Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СИМОСОЗӢ ВА ИНЪИКОСИ ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПАРДАИ ТЕЛЕВИЗИОН

СИМОСОЗӢ ВА ИНЪИКОСИ ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПАРДАИ ТЕЛЕВИЗИОН

6-10-2022, 11:34
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
СИМОСОЗӢ ВА ИНЪИКОСИ ХИЗМАТҲОИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПАРДАИ ТЕЛЕВИЗИОН
Ҳодисаҳои охири сарҳадӣ бори дигар возеҳ нишон доданд, ки мо аз қудрати бузурги телевизион барои воқиф кардани аҳолӣ аз асли ҳол истифода бурда натавонистем.Албатта, монанди ҳамсоя аз стандартҳои дугона, иттиҳомоти бардурӯғ, журналистикаи пастсифат ва набудани ахлоқу инсондӯстии комил ҳам кор нагирифтаем. Вале дар набардҳои иттилоотӣ нақш ва саҳми телевизион бағоят бузург аст. Дарки барвақтии ин ҳақиқат ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.

Солҳои 90-уми асри ХХ барои сокинони Тоҷикистон давраи душвору тақдирсоз маҳсуб меёбад. Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шуравӣ ва ба кишварҳои алоҳида тақсим шудани ҷумҳуриҳои ҳайати он равиши дигарро ба миён овард. Табиист, ки ин ҳолат бе душворӣ амалӣ гаштанаш амри маҳол буд. Зеро сохтори давлатдории давр тарзе сохта шуда буд, ки тамоми ҷумҳуриҳо ва фаъолияти ташкилоту муассисаҳои он бо ҳам алоқамандии зич доштанд. Аз ин рӯ, ҷамъият низ ба ақидаҳо ҷудо шуд. Гурӯҳе умед доштанд, ки иттиҳод бояд барқарор шавад ва гурӯҳи дигар, ин ҳолатро беҳтарин имкон барои давлатдории мустақил арзёбӣ мекарданд.
Дар ин бобат Телевизиони Тоҷикистон воситаи хуби таъсиррасонӣ маҳсуб ёфта, мазмуну мундариҷаи барномаҳо ҳамин мавзуъро дар бар мегирифт. Бо мақсади таъсири мусбат расонидани гуфтору мусоҳибаҳои телевизионӣ кормандони эҷодӣ кӯшиш мекарданд, ки шахсони маъруфи Тоҷикистонро бо барномаҳояшон даъват намудан, оқибатҳои ҳолати ба амаломадаро фаҳмонанд.
Барномаҳои «Масъулият», «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» ва ғайра ҳамон вақт арзи вуҷуд намуда, баъдтар онро одамони тасодуфӣ бо мақсадиниятҳои ғаразноки худ истифода мебурданд. Ин барномаҳо ба минбари маҳалгароӣ табдил ёфта, дар давраи ба дасти мухолифони ҳукумат гузаштани телевизион ба авҷи аъло расид. Дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт.
Барои аз ин вазъият раҳо ёфтани Ватан дар Телевизиони Тоҷикистон зарурат ба миён омад, ки барномаҳо дар мавзуи худшиносӣ ва сулҳу ваҳдат таҳия шаванд.
Солҳои 1994-1997 ҳанӯз задухӯрдҳои байни гурӯҳҳои силоҳбадаст идома дошт. Ба ҳама мухолифату зиддиятҳои дохилӣ нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарҷамъ намудани сокинони мамлакат ва ба ҷойи доимии зисташон баргардонидани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебурд. Сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон чун обу ҳаво зарурат пайдо карда, таъхирмонии он оқибатҳои вазнинро ба миён меовард. Ин мавзӯъ яке аз самтҳои умдаи кормандони Телевизиони Тоҷикистон гардида, пайваста барномаҳо омода мегардид. Яке аз он барномаҳо «Бозгашт» буд. Зимни тамошои ин барномаҳо эҳсос мешуд, ки ҳамдиёрони бозгаштаи мо ташнаи сулҳу ваҳдатанд. Дар ин замина, суҳбат кардан аз хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат маҳз аз он солҳо маншаъ мегирад ва симосозию нуфузсозӣ (имиджмейкинг) ба фаъолияти рӯзмарраи Телевизиони Тоҷикистон табдил шуд.
Тӯли фаъолият ҳамаи мансабдорони давлатӣ назди худ мақсаду вазифаҳои гуногун мегузоранд. Роҳбар дар чашми халқи худ бо он симое ҷилва мекунад, ки дар асоси хислатҳои мусбат ва ё манфӣ корбаст шудаанд. Аксар маврид, мардумдӯст ва ғамхори халқ будани роҳбар таблиғ мешавад. Ин таҷриба нав нест.
Як руҷуи таърихӣ мекунем. Барои мисол, ҳар вақте суҳбат сари хизматҳои таърихии Исмоили Сомонӣ меравад, дар чашм симое пайдо мешавад, ки худро «Девори Бухоро» эълон дошт ва бо ин васила, омодагии худро ҷиҳати дифои марзу буми Ватан аз душманон эълон намуда буд. ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки дуздию ғоратгарии дохилиро хотима бахшид, соҳибистиқлолии давлати тоҷиконро ба даст овард ва тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросонро ба давлати ягона муттаҳид намуд.
Ҳанӯз замони салтанати Насри I Исмоили Сомонӣ кӯшиш карда буд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ шавад. Миёни ӯ ва бародараш барои сарпечии Исмоил аз пардохти хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари сулолаи Сомониён зиддият ба амал омад. Суханчинҳои дарбор ин ихтилофҳоро зиёд карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ кашиданд. Ва он соли 888 ба задухӯрди мусаллаҳона бадал шуд. Дар натиҷа, Исмоили Сомонӣ пирӯз гардиду ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муносибат намуд ва ин кори ӯ нуфузу маҳбубияташро миёни халқ боз ҳам бештар кард.
Ва ё баръакс, ҳангоми салтанати шоҳ Мансури II ибни Нӯҳ (997-999) амирони сулола ба саргармӣ дода шуда, давлатро ба ихтиёри ғуломони турк – давлати Қарахониён доданд. Ва ин замоне буд, ки шоҳ ба кӯр кардан (ё гӯё содири ин фармон)-и А.Рӯдакӣ дар таърих сабт шудааст.
Мисолҳо ба ин манзуранд, ки маҳз симо (образ) ва нутқ ду омили муҳимтарини шаклгирии нуфузро ташкил мекунанд.
Ба ин тамоюл – симосозии роҳбар телевизионҳои Тоҷикистон баъд аз соли 2000-ум таваҷҷуҳ карданд. Шуруъ аз суханроние, ки 1 январи соли 2000 ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ нашр гардид ва мавҷудияти таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи дар мамлакат фароҳам овардани фазои сулҳу оштӣ ва баргардонидани фирориён ҳамчун усули бесобиқаи давлатдорӣ муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст, то охирин суханрониҳо метавон мушоҳида намуд, ки телевизион симои Президентро ҳамчун ҳомию кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муаррифӣ менамояд.
Образсозии мақсаднок ва пешбинишуда метавонад натиҷаи мусбат ва ҳам манфӣ ба бор орад. Шаклгирии дурусти имидж дар шуури тамошобинони телевизион аз механизмҳои умдаи кор бо аудитория аст. Симо ҳамон мавқеъгирии калидиеро инъикос мекунад, ки афкори инсон ба он таъсиргузор бошад. Масалан, ҳар вақте Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон сафар мекунанд, мардуми маҳал ва ҳам бинандагони телевизион суҳбати «бидуни протокол», бе коғази Пешвои миллатро хеле дӯст медоранд, зеро ҳамагӣ иттилоъ доранд, ки маҳз дар ин саволу ҷавоб имкон дорад ин ё он мушкил ҳал гардад
Ё кадрҳои сафари Президент ба Афғонистони ҳамсоя дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, суҳбатҳои самимӣ бо роҳбарони даври ин кишвар ба шумули Аҳмадшоҳи Масъуд то имрӯз дар шабакаҳои давлатии телевизион «мечарханд» ва ҷонфидо будани ин шахсияти таърихиро ишора мекунанд, ки барҳақ, дуруст аст.
Албатта, дар ин самт хизмати хадамоти матбуотии Президент ва телевизион кам нест. Саҳми онҳоро набояд нодида гирифт. Матни пасикадрӣ ба ҳайси як навъ роҳбалад баромад карда, дар бораи нақша, нигоҳ, афкор ва технологияҳо суҳбат мекунад. Онҳо бо забони мардум, оммафаҳм нақл мекунанд ва аудиторияро бояд эҳсосе фаро гирад, ки ҳар амали дар кадр рӯйдода дар бораи бинанда ва ё барои ӯ аст. Бесабаб нест, ки сафарҳои дохилӣ ва хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар соати муайян бо тамға (логотип)-и телевизиони «Тоҷикистон» намоиш дода мешаванд. Мавҷи дигар телевизионҳо ба сифати минбари таблиғи афкор истифода мегарданду халос. Яъне стратегияи пахши иттилооти расмӣ ва ғояи он ки Телевизиони Тоҷикистон ҳамеша № 1 буду ҳаст ва мемонад, бисёр қатъӣ риоя мегардад.
Таҷриба собит намудааст, ки ҳангоми коркарди ин стратегия бояд ин омилҳоро ба инобат гирифт:
• шаклгирии дилхоҳи симо дар экран ҷиҳати муайянкунии хислатҳои қаҳрамон ба кор бурда мешаванд;
• намуди зоҳирӣ (либос, ҳаракат) – тибқи мушоҳида Пешвои миллат умдатан як либосро (новобаста ба корию варзишӣ буданаш) ду маротиба намепӯшанд, ҳарчанд бартариятҳо ба ранг мушоҳида мегардад (одатан, костюм ва шими кабуду сиёҳ, галстуки бунафш);
• нишондодҳои мухобиротӣ (нутқ, тарзи суҳбат, гузоштани зада) – суҳбатҳои Пешвои миллат аз минбарҳои баланд ва дар толорҳои бузург бо забони содаи тоҷикӣ, истифодаи васеи мисолҳои ҳаётӣ, таваққуф дар суханрониҳо);
• нишондодҳои инфиродӣ (дониш, тафаккур, эҳсос) –суҳбат бо мутахассисони касбу корашон комилан гуногун.
Ҳанӯз барои ҷомеа мафҳумҳое чун технологияҳои сиёсӣ, робита бо ҷомеа, имиджмейкинг, брендинг… маълум набуд, вале қисман нишондодҳои онҳоро мо метавонистем аз соли 1991 ба ин сӯ, тавассути телевизион мушоҳида намоем. Образҳои телевизионӣ инъикосгари ҳаёти воқеӣ ҳастанд ё мехоҳанд бошанд.
Бинанда низ ба симое, ки аз он тарафи экран бо ӯ суҳбат мекунад, эътимод дорад. Махсусан, вақте ки ин симо Роҳбари давлат аст.
Потенсиали идоракунандашавандагии телевизион дар он асос тақвият меёбад, ки вай ба таври сунъӣ фарқ миёни вазифа ва воқеиятро пинҳон мекунад. Аз ин хотир, хабаре, ки аз экрани телевизион ба аудитория расонида мешавад, нисбат ба маводи чопӣ афзалият дорад.
Образҳои телевизионӣ беихтиёр афкори бинандаро оид ба ин ё он шахсият ва сиёсатмадор на танҳо шакл, балки ташаккул ҳам медиҳанд. Агар чунин намебуд, симои Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун раиси Парлумон, Ашӯрбой Солеҳзода ҳамчун коршиноси маъруфи иқтисодиёти миллӣ, макро ва микроиқтисодиёт, Худобердӣ Холиқназару Сайфулло Сафаров ҳамчун стратег, марҳум Суҳроб Шарипов ҳамчун вакили ошкоргӯй, Муҳаммад Ғоиб чун шоири тавонои ваҳдатсаро ва ғайра ҷилва намекарданд.
Шуруъ аз иштироки бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ, оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» то бо мукофотҳои олии давлатҳои ҳамҷавор сарфароз шудан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар телевизион ҷолиб ва диданӣ буд. Савори булдозери вазнин шудани Президент аз соати 10 то 11:30 (якуним соат) бо пеш кардани сангу шағал, ки маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, то бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ кардан дар телевизион намоиш дода шуд, ки бе шак, натиҷаи дилхоҳ дод.
Аз ин ҷо метавон чунин хулоса кард, ки ҷараёни симосозӣ ва шаклгирии он ҷараёни азнавсозии одатҳои инсонист. Симо, образ, имидж – мухобироти одии иҷтимоӣ нест. Он ҳатман ё мусбат аст ё манфӣ, ки аз тарафи касе (гурӯҳе) бо кадом мақсаде, барои идораи чизе, ба хотири асаргузорӣ ба зершуури бинанда ва идораи ӯ бунёд мешаванд. Ва беҳтарин васила дар ин самт албатта, телевизион аст.

Илҳомҷон ҲАМИДИЁН,
н.и.филология, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии
факултаи журналистикаи ДМТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: