Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Талаби эъломи айби ҷиноӣ нисбати Доналд Трамп

Талаби эъломи айби ҷиноӣ нисбати Доналд Трамп

20-12-2022, 15:36
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Талаби эъломи айби ҷиноӣ нисбати Доналд Трамп
Кумитаи Палатаи намояндагони ИМА, ки ҳамла ба бинои Капитолӣ дар таърихи 6 январи соли 2021-ро таҳқиқ мекард, тавсия дод, нисбати президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар асоси чаҳор модда айб эълом шавад.

Ба бовари аъзои кумита, нисбати Трамп дар асоси моддаҳои монеъ шудан ба раванди расмӣ, созиш бо ҳадафи қаллобӣ нисбати ҳукумати федеролӣ, созиш бо ҳадафи нишондодҳои дурӯғин ва ҳамлаи мусаллаҳона айб эълом шавад.

Дар таърихи ИМА ин бори аввал аст, ки як кумитаи махсуси Палатаи намояндагон таҳқиқи парвандаи ҷиноиро нисбати президенти пешинро тавсия медиҳад.

Тавсияи кумита хосияти рамзӣ дорад ва тасмими ниҳоиро дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ вазорати адлияи ИМА хоҳад гирифт.

Рӯзи 6 январи соли 2021 гуруҳе аз тарафдорони президенти он замон амалкунанда Донал Трамп вориди бинои Капитолия шуданд. Онҳо талош карданд, ки монеи тасдиқи пирӯзии номзади ҳизби демократҳо Ҷо Байден шаванд. Баъди ҳамла муайян шуд, ки дар он ҳодиса панҷ кас кушта шудааст. Баъди ҳамла нисбати садҳо шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ боз ва чанд тан маҳкум шуданд.

Пеш аз ҳамла ба Капитолия Доналд Трамп дар назди тарафдоронаш суханронӣ кард. Вай айбҳои тасдиқношудаи ҳуқуқшиносонро дар бораи тақаллуби интихоботи президентӣ бори дигар такрор карда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: