Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14-10-2022, 09:32
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 октябр Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро барои ташрифашон ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣқарор гирифт.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо, ки дар асоси боварии баланд ва дастгирии ҳамдигар сурат мегиранд, омили муҳим ва мусбӣ дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.
Дар мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар аз инкишофи босуръати ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ѓайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Барои тақвияти минбаъдаи равобити дуҷониба сарони давлатҳо пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣҷоннок карда шуда, гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ба кори худ шуруъ намояд.
Тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣҳамчун самти афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид.
Барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои маъдани кӯҳӣ, металлургия, сохтмон, саноати сабук ва хурокворӣ, дар самти кишоварзӣ ва таъминоти логистика, ки дорои захираҳои калон мебошад, зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо барои зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба бозори Беларус, инчунин, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини бозори Беларус бо нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди саноатии пахта ва таъсиси корхонаи истеҳсоли қолинҳои Тоҷикистону Беларус аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Зимни музокироти сатҳи олӣҷонибҳо ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандии худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ, ҳамчунин ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти тасмим дар бораи оѓози тартиби қабули Ҷумҳурии Беларус ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ин созмон мазмуни нав пайдо мекунад.
Вобаста ба таъмини амну субот дар кишварҳои якдигар ва минтақа, якбора афзудани таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва авзои сиёсии Афѓонистон ҳамкории самарабахши дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар тақозои замон номида шуд.
Дар рафти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули судманди афкор анҷом доданд.

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ
НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ
ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

Дар фарҷоми музокирот маросими имзои 10 санади нави дуҷониба, ки соҳаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд, сурат гирифт.
Дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуд:
Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск барои солҳои 2023-2024. Ба ин санад Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Минск Владимир Кухарёв имзо гузоштанд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти мубориза бо коррупсия;
Созишнома байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Барномаи “Харитаи роҳ” доир ба ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2022-2026;
Низомномаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ;
Созишнома оид ба ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Беларус вобаста ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология;
Созишномаи тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии маркетинг ва арзишгузории Ҷумҳурии Беларус;
Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ноҳияи Спитамени вилояти Суѓди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Могилёви вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

ШОМИ ДӮСТӢ БА ИФТИХОРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

Шоми рӯзи 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати ѓайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Барои баргузории шоми дӯстӣ яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои бӯстонсаро интихоб гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмони олимақоми Тоҷикистон - Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.
Сайругашт дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣҷараён гирифт. Меҳмони олимақом аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид карданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили маѓзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату маззаи ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.
Воқеан ҳам Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст.
Дар бӯстонсарои шаҳрӣ сарвари кишвари дӯсти Беларус, ҳамчунин, ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боѓчаи ҳудуди қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи мамлакат ворид ва шинонда шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: