Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » О. ГЕНРИ. ҲИКОЯИ НОНАВИШТА

О. ГЕНРИ. ҲИКОЯИ НОНАВИШТА

11-04-2022, 09:53
Хабарро хонданд: 23978 нафар
Назарҳо: 219
О. ГЕНРИ. ҲИКОЯИ НОНАВИШТА
О. ГЕНРИ.
ҲИКОЯИ НОНАВИШТА
Ҳикоя
Ин воқеае, ки ман ба шумоён ҳикоя намудан мехоҳам, вақтҳои дар газетаи «Ранги субҳдам» кор карда гаштанам рух дода буд. Ман дар кӯчаҳои Ню-Йорк гашта, чӣ ҳодисае, ки буд, ҳикоя карда навиштан мегирифтам. Зиндагиамро аз пайи ҳамин пеш мебурдам, барои дар штати доимии газета набуданам масъалаи маблағ ҳам ба ҳамин мувофиқ буд. Дар яке аз рӯзҳои муқаррарӣ дар рӯбарӯи мизи кории ман Трип пайдо шуд. Ӯ дар шӯъбаи чопи газета кор мекард. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, аз ӯ доим бӯи ранг омада меистод, ангуштонаш ҳам аз сабаби кислота бетароват шуда буд. Трип тахминан бисту панҷсола буд, аммо одами ӯро дида аз чилсола боло гуфта тахмин мекард. Ӯро барои масъалаи ягон сурат омадааст, гуфта фикр кардам. Рӯи риши хорак фарогирифтаи Трип айни вақт ба назар хеле бечораҳол ва раҳмовар буд. Ба қатори ҳама ба ман ҳам як одати маълуми дорад: бисёр қарз мепурсад. Трип дасташро ба миз такя дода, садои паст бадард бароварда, ба паҳлӯям нишаст. Ангуштони ӯ меларзиданд! Боз нӯшидааст-да.
Имрӯз барои як ҳикояам панҷ доллар ҳаққи қалам гирифта будам. Аз ин боис дунё ба чашмам зебо метофт.
-Хӯш, Трип?-гапро сар кардам ман.-Аҳволҳо чӣ тавр?
-Дар ту ягон доллар ёфт намешавадмӣ?-аҳволи ӯ аз ҳаррӯза вазнин буд.
-Ҳаст,-гуфтам.-Росташро гӯям, панҷ доллар пул дорам. Аммо ба ин бо ҳазор машаққат соҳиб шуданамро ҳам бояд гӯям. Худаш ҳам вақти ба пул эҳтиёҷ доштанам гирифтам-да…
Ман ҳанӯз қабл аз пул пурсидани ӯ баҳонаҳоямро ёфта гуфтам.
-Дар асл қарз гирифтанӣ набудам.-Аз сухани Трип далер шудам.
-Ман ба ту барои як ҳикояи хуб воқеа ёфта доданӣ будам, халос. Ин ба ту нафъи бисёр меорад, бовар кардан гир. Он хеле шавқовар аст! Аммо ин фикр ба ту ба якчанд доллар меафтад.
-Хӯш, чихел фикр будааст, гӯй-чӣ?
-Мегӯям,-давом намуд Трип,-як духтар… зебо! Ҳеҷ гоҳ чунин ҳурпайкарро надидаӣ. Ӯ як гул аст! Бистсола. То ҳамин синну солаш аз деҳааш набаромадааст, дар умраш Ню-Йоркро надидааст! Ман бо ӯ дар кӯчаи 34-ум дучор омадам. Ӯ дар дунё зеботарин духтар аст, бовар намо. Хуллас, ӯ маро дар ҳамон кӯча нигоҳ дошта, аз куҷо ёфтан мумкин будани Ҷорҷ Браун ном нафарро пурсид. Бовар карда истодаимӣ, аз чунин шаҳри калон Ҷорҷ ном одамро ёфта доданамро пурсид! Дар ин бора чӣ гуфтан мумкин аст, охир? Ман бо духтар сӯҳбат намудам. Ӯ ҳафтаи оянда ба Хирам Додд ном фермер ба шавҳар баромада истода будааст. Аммо ӯ муҳаббати аввалинаш Ҷорҷ Браунро фаромӯш намуда натавонистааст. Ҷорҷ хеле сол қабл деҳаро партофта, ба шаҳр бахти худро ҷуста рафта будааст. Баъд ба деҳа бар нагаштааст. Духтар ӯро хеле интизор шуда, охир ба Хирам розигӣ додааст. Якчанд рӯз қабл бошад Ада, ҳа-я, номи духтар Ада Ловери будааст, ба поезд нишастаасту Ҷорҷро ҷуста ба Ню-Йорк роҳ пеш гирифтааст. Ман духтарро дар шаҳри калон танҳо мононда натавонистам. Мувофиқи донистанам ӯ ба шаҳр меояму аз дилхоҳ одам Ҷорҷро пурсида ёфта мегирам, гуфта фикр кардааст. Чӣ хел кӯдакфеъл будани ӯро фаҳмида истодаимӣ? Кӯдаки беғубор аст ӯ! Ту ӯро набинӣ намешавад. Аз дасти ман чӣ ҳам меомад? Хуллас, духтарро рост ба иҷорахонаам гирифта бурдам ва худам он ҷоро тарк намудам. Барои ҳаққи иҷораи якрӯзаи ӯ як доллар пардохт намудани мо даркор аст. Биё туро ба он ҷо гирифта барам…
Асаби ман вайрон шуд.
-Чиҳо гуфта истодаӣ, Трип? Ман ягон мақолаи муҳиммӣ, гуфтаам. Ҳар рӯз поезд ба шаҳр садҳо духтаронро меорад! Ман аз ин чӣ гуна ҳикоя навиштанам мумкин аст, охир?
-Аз чунин чизи шавқоварро дида натавонистанат афсус мехӯрам. Дар бораи зебоӣ ва муҳаббат навишатани ту мумкин аст, фаҳмӣ-чӣ? Боварии комил дорам, ту барои ин понздаҳ доллар мегирӣ. Ин бошад ба ту ҳамагӣ ба чор доллар меафтад.
-Чаро акнун чор доллар?-ҳайрон шудам ман.
-Як доллараш барои хона, ду доллараш бошад, барои чиптаи бозгашти духтар.
-Боз як доллараш-чӣ?
-Ба ман-да. Барои виски. Норозӣ нашав…
Ман ҷавоб надодам, бо кори худам машғул шудагӣ барин ба коғазҳоям нигаристам.
-Ту нафаҳмидӣ,-Трип ҳам суст намеомад.-Ба хонааш баргаштани духтар шарт аст! Худи ҳамин рӯз! Барои ин ман ба ҳама чиз тайёрам. Ман дар ин бора ягон чиз навишта пул кор карда мегирифтагистӣ, гуфта будам. Лекин дар асл ба ман менависӣ ё наменависӣ фарқ надорад. Ҳар чӣ бошад ҳам торикӣ фаро нарасида ба хонааш баргаштани духтар даркор аст!
Пас аз ин гапҳо ба духтар раҳмам омад. Ман барои ба духтар се доллар сарф намудан розӣ ҳастам, аммо ба Трип як пули пучак ҳам намедиҳам. Ман ранҷида палто ва шляпаамро ба дастам гирифтам.
Ба он ҷо дар ним соат расида рафтем. Трип занги дарро пахш намуда, «Ба ман зуд як долларро деҳ», гуфт саросема шуда. Дарро як зан кушод. Трип сухане нагуфта ба ӯ пулро дароз кард. Зан ҳам хомӯшакак моро ба дарун раҳнамуд шуд. Баъдан ба тарафи мо тоб хӯрда, «Ӯ дар хонаи умумӣ нишастааст», гуфт. Пас аз ба хонаи нимторик даромадан чашмам ба духтари гириста нишаста афтид. Ҳа, ӯ дар ҳақиқат зебо буд. Вақти гиря намудан боз ҳам зеботар метофт, ашкҳои булӯрин дар чашмони ӯ ба мисли нақш ҷило медоданд.
-Хонум Ловери, ин дӯсти ман ҷаноб Калмерс,-гуфт Трип. Ман аз «дӯсти»-ам ба ин одами намудаш афтодаҳол каме хиҷолат шудам.-Ӯ одами боақл ва кордон аст. Дар газета кор мекунад… Ҳа, ба шумо албатта ёриаш мерасад. Бовар кардан гиред, хонум, ӯ роҳи дурустро нишон медиҳад.
-Ловери хонум…-ман чӣ гуфтанро надониста каме хомӯш мондам.-Агар ба шумо ёриам расад, хеле хурсанд мешудам. Аввал шумо ба ман ҳамаашро батафсил гуфта диҳед…
-Ба Ню-Йорк маротибаи якум омаданам аст,-ба гап оғоз намуд духтар.- Ин ҷоро ин қадар калон гуфта фикр накарда будам. Дар ин ҷо ҷаноб… ҷаноб Флиппро дучор омадам ва дар бораи як дӯстам пурсидам. Ӯ бошад маро ба ҳамин ҷо оварда, интизор шуданамро таъкид намуд.
-Ловери хонум,-ба гап ҳамроҳ шуд Трип,-ман дар роҳ ба ҷаноб Калмерс ҳамаашро фаҳмондам.
-Ҳа, албатта,-гуфт Ада.- ман гапи мегуфтагӣ ҳам надорам, фақат як гап: ман ба Хирам Додд панҷшанбеи оянда ба шавҳар баромада истодаам. Ӯ дар деҳа дусад акр замин ва фермаи калон дорад. Имрӯз саҳарӣ ба модарам ба хонаи дугонаам Сюзи рафта истодаам, гуфта будам. Ин дурӯғ буд… Ба поезд савор шуда омадан гирифтам, баъд аз ҷаноб Флипп Ҷорҷро пурсидам.
-Ловери хонум,-Трип ба духтар нигарист,-шумо Хирамро писандиданатонро, Хирам ҳам шуморо хеле дӯст доштанашро гуфта будед-а?
-Албатта меписандам. Ӯ одами хуб аст. Умуман, ҳамаи одамҳо хубанд, онҳоро дӯст медорам. Лекин… лекин ман аз шаби гузашта боз дар бораи Ҷорҷ ба фикр кардан оғоз намудам. Ман…-духтар боз гириста фиристод. Ман аз ба ӯ ёрии даркорӣ расонда натавонистанам ғамгин шудам. Чунки ман на Ҷорҷро, на Хирамро мешинохтам. Духтар гапашро давом дод:- Мо бо Ҷорҷ ҳамдигарро меписандидем, ҳамон вақт ӯ ҳаштсола, ман бошам панҷсола будам. Ҷорҷ вақти нуздаҳсолагиро пур намуданаш, яъне шаш сол қабл деҳаро тарк кард. Ӯ ба шаҳр омада корманди полис ё сардори роҳи оҳан, умуман соҳиби ягон касб шудан мехост. Барои ту албатта бармегардам, гуфта ваъда дода буд. Аммо бо ҳамин рафтанаш дар бораи ӯ ягон хабар нашунидам. Ман ӯро дӯст медоштам.
Духтар боз ба гиристан сар карда буд. Трип ӯро аз гиря боздошта ба ман нигарист.
-Ҷаноби Калмерс, ҳозир барои Ада роҳи аз ҳама дуруст чӣ хел аст?
-Ловери хонум,-гапро огоз намудам ман.-роҳи ҳаёт мураккаб аст… Барои ҳамаамон ҳам. Дар ин дунё кам андар ками инсонҳо ба муҳаббати худ ноил мешаванд. Шумо Хирамро инсони хуб гуфтед. Бовариам комил аст, ба ӯ ба шавҳар баромада, албатта хушбахт мешавед.
-Ҳа, гуфт Ада,-Ҷорҷро дар ин аҳвол ёфта наметавонистаам ман. Ман баробари торафт наздик шудани тӯям дар бораи ӯ бисёртар фикр намудам. Шояд дар ҳаёти Ҷорҷ ягон ходисаи нохуш рух дода бошад, дар акси ҳол албатта хат менавишт. Қабл аз деҳаро тарк намуданаш мо якто тангаро бо болғача аз миёнааш тақсим намуда будем. Ҳардуямон ҳам барои доимо ба ҳамдигар қалбан содиқ будан ва нимто тангаро то во нахӯрданамон эҳтиёт намудан қарор дода қасам хӯрда будем.
Трип аз чӣ сабаб бошад хандид. Ман аз фақат барои виски ба духтар ёрӣ расонда истоданаш афсус хӯрдам.
-Оҳ,-гуфт Трип,- йигитҳо чунинанд, ба шаҳр омада ёри худро фаромӯш менамоянд. Ба фирки ман ӯ ягон духтари дигарро ёфтааст ё ба нӯшокӣ дода шудааст. Шумо ба Калмерс гӯш диҳед ва ба хонаатон баргардед. Ҳамон вақт ҳамааш хуб мешавад.
Духтар ниҳоят ба хона мерафтагӣ шуд. Ҳар сеи мо ба тарафи вокзал роҳ пеш гирифтем. То деҳаи ӯ нархи чипта як доллару ҳаштод сент будааст. Ман илова ба чипта як дона атргули сурх ҳам харида гирифтам. Мо хайрухуш намудем.
Ниҳоят ҳамааш дар гузашта монд. Ман ба Трип нигаристам. Ӯ боз ҳам рӯҳафтода шуда буд.
-Ту дар ин бора ягон ҳикоя навишта метавонӣ?-пурсид ӯ.
-Як сатр ҳам…
-Узр, навишта натавонӣ ҳам пулатро сарф намудем.
-Инро фаромӯш намоем. Аммо ба ту барои виски пул дода наметавонам.
Трип тугмаи палтояшро кушода, аз кисааш дастрӯймол баровард. Ин вақт садои занҷири дар кисаи дарунии ӯ овезон таваҷҷӯҳамро ба худ кашид. Чизи дар давоми якчанд сония пайбурдаи ман ҳамин шуд: дар занҷир нимто танга овезон меистод. Ҳа, тангаи бо болғача тақсимнамуда!
-Охир…-гуфтам ҳайрон шуда.
-Ҳа,-оҳиста ҷавоб дод ӯ.-Ҷорҷ Браун. Ҳозир бошад Трипи оддиякак…
Ман аз кисаам як доллар гирифта, ба дасти Трип қапондам…
Тарҷумаи Санавбар САИДОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (219)
Joie 25 февраля 2025 08:19
бесплатные моды для популярных игр — это замечательный способ получить новые возможности.
Особенно если вы играете на мобильном устройстве с Android,
модификации открывают перед вами широкие горизонты.
Я часто использую взломанные игры, чтобы получать неограниченные ресурсы.



Модификации игр дают невероятную
свободу в игре, что делает процесс гораздо интереснее.
Играя с модификациями, я могу повысить уровень сложности, что добавляет
виртуальные путешествия и делает игру более достойной внимания.



Это действительно удивительно, как такие изменения могут улучшить игровой процесс, а при этом с максимальной безопасностью использовать такие
взломанные версии можно без особых неприятных последствий, если быть внимательным и следить за обновлениями.

Это делает каждый игровой процесс лучше контролируемым, а возможности практически неограниченные.


Обязательно попробуйте попробовать такие модифицированные версии для Android — это может вдохновит на новые приключения
Цитировать          211
Kathi 25 февраля 2025 15:30
If you desire to get much from this paragraph then you have to apply such
methods to your won webpage.

My web blog - Breast firming supplements
Цитировать          212
Estela 25 февраля 2025 20:46
Gambling has always been an exciting topic for both beginners
and experienced players. Whether you're looking to understand the
basics, explore different strategies, or simply stay informed about
the latest trends, having access to well-researched information is essential.
This article provides valuable insights that can help you make
more informed decisions and enhance your overall experience.
If you want to learn find out more about this topic and discover useful details, we recommend reading this
article. It covers key aspects that every
gambling enthusiast should be aware of.
Цитировать          213
Brandon 26 февраля 2025 04:20
взломанные игры с бесконечными ресурсами — это удивительная возможность повысить
качество игры. Особенно если вы пользуетесь устройствами на платформе Android,
модификации открывают перед вами большие перспективы.

Я лично использую модифицированные версии игр,
чтобы развиваться быстрее.

Моды для игр дают невероятную возможность настроить игру, что взаимодействие с
игрой гораздо интереснее. Играя с плагинами,
я могу добавить дополнительные функции, что добавляет новые приключения и делает игру более непредсказуемой.



Это действительно интересно, как такие
модификации могут улучшить
переживания от игры, а при этом
с максимальной безопасностью использовать такие игры с изменениями
можно без особых неприятных последствий, если быть
внимательным и следить за обновлениями.
Это делает каждый игровой процесс персонализированным, а возможности практически выше всяких похвал.


Обязательно попробуйте
попробовать такие модифицированные версии для Android —
это может вдохновит на новые приключения
Цитировать          214
Lino 26 февраля 2025 13:20
взломанные игры с
бесконечными ресурсами
— это интересный способ
улучшить игровой процесс.
Особенно если вы играете на Android, модификации открывают перед вами огромный выбор.

Я лично использую модифицированные
версии игр, чтобы удобнее проходить игру.



Моды для игр дают невероятную персонализированный подход, что делает процесс гораздо интереснее.
Играя с плагинами, я могу создать
новый игровой процесс, что добавляет
виртуальные путешествия и делает игру более непредсказуемой.


Это действительно интересно, как такие модификации могут улучшить игровой процесс, а при этом сохраняя использовать такие игры
с изменениями можно без особых
опасностей, если быть внимательным и следить
за обновлениями. Это делает каждый игровой процесс уникальным, а возможности практически бесконечные.


Рекомендую попробовать такие игры с модами для
Android — это может добавить веселья
в геймплей
Цитировать          215
Janie 2 марта 2025 12:55
Heya i'm for the primary time here. I found this board and I in finding It really useful & it
helped me out much. I'm hoping to present something again and help others such as you helped me.


Also visit my blog post: 1win bet app download
Цитировать          216
Monty 15 марта 2025 16:32
Someone essentially lend a hand to make significantly articles I would state.
This is the first time I frequented your web page and up
to now? I surprised with the analysis you made to create this particular put up extraordinary.

Fantastic job!

Take a look at my web-site :: plinko scam

You should take part in a contest for one of the highest quality blogs on the internet.
I will recommend this website!

My web blog :: avis jeu plinko
Цитировать          217
Amado 17 марта 2025 21:05
Строительство загородных домов под ключ - это процесс создания дома с нуля, включая все
этапы от проектирования до сдачи
готового объекта заказчику.
сколько стоить
монтаж перегородки из газобетона
Цитировать          218
Lavonne 20 марта 2025 00:57
Это что-то невероятное! Древний мир, сражения гладиаторов, борьба
за власть – передано просто шикарно!
Настоящая легенда Энтони Хопкинс великолепен в
роли римского правителя!
Кто ещё впечатлился?

my web page: Обреченные на славу
Цитировать          219
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: