунин гуфт-имрӯз кишвар қариб тамоми номгӯи маҳсулоти ғизоиро истеҳсол мекунад ва корхонаҳои ватанӣ дар таъмини бозори дохилӣ сарвариятро ба дасти хеш гирифтаанд.
Нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таҳти сарварии Роҳбари муаазами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз афзун гашта истодааст, ки мо инро дар мисоли қабул гардидани пешниҳодоти кишвари мо аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Мутаҳид мебинем. Бояд гуфт, ки дар роҳандозӣ намудани барномаву стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҲХДТ ҳамчун ҳизби сернуфустарину созанда нақши асосӣ дорад ва вазифаи мо ин аст, ки аҳамияти пиёда сохтани чунин барномаҳоеро, ки ба ободиву бунёдкориҳо ҳидоят мекунанд, дар сатҳи маҳал ба шаҳрвандон фаҳмонем.
Ҳамчунин Азамат Дӯстов, хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» оид ба нақши васоити ахбори умум дар инъикос кардани стратегияву барномаҳои ҳизбӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Қайд карда шуд, ки айни замон дар кишвар зиёда аз 5900 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ амал мекугнанд ва нақши онҳо дар маҳал дар ҳоли афзудан аст.
Дар доираи курсҳои бозомӯзӣ ҳайати меҳмонон ҳамчунин дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар гузоштани санги асос дар бунёди бинои ҳизбӣ ширкат карда, ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб аз рафти сохтмони бинои комиҷроияи шаҳрии ҳизбӣ ва дар деҳаи Тӯдакафши ҷамоати деҳоти Кӯлоб аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд ва бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сӯҳбат доир карданд.
Азамат Дӯстов