Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКӮНОМ ЗИСТ

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКӮНОМ ЗИСТ

3-02-2023, 11:43
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКӮНОМ ЗИСТ
Таҳти ҳамин унвон дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ – назариявӣ ба ифтихори 70 – солагии ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ шодравон Анвар Ҷалилов баргузор гардид. Дар конференсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, кормандони Васоити ахбори омма, дӯстон ва пайвандони марҳум иштирок карданд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба неруи хиради халқ, сулҳу субот ва оромии сиёсӣ дар қаламрави кишвари азизамон ҳукмфармо аст. Номбурда баён намуд, ки имрӯз аз равзанаи беш аз 31 соли соҳибистиқлолӣ дида андӯхта, месазад номи шахсонеро ба хотир орем, ки барои солимии афкори ҷомеа, раҳнамоӣ ба зиндагии ростин саҳм гузоштаанд. Аз қабили чунин шахсиятҳо номи шодравон Анвар Ҷалилов бо меҳр ёд карда мешавад. Зиндагиномаи шодравон саропо намунаи ибрат буда, ҷавҳаре дорад, ки аз тарбияву раҳнамоии қиблагоҳи бузургашон, ки инсони бомаърифат, хидматгори воқеии халқ будаанд, ибтидо меёбад ва ҳамчун идеал дар зиндагии он кас мавқеи шоиста касб кардаанд.
Асрор Латифзода миннатдории муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизиро ба Кумитаи тадорукоти конференсия расонида, лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо Анвар Ҷалиловро ба хотир овард.
Дар идомаи кори конференсия номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарифов, номзади илмҳои биологӣ, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаммад Исматдинзода, ходими давлативу ҷамъиятӣ, собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҷоат Ҳасанова, дӯст ва ҳамкори равоншод, раиси Шурои собиқадорони Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Саидбой Зокиров, хоҳари марҳум Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Турғуной Ҷалилова дар бораи хислатҳои ҳамида, кору пайкор ва зиндагиномаи Анвар Ҷалилов ёд карданд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: