Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Баргузории ҳамоиши бузургдошти Рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Тоҷикистон

Баргузории ҳамоиши бузургдошти Рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Тоҷикистон

24-09-2022, 11:13
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Баргузории ҳамоиши бузургдошти Рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Тоҷикистон
Ба муносибати бузургдошти Рӯзи шеър ва адаби форсӣ ва бузургдошти устод Шаҳриёр ҳамоише бо ҳузури густурда ва пурранги шахсиятҳо ва нухбагони илмӣ, адабӣ ва ҳунарии Тоҷикистон дар маҳалли Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.
Ба муносибати Рӯзи шеър ва адаби форсӣ ва бузургдошти устод Муҳаммадҳусайн Шаҳриёр ғазалсарои номдори эронӣ ҳамоиши бошукӯҳе бо ҳузури густурда ва пурранги шахсиятҳо ва нухбагони илмӣ, адабӣ ва ҳунарии Тоҷикистон дар маҳалли толори “Саъдӣ”-и Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар оғози ин ҳамоиш, Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шеъру адаби форсӣ ва бузургдошти устод Муҳаммадҳусайн Шаҳриёрро ба тамоми алоқамандони забони порсӣ, бавежа ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик шодбош гуфт.
Собирӣ изҳор дошт “хушҳолам, ки дар ҷамъи асҳоби дониш ва фарҳанги кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, бо хешовандони таърихии худ бо забони ширини порсӣ, ки мероси ҳазору чандсолаи ниёгони мост, сухан мегӯям”.
Сафири Эрон бо баёни ин ки «Забон ва адаби порсӣ мероси гаронбаҳои таърих ва ниёгони мост», таъкид дошт: Муносибати имрӯз баҳонаест барои гиромидошти бузургони забон ва адабиёти порсӣ ва андешаҳои мафохире ҳамчун Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлавӣ, Низомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигар шоирони номваре, ки дар таолии ормонҳои волои инсонӣ саҳми сутурге доштанд.
Вай дар идома гуфт: “Мафохири забон ва адаби порсӣ паёмоварони фарҳанг ва адаби деринаи муштаракамон дар гӯшаву акнофи ҷаҳон ҳастанд, ки меҳрварзӣ, сулҳ, андеша ва каромати инсониро фарёд мезананд ва эҳтимоми ҳамаи устодони бузургвор ва чеҳраҳои барҷастаи фарҳанг ва адабу ҳунари эронӣ, тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ, ки дил дар гарави забони ниёгон доранд, дар роҳи посдошт ва боландагии забон ва адаби муштаракмон саъю талоши фаровон ба харҷ дода ва коми ташнагони маърифатро бо андешаҳои воло ва қаламҳои сабзашон сероб кардаанд”.
Собирӣ дар бахши дигаре аз суханони худ, гуфт: “Имрӯз забони муштараки мо дарахти борвареро мемонад, ки решаҳои амиқ ва шохаҳои он мазҳари ягонагии фарҳанги Эронзамин аст. Вазифаи ҳамаи мост, ки ин дарахтро аз газанду офатҳои замона ҳифз карда ва барои ояндагон ба мерос бигузорем. Чунон ки ниёгон барои мо талош карданд ва онро ба дасти мо супурданд».
Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар поёни сӯҳбати худ аз он хабар дод, ки 3 тан аз фарҳехтагони тоҷик Гулрухсор Сафиева, Абдунабӣ Сатторзода ва Рустам Ваҳҳобзода ба унвони аъзои пайваста ва ифтихории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шудаанд. Сафири Эрон дастури узвияти ин афродро, ки аз сӯи раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ содир шудааст, ба онон эҳдо кард.
Вай ёдовар шуд, ки пеш аз ин низ фарҳехтгони ҳамонанди устодони марҳум Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Абдулқодир Маниёзов, Абдулманнони Насриддин ва Саймуддин Додхудоев дар ин фарҳангистон узвият доштанд.
Сафири Эрон дар идома абёте аз Низом Қосим, раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро қироат кард:

Ду мазраи гулафшон – Эрону Тоҷикистон,
Ду мулки ишқу армон – Эрону Тоҷикистон.
Ду роҳҷӯи доно, ду раҳраву тавоно,
Дар роҳи аҳду паймон, Эрону Тоҷикистон.
Ду ҳамқирону ҳамгил, ду ҳамзабону ҳамдил,
Ёде зи оли Сомон – Эрону Тоҷикистон.

Сафири Эрон суханони худро бо чакомаи зебо аз ҷаноби оқои доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил раиси муҳтарами Фарҳангистони забон ва адаби форси ба поён бурд:

Эй забони форсӣ, эй дурру дарёи дарӣ,
Эй ту мероси ниёгон, эй забони модарӣ.
Дар ту пайдо фарри мо, фарҳанги мо, ойини мо,
Аз ту барпо, рояти доноиву донишварӣ.
Кобулу Теҳрону Табрезу Бухорову Хуҷанд,
Ҷумла мулки туст то Балху Нишобуру Ҳарӣ.
Ҷовидон зӣ, эй забони донишу фарзонагӣ,
То ба гетӣ нур бахшад офтоби ховарӣ.
Форсиро пос медорем, зеро гуфтаанд,
Қадри зар, заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ.

Сипас Низом Қосим, раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сӯҳбати худро бо ин абёт оғоз кард:

Эй порсӣ имрӯзи ман, ояндаи ман,
Эй дар ду ҷаҳон ҷаҳони пояндаи ман.
Аз олами фонии ман умеде нест,
Умеди абад туӣ, абадзиндаи ман.

Ва сипас рӯзи шеър ва адаби форсиро бар ҳамаи ҳозирин табрик гуфт ва ёдовар шуд, ки забон ва адаби форсӣ барои таолии башар хизмати бисёр бузург ва ҷовидонае анҷом додааст.
Вай ба он ишора кард, ки дар осори шуарои муосири тоҷик мавзӯи забони ниёгон (тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ) ва аҳамияти он барои бақои миллат, фарҳанг ва тамаддун аз ҷойгоҳи баланде бархурдор буда ва бузургони шеъри тоҷик, монанди устодон Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ дар ин росто ашъори воло ва арзишманде сурудаанд.
Низом Қосим бобати пазируфта шудани се тан аз шахсиятҳои машҳури илмӣ ва адабии Тоҷикистонро ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ қадрдони кард ва ин иқдомро дар ростои таҳким ва густариши равобиту ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар ва миллати бародар муҳим донист ва суханонашро бо қироати ин шеъри худ ба поён бурд.

То, ки яздон чархро гарданда дошт,
Дошт ҳар халқи забон оянда дошт.
Халқи моро худ забон арзанда дошт,
Тобу таб бахшидашу тобанда дошт.
Болу пар бахшидашу боланда дошт,
Зебу фарр бахшидашу зебанда дошт.
Доимаш аз ганҷи дил оганда дошт,
Дошт озоду бамаънӣ банда дошт.
Дӯстро шаҳди забон пурханда дошт,
Хасмро теғи забон афканда дошт.
Хушдилонро фарруху фархунда дошт,
Баддилонро гандаву шарманда дошт.
Ин забон моро чунин поянда дошт,
Зинда доремаш, ки моро зинда дошт.

Гулрухсор Сафиева, шоири номвари тоҷик дар ибтидои каломи худ хитоб ба Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Эрон, аз ин байти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Фиристода бояд, ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад» ёд кард ва гуфт «ин донише аст, ки ҷовидона аст ва барои сулҳ, амният ва муҳаббату дӯстӣ ба кор гирифта мешавад».
Вай узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсиро барои худ шарафи бузург унвон карду гуфт, ки талошҳои лозимро барои шоистагии ин ҷойгоҳ ба кор хоҳад гирифт.
Гулрухсор Сафиева рӯзи шеъру адаби форсӣ ва бузургдошти устод Шаҳриёрро иқдоми шоиста тавсиф карду гуфт, ки устод Шаҳриёр беҳтарин ашъори форсиро сурудааст.
Вай ба ин муносибат аз чанд рубоии худ ёд кард, ки пас аз боздид аз рустои «Хушкноб» зодгоҳи устод Шаҳриёр дар Озарбойҷони шарқӣ сурудааст.

Дилро зи раҳи дида ба тоб овардем,
Аз ҳасрати дерина китоб овардем.
Дар кӯзаи шеъри Шаҳриёри ташна,
Аз чашмаи Хушкноб об овардем.
***
Шеър аст, ки Хушкноб дорад чашма,
Ҳар чашма зи чашм об дорад чашма.
Ҳар дафтари кӯҳи сабзи Ҳайдар бобо,
Ҳар зарраи офтоб дорад чашма.

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва пажӯҳишгари барҷастаи Тоҷикистон таи суханоне ду миллати Тоҷикистону Эронро хушбахт хонд, ки меросбари чунин як адабиёти бузурге мебошанд, ки дар дунё назир надорад.
Вай Фарҳангистони забон ва адаби форсиро яке аз марокизи аслии таҳқиқ ва тарғиби забону адаби форсӣ дар сатҳи дунё номид ва гуфт, ки ин ниҳоди басе арзишманд беҳтарин донишмандони арсаи забону адабиётро аз Эрон ва кишварҳои ҳамзбон дар таркиб худ дорад.
Сатторзода ба узвияти ин фарҳангистон пазируфта шудани худро ифтихори бузург донист ва гуфт, ки «чунин мавқеиятҳо фурсатҳои ҷадидеро фароҳам мекунад то мо якдигар ва ҳамчунин забону адабиётамонро дар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон беҳтар бишносем».
Ин донишманди тоҷик нақши раҳбарони ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эронро дар рушди таомулоти илмӣ ва фарҳангӣ муҳим тавсиф кард.
Рустам Ваҳҳобзода, шоир ва узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ бо табрики рӯзи шеъру адаби форсӣ ва бузургдошти устод Шаҳриёр бо ишора ба забони воҳид ва муштарак будани форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ, ин байтро хонд, ки «Ҳама масти бодае шуд, ки туаш ба ҷом дорӣ, Ту ягонатар аз оне, ки ҳазор ном дорӣ» ва тасреҳ кард: «Бузургтарин мазҳари яктоӣ ва тавҳид Худованди мутаол аст, ки ҳазор ном дорад, чӣ расад ба онки забони мо ба се ном ёд мешавад, ки дар асл яке аст».
Ваҳҳобзода узвияти худ дар Фарҳангистони забон ва адаби форсиро ифтихори бузург ва фурсате барои анҷоми вазифа донист.
Вай бо ибрози умедворӣ ба густариши ҳар чи бештари доманаи забон ва адаби форсӣ шеъреро тақдим ҳуззор кард, ки солҳо қабл суруда буд:

Хатти марзи мо,
Марзи хатти мост.
Марзи хатти пири Панҷрӯд,
Марзи хатти пири Тӯс.
Марзи хатти пири Ғиждувон,
Марзи хатти устод Мирзо.
Марзи хатти бехатост,
Марзи хатти истивост.
Беҳудуду мунтаҳӣ аст,
Ин замон, ки баҳри ҳар ваҷаб замин.
Наъли мардуми ҷаҳон дар оташ аст,
Ҳарфи охирини мо.
Забони мо - тири Ораш аст.

Дар идомаи ин ҳамоиш шоирон ва адибони номдори тоҷик Абдулҳамиди Самад, Ато Мирхоҷа, Муҳтарами Ҳотам, Доро Наҷот, Латофат Кенҷаева, Бузургмеҳри Баҳодур, Шоираи Раҳимҷон, Бӯрӣ Карим ва бону Парвозова дар мавриди аҳамияти бузургдошти шеър ва адаби форсӣ матолиберо баён ва ашъоре суруданд.
Ҳамчунин, ҳунармандони саршиноси тоҷик Марям Исоева ва Абдумӯъмин Шарифӣ пораҳое аз ашъори бузургони адаби форсӣ ва шоирони муосир қироат карданд.
Шоёни зикр аст, ки теъдоде аз фарзандони бузургони илм, адаб, фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон, аз қабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Туғрали Аҳрорӣ ва Муҳиддин Олимпур, ки дори фониро бидруд гуфтаанд, дар ин ҳамоиш ҳузур ёфтанд ва аз ин тариқ ворисони ин мафохир иродаи худро нисбат ба тадовуми таомул ва ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Эрон иброз карданд.
Ортиқ Қодир, ҳунарманди саршиноси тоҷик муҷрии ин ҳамоиш буд, ки бо иҷрои олӣ ва қироати ашъори зебои шуарои эронӣ ва тоҷик мӯҷиби эҷоди шӯри хоссе дар ин нишасти маънавӣ шуд.
Дар ҳошияи ҳамоиши фавқ ба муносибати рӯзи шеър ва адаби форсӣ намоишгоҳи акс аз мафохир ва машоҳири бузурги забон ва адабиёти форсӣ ба намоиш гузошта шуд ва мавриди истиқболи гарми меҳмонони ин ҳамоиш қарор гирифт.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: