Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК

ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК

25-11-2022, 09:14
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК Телевизион бозёфти беназири асри ХХ ба шумор рафта, дар ҳаёти инсон ва рушди ҷомеа ба аҳамияти бузург молик мебошад. 3 октябри соли 1959 телевизиони тоҷик аввалин барномаҳои хешро дар шаҳри Душанбе бо забони тоҷикӣ манзури бинандагон гардонида буд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти фарҳангии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҳаёти ҷомеаро бе телевизион тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Дар ҷаҳон мамлакатеро дарёфт кардан душвор аст, ки дар он шабакаҳои телевизионӣ амал намекарда бошад. Хурду калон, пиру ҷавон аксаран вақти холигии худро ба тамошои барномаҳои телевизионӣ сарф мекунанд.
Таърихи пайдоиш ва ташаккули телевизион ҳамчун яке аз воситаҳои асосии ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи пайдоиши телевизион дар Иттиҳоди Шуравӣ сахт алоқаманд мебошад. Оғози намоишдиҳии таҷрибавии телевизионӣ аз 1 октябри соли 1931 аз студияи хурди узели радиотехникии шаҳри Маскав, воқеъ дар кӯчаи Никольский сар шудааст. “Мӯҳтарам рафиқон радиотамошобинон, намоишҳои далновиденияи советиро оғоз мекунем…” бо чунин суханон ҳар як нашри барномаи намоишдиҳии механикӣ оғоз мешуд. Намоишдиҳӣ бо канали радиошунавонӣ дар мавҷҳои миёна ва дароз (ҳарду мавҷ якбора, яке барои овоз ва дигаре барои сурат) ба амал бароварда мешуд, ки дар ҳолати мавҷуд будани дастгоҳи мавҷқабулкунӣ онро дар тамоми ҳудуди СССР – аз Одесса то Камчатка ва ҳатто дар хориҷа тамошо кардан мумкин буд. Дар оғоз телевизионро “далновидения” ва ё “витафон” меномиданд. Ба бинандаи он “радиотамошобин”- гӯён муроҷиат карда мешуд. Калимаи “телевизион”- ро дар конфронси илмии шаҳри Париж соли 1900 радиоинженери петербургӣ Константин Дмитриевич Перский истифода бурда, минбаъд аз тарафи умум қабул гардидааст. Телевизион аз калимаҳои юнонии “tele” - дур, масофа ва калимаи лотинии “visio” - дидан, намоён шудан сохта шуда, кашфиёти беназири асри XX ба ҳисоб меравад. Дар Институти умумииттифоқии электротехникӣ С. И. Катаев трубкаи фиристандаи телевизионӣ ва кинескопро ихтироъ кард. Ин имкон дод, ки соли 1937 дар Ленинград барномаҳои таҷрибавӣ дар мавҷи УКВ пахш гардад. Дар шаҳри Маскав сохтмони Маркази телевизионии Шаболовка ба охир расида, 25 марти соли 1938 эфири телевизион бо нишондиҳии кинофилми Ф. Эрмлер “Великий гражданин” оғоз ёфт. Аудиторияи бинандаҳо зиёд набуд, дар шаҳри Маскав ҳамагӣ 30 телевизор буду халос. То оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи телевизор ба беш аз ҳазор дона расида буд.
Эфири ҳамешагӣ бо усули сифати баланди электронӣ 10 марти соли 1939 бо намоиши филми хроникӣ дар бораи Съезди XVIII ВКП“б” оғоз гардид. Барномаҳо асосан аз спектакл ва кинофилм иборат буда, дар як ҳафта панҷ шаб намоиш дода мешуданд. Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, намоиши барномаҳои телевизионӣ дар Маскав ва Ленинград қатъ карда шуданд. Вале таҳқиқи соҳаи техникаи телевизионӣ давом дода шуда, соли 1943 дар Институти энергетикии Маскав кафедраи телевизион ташкил карда шуд. 7 майи соли 1945, дар рӯзи радио, пахши барномаҳои телевизионӣ аз нав оғоз гашта, то моҳи сентябри соли 1947 давом кард. Азнавсозии Маркази телевизионии Шаболовка ба охир расиду аз 16 июни соли 1949 бо стандарти 625 сатр (строк) пахши барномаҳои телевизионӣ боз сар шуданд.
Танҳо аз моҳи январи соли 1955 барномаҳои Маркази телевизионии Маскав ҳаррӯза гаштанд, ки дар он зиёда аз 80 нафар кормандони эҷодию техникӣ кор мекарданд. Ҳамин давра дар шаҳри Маскав 15 ҳазор телевизор мавҷуд буд. Минбаъд Марказҳои телевизионӣ аввал дар Ленинград ва Киев ва баъдтар дар Рига, Харков, Свердловск сохта ба истифода дода шуданд. Охири солҳои 50 – ум дар ҳудуди СССР зиёда аз 60 студияҳои телевизионӣ фаъолият мекарданд.
Пайдоиши студияи телевизион дар Ҷумҳурии Шуравии Сосиалистии Тоҷикис- тон баъди қариб 28 соли дар пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ шаҳри Маскав кушода шудани он ба вуқӯъ пайвастааст. Аввалин саррежиссёри телевизиони “Тоҷикистон”, шахсе ки пахши аввалин барномаи Студияи телевизиони Сталинобод насибаш гаштааст, шодравон Акбар Ҷӯраев дар китоби худ “Телевизион” чунин ба ёд овардааст: “3 октябри соли 1959 соати 18 бо вақти маҳаллӣ наттоқи телевизион Рафоат Абдусаломова нахустин маротиба дар оинаи нилгуни сталинободиҳо пайдо гардида, ба бинандаҳои аввалин чунин муроҷиат намуд: «Ассалому алейкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизионии Сталинобод намоиши аввалини худро оғоз мекунад”.
Наттоқи аввалини телевизиони “Тоҷикистон” Рафоат Абдусаломова ҳамин лаҳзаи таърихиро дар асари ёддоштиаш “Телевизион ойинаи зиндагист” ба тарзи зайл тасвир намудааст: “Бо ҳамин мазмун Валентина Исаева, ки аз театри давлатии драмавии шаҳри Ленинград омада буд, барномаро бо забони русӣ эълон намуд. Он бегоҳ ба мардуми Тоҷикистон филми ҳунарии “Чароғ дар кӯҳсор” - и “Тоҷикфилм” ва ахбори 3 дақиқагӣ (ҳарду бо забони тоҷикӣ) намоиш дода шуданд. Пас аз он саррежиссёр (саркоргардони аввалини телевизиони “Тоҷикистон”) Акбар Ҷӯраев, тасвирбардор Наримон Бақоев, директори студияи телевизион Обид Ҳомидов, наттоқ Валентина Исаева якҷоя аз студия баромадем ва бо қаноатмандӣ бо ҳам хайрухуш кардем”.
Бояд қайд кард, ки мутобиқи қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 19 июни соли 1957 рақами 171 Кумита оид ба радиошунавонӣ ва телевизиони назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон таъсис меёбад. Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ комиҷроияи шаҳри Сталинобод барои бунёди бинои студияи телевизионӣ қитъаи замин ҷудо мекунад ва сохтмони бинои телевизион оғоз ёфта, ба ин мақсад 25 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Лоиҳаи биноро ходимони Пажӯҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии Вазорати алоқаи СССР омода ва бинокорони Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ бунёд мекунанд. Майдони умумии студияи телевизион 315 метри мураббаъро ташкил дода, бари бино 10 метр ва баландиаш 4,5 метр муқаррар мегардад. Сохтмони бинои телевизион қариб дуюним сол давом карда, охири соли 1959 мавриди истифода қарор мегирад. Антенна ё фиристандаи телевизионӣ дар манораи фулузӣ ҷойгир шуда, 197 метр баландӣ дошт. Таҷҳизоти лозимиро барои ин кор корхонаҳои шаҳри Ленинград фиристода, мутахассисони шаҳрҳои Маскаву Ленинград онро насб кардаанд .
Моҳи апрели соли 1959 бюрои КМ ПК Тоҷикистон дар бораи ташкили дирексияи студияи телевизиони Сталинобод қарор қабул мекунад. Обид Ҳомидови 33-сола, ки ба ҳайси инструктори КМ ПК Тоҷикистон кор мекард, ба вазифаи директори телевизиони “Тоҷикистон” ва Иброҳим Раҳматови 38-сола, собиқадори радиои ҷумҳурӣ, журналист ва мутарҷими варзида ба вазифаи сармуҳаррири студияи телевизион таъин мегарданд. Ин ду ватандӯст дар ҷойи холӣ барои бунёди телевизиони миллии Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.
Бо ҳамин аввалин барномаи худро телевизиони “Тоҷикистон” 3 октябри соли 1959 оғоз мекунад. Дар аввал Студияи телевизиони Сталинобод ҳафтае ду маротиба барномаҳо намоиш медод. Аз 1 январи соли 1960 барномаҳо аз соати 20.00 то соати 21.30 давом мекард. Аз ин 10 – 20 дақиқааш барномаҳои истеҳсоли худӣ боқимондааш киножурнал ва филмҳои ҳунарӣ буданд. Аз 26 январи соли 1960 хабарҳои охирин дар ҳаҷми панҷ дақиқагӣ бо забони тоҷикӣ дар оғози барномаҳо мебаромадагӣ шуданд. Аз моҳи августи соли 1960 эълони барномаҳои телевизиони тоҷик дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп мешуданд. Аз ҳамин давра сар карда, рафти бозии футбол ва дигар воқеаҳои муҳим бо телевизион ба тарзи мустақим намоиш (трансляция) дода мешуданд. Барномаҳо соати 19.30 оғоз мегаштанд. Хабарҳои охирин бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми панҷ дақиқагӣ дар вақтҳои гуногун намоиш дода мешуданд. Аз 1 июли соли 1960 барномаҳои телевизиони тоҷик ҳамарӯза, хабарҳои охирин дар ҳаҷми то 10 дақиқа ва ҳаҷми барномаҳо ба 3 соату 30 дақиқа расонда мешаванд. Таваҷҷӯҳи тамошобинон ба барномаҳои телевизионӣ зиёд гардида, онҳо ба хонаҳои шахсони телевизордошта ҷамъ омада, онро бо завқ тамошо мекарданд. Соли 1959 дар пойтахт ҳамагӣ 300 адад телевизор мавҷуд бошад, шумораи он дар муддати як сол, яъне охири соли 1960 ба 2500 мерасад.
Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90- ум дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ва вилояти Қурғонтеппа (ҳоло Хатлон) студияҳои телевизиони вилоятӣ бунёд карда мешаванд. Ин студияҳоро мутахассисони телевизиони “Тоҷикистон” бо дастгирии ҳукуматҳои вилоятҳои номбаршуда ба кор меандозанд. Студияҳои телевизиони вилоятӣ зерсохтори Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии РСС Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза аз 30 дақиқа то 1 соат асосан барномаҳои хабарии аз ҳудуди вилоят омодакардаи худро пешкаши бинандагони хеш мегардониданд. Пахши барномаҳо асосан бо истифода аз канали телевизиони “Тоҷикистон” дар соати муайян барои тамошобинони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ба амал бароварда мешуданд.
Давраи бозсозӣ ба гуногунандешӣ ва ошкорбаёнӣ роҳ кушод. Муҳаққиқи журналистикаи тоҷик профессор И. Усмонов дар мақолаи худ «Бозсозӣ ё худкушӣ» ба вазъи журналистикаи солҳои 1990-91- и тоҷик чунин баҳо додаст: “Бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ, ки тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст, дар шиорҳои ҷаллии озодипарастӣ, демократӣ ва амсоли ин ба инкишофи бӯҳрони маънавӣ низ замина ба вуҷуд овард. Давлат, аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон қонуни нави матбуотро тасвиб карда, ба нашри публитсистика ва адабиёти гуногунравия ва гуногунсоҳа ҳуқуқро қоил шуда, аммо натавонист ҳуқуқи муҳофизаи аҳолиро аз ҳуҷуми бадахлоқӣ, тӯҳматкоронаю дурӯғгӯёна ва зӯргӯёнаи онҳо бо қонуни устувор ҳифз кунад. Ин иллати то рафт кам шудани эътибори публитсистикаи иҷтимоӣ, афзудани худхоҳӣ ва худфурӯшии публитсистика, яъне ривоҷи журналистикаи кӯчагӣ мешавад ва рақобати сиёсии матбуоти аҳзоби гуногуни сиёсӣ ҳам дар ин мобайн эҳсос нашуда мемонад”. Бо пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ ва ба истиқлолият расидани собиқ ҷумҳуриҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буда, системаи пешинаи иттилоотӣ ба куллӣ таъғир меёбад. Маҳз ин воқеаҳои тақдирсози солҳои 90-уми асри ХХ зарурат ба миён оварданд, ки дар баробари воситаҳои ахбори давлатӣ воситаҳои ахбори ғайридавлатӣ дар мисоли рӯзномаҳои шахсию ҳизбӣ, радиои хусусӣ, телевизионҳои кабелӣ, ҷамъиятию хусусӣ ташкил ёфта фаъолият кунанд.
Тоҷикистон истиқлолият ба даст оварду баъди чанде ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтид. Дар натиҷа бесару сомонӣ на танҳо дар давлатдорӣ, балки дар тамоми соҳаҳо ҳукмрон гашт. Воситаҳои ахбори умум аз ин истисно набуд. Матбуот чоп мешуд, аммо то ба дасти хонанда намерасид. Ягона воситае, ки тавассути он шаҳрвандон хабари навро мегирифтанд, ин телевизион ва радио буд. Махсусан телевизион, ки тавассути навор аз ҷойи воқеа ва рӯйдод оҷилӣ иттилоъ медод, бинандаро аз ҳама бештар ба худ ҷалб мекард. Шояд ҳамин боис шуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 90 – уми асри ХХ) гурӯҳҳои муайян барои ба даст даровардани телевизион ҷаҳд мекарданд. Шахсони тасодуфӣ сари кор омада, кор то ба дараҷае расид, ки шахсони аз кӯчаи журналистикаи телевизион нагузашта, ба эфир мебаромаданд. Ба бинандагон ба ном «барномаҳо» пешкаш мешуданд, ки на сенария дошту на касе онро таҳрир ва муҳокима мекард, бо ғалати мантиқию сиёсӣ, барандагии ғайрикасбӣ, бе риояи талаботи жанрӣ пешниҳод мегардид, ки ба дарди ҷомеа барнамехӯрд. Телевизиони давлатиро ҳамчун минбари сангандозӣ ба тарафи муқобили худ истифода бурдан боиси он шуд, ки гурӯҳи муайяни шаҳрвандон ба барномаҳои телевизион бо шубҳа ва нобоварӣ менигаристанд.
Дар иҷлосияи сарнавиштсози ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар моҳи ноябри соли 1992 бо интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба телевизион аҳамияти махсус дода шуда, роҳбарияти нави Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. 9 сентябри соли 1993 дар рӯзи 2- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Тоҷикистон телевизиони ғайридавлатии Студияи телевизиони Душанбе “Сомониён” ба фаъолият шурӯъ кард.
Вақте ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба пешрафти ин раванд аз ҷиҳати қонунӣ имкониятҳои васеъ кушода шуданд. Аз ҷумла, дар моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда шуда буд: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст”. Ин ҳуҷҷати сарнавишсоз имкон фароҳам овард, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон телевизионҳои маҳаллӣ таъсис ва фаъолият намоянд. Ҷиҳати дигаре, ки ба ин раванд таъсири худро расонд, ин пеш аз ҳама, зарурат ба ин воситаи ахбори омма буд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нашри саривақтии рӯзномаву маҷаллаҳо ғайриимкон гашта, қисми чоп шуда илоҷи паҳнкуниро надошт. Бинобар он, шаҳрвандон барои гирифтани ахбори дохиливу хориҷӣ бештар ба телевизиону радио такя мекарданд. Аз воқеаву ҳодисоти ноҳияву шаҳри худ, ки пештар ба воситаи рӯзномаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳамарӯза огоҳ мегаштанд, асаре намонда буд. Рӯзномаҳо ба ҳафтанома ва ҳатто ба моҳнома табдил ёфта, минбаъд талаботи мардумро қонеъ гардонида наметавонистанд. Аз ин хотир, зарурат ба ташкили телевизионҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба вуҷуд омаданд. Ба фаъолият шурӯъ намудани ҳар як телевизиони маҳаллиро мардуми шаҳру ноҳияҳо бо хушнудӣ қабул мекарданд. 8 сентябри соли 1996 дар арафаи 5-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин телевизиони ҷамъиятӣ - Ширкати телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт” ба фаъолият шурӯъ намуд, ки аз ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ сокинони пойтахт ва аҳолии гирду атрофи шаҳри Душанбе беҳад хушнуд гардиданд.
Телевизион дар байни воситаҳои ахбори омма бо хусусияти кори коллективӣ буданаш фарқ мекунад. Агар дар матбуот мақолаи журналист баъди таҳрири сармуҳаррир чоп гардида, манзури хонанда гардад, дар радио пеш аз шунавонидани гуфтори радиоӣ журналисти радио бо коргардонҳои овоз ва мусиқӣ аз рӯи сенария бояд гуфторро омода кунад. Ин амал танҳо баъди имзои сармуҳаррир иҷозат дода мешавад. Яъне, дар таҳияи барномаҳои радиоӣ чанд нафар якҷоя кор мекунанд. Ҳарчанд ба ҷои воқеа метавонад, ки журналисти радио танҳо бо диктафон рафта сабт намояд. Вале таҳияи барномаи телевизионӣ аз оғози сабти наворҳо дар якҷоягӣ коллективона ба амал бароварда мешавад. Журналисти телевизион бе наворбардор (оператори сабт), коргардон (режиссёр), танзимгар (монтажёр) ва дигар кормандони эҷодиву техникӣ коре ба амал бароварда наметавонад. Ҳарчанд ки журналист асоси барнома- сенарияро менависаду баъди имзои сармуҳаррир ба сабти он иҷозат мешавад. Сенарияи телевизионӣ асоси таҳияи ҳамагуна барномаҳои телевизионӣ мегардад. Журналисти телевизион ҳамчун муаллифи сенария аз оғоз чун роҳбари гурӯҳи эҷодӣ дар якҷоягӣ бо наворбардор, коргардон, танзимгар ва дигар кормандони эҷодиву техникӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то барнома дар сатҳи баланд таҳия гардида, пешкаши бинанда гардад. Эҷоди маводи телевизионӣ кори коллективӣ аст. Дар он чандин нафар кормандони эҷодиву техникӣ саҳм мегузоранд. Тасаввур кунед, ки яке аз нафарони ин гурӯҳ ғайрикасбӣ амал кунад, барномаи телевизионӣ ноқис таҳия шуда, мақбули бинанда намегардад. Аз ин рӯ, бояд, ки кормандони телевизион ҳамчун як даста бо ҳамдигарфаҳмии касбӣ фаъолият кунанд. Мебояд таъкид кард, ки омӯзиши кори телевизион ба осонӣ ба даст намеояд. Шахсоне, ки чунин ақида доранд, сахт хато мекунанд. Барои корманди соҳибкасби телевизион шудан солҳои зиёди омӯзишӣ заруранд.
Инчунин, ба раванди ташкилёбии студияҳои телевизионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» 14- уми декабри соли 1996 такони ҷиддие расонд. Дар моддаи 7-и ҳамин қонун чунин омадааст: “Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд”. Бо ин нукта бори аввал қонунан дар баробари телевизиони давлатӣ амал намудани телевизиони ғайридавлатӣ (телевизиони ғайриҳукуматӣ гуфтан мантиқан дурусттар мебуд) этироф гардидааст. Ин қадами устуворе буд, баҳри инкишофи соҳаи телевизион дар Тоҷикистон. Аз ҳама муҳимтар, дар ин қонун моддаи 6 мебошад, ки дар он чунин омадааст: “Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчун сензура чун воситаи назорат ба мазмуни идеологии барномаҳои телевизион ва радиошунавониро надоранд”. Ин нукта аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар ин қонун боз ҳам мушаххастар гаштааст. Яъне, ташкилотҳои телевизионӣ, хоҳ давлатӣ бошанду хоҳ ғайридавлатӣ, аз рӯйи Ойинномаи худ мувофиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” амал мекунанд. Ягон мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахси алоҳида ҳуқуқи дахолат кардан ба фаъолияти эҷодии кормандони телевизионро надоранд. Бояд қайд кард, ки ин гуна қонун дар байни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ аввалин шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, боиси ташкили студияҳои нави давлативу ғайридавлатии телевизионӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардида, то андозае фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пур карданд.
Воситаҳои ахбори омма ҳарчанд қонунан “ҳокимияти чаҳорум” ҳисобида намешаванд, вале дар асл такондиҳандаи фаъолияти се шохаи ҳокимияти қонунӣ эътирофшуда: қонунбарор, иҷроия ва судӣ мебошанд. Махсусан шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бо суръати кайҳонӣ рушд намудани технологияҳои иттилоотӣ ба фаъолгардии воситаҳои ахбори омма овардааст. Инсони имрӯза барои огоҳӣ аз навигариҳои рӯз, баланд бардоштани дониши хеш нисбати олами ҳастӣ ба воситаҳои ахбори омма ниёзи калон дорад. Дар байни воситаҳои ахбори омма аз ҷиҳати дастрас будан ва таъсирбахшӣ телевизион мавқеи муҳимро дорост. Имрӯз хонадонеро дарёфт намудан душвор аст, ки барномаҳои телевизиониро тамошо намекарда бошад. Телевизион барои миллионҳо сокинони сайёра яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоот дар бораи рӯйдодҳои мамлакати хеш ва тамоми ҷаҳон гадидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали соҳибистиқлоли чунин гуфта буданд: “Телевизион ва радио ду нерӯи бузургеанд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти нақшаҳои бузурги созандагӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои бунёди як кишвари соҳибистиқлолу озоди демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд намуд”. Дар ҳақиқат, аз сабаби он ки рӯзномаҳои чопшударо имкони сари вақт ба аҳолии Тоҷикистон паҳн намудан набуд, иттилооти нав ба мардум танҳо тавассути телевизион ва радио дастрас мегардид.
Бо шарофати соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол сафи шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон зиёд гардида, имрӯз ба 50 расидааст. Аз ин 15 телевизионҳои давлатӣ ва 35 телевизионҳои ғайридавлатии маҳаллии хусусиву ҷамъиятӣ мебошанд. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ 9 шабакаҳои телевизионии соҳавии ҷумҳуриявӣ: “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъсис ёфта, бо формати HD фаъолият мекунанд. Имрӯз тариқи моҳвора бинандагон имкон доранд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ дар тамоми гушаву канори ҷаҳон тамошо кунанд.
Телевизиони тоҷик 63 сол мешавад, ки фаъолият мекунад. Дар таъсис ва рушди он даҳҳо нафар олимон, шоиру нависандагон, журналистону режиссёрон, наворбардорону танзимгарон ва дигар кормандони эҷодиву техникӣ саҳми сазовори хешро гузоштаанд. Баробари ин, дар телевизиони Тоҷикистон мактабе пайдо гаштааст, ки дар он журналист ҳаматарафа обутоб ёфта, ба дараҷаи шахси дорои хулқу атволи нек, ҷаҳонбинии васеъ, некбину некхоҳ, бунёдкору созанда ва меҳнатдӯсту меҳанпарвар месабзад. Зеро дар кори коллективона, омӯзиши ҳамарӯза ва шиносоӣ бо шахсони касбу кори гуногун, бо омӯхтани тарзи муносибат намудан, ба суҳбат гирифта тавонистан ва аз таҷрибаи бойи онҳо баҳравар гаштан ба ин имконият фароҳам месозад.
Боиси таъкид аст, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ 21 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион муайян гардида, аз соли 1997 ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Инчунин, Рӯзи байналмилалии радио 13 феврал ва матбуот 3 май муайян шудааст. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик, 7 май Рӯзи радиои тоҷик, 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик ва 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик қонунан муайян карда шудааст ва ҳамасола кормандони ин соҳаҳо бо хушнудӣ ин санаҳои муборакро ҷашн мегиранд.
Телевизиони тоҷик дар давоми мавҷудияти хеш дар рушду пешрафт ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи фарҳангии мардуми тоҷик, ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва пойдории он хизмати арзанда ва бебаҳое кардааст. Имрӯз дар пурра гардонидани фазои иттилоотии кишвар, ҳифзи амнияти иттилоотӣ ҳамчун яке василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хоса дошта, дар огоҳонидан ва пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дорад. Месазад, ки рӯзи 3-уми октябр ҳамчун Рӯзи телевизиони тоҷик дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” сабти худро ёбад. Зеро 3 октябри соли 1959 телевизиони “Тоҷикистон” нахустин бор ба эфир баромада, бо забони тоҷикӣ барномаҳои худро манзури бинандагон гардонида буд. Ин рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 телевизионҳои давлативу ғайридавлатӣ ва даҳҳо телевизионҳои ноқилӣ бо шумори садҳо нафар кормандон фаъолият мекунанд, қонунан муайян намудани рӯзи телевизиони тоҷик боиси қадршиносӣ, эҳтиром гузоштан ба санаҳои фаромушнопазири фарҳангии таърихи миллат, хурсандиву шодмонии кормандону бинандагони телевизиони тоҷик ва пешрафти соҳа хоҳад шуд.

Зулфиддин МУЪМИНҶОНОВ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор, Лауреати мукофоти
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: