Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЙЁМАДҲОИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО: АЗ ТАҒЙИРИ МУҲИТИ ЗИСТ ТО НИЗОЪ МИЁНИ ҚУТОС ВА ПАЛАНГИ БАРФӢ

ПАЙЁМАДҲОИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО: АЗ ТАҒЙИРИ МУҲИТИ ЗИСТ ТО НИЗОЪ МИЁНИ ҚУТОС ВА ПАЛАНГИ БАРФӢ

17-04-2026, 11:00
Хабарро хонданд: 12715 нафар
Назарҳо: 152
ПАЙЁМАДҲОИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО: АЗ ТАҒЙИРИ МУҲИТИ ЗИСТ ТО НИЗОЪ МИЁНИ ҚУТОС ВА ПАЛАНГИ БАРФӢКӯҳҳои Помир макони ороме мебошад, ки дар он пиряхҳо асрҳо ҳаётро таъмин, дарёҳоро пур ва экосистемаро эҷод карда, ҳам одамон ва ҳам ҳайвоноти нодир аз он вобастагии комил доранд. Мутаасифона, имрӯз ин оромӣ ва вобастагӣ зери хатар қарор гирифтааст. Бо гармшавии глобалӣ ва баланд шудани ҳарорати миёна, пиряхҳо бо суръати нигаронкунанда об мешаванд ва ба захираҳои оби ширин, кишоварзӣ, энергетика ва гуногунии биологӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Обшавии пиряхҳо на танҳо ба масъалаи илмӣ ё иқлимӣ, балки ба нигаронии ояндаи ҳаёти одамон, табиат ва ҳайвоноти табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Атласи Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP), аз 14,000 пирях дар Тоҷикистон, беш аз 1000-тои онҳо дар даҳсолаҳои охир пурра об шудаанд, ки аз онҳо беш аз 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, ҳар гуна тағйироте, ки ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонад, на танҳо як масъалаи миллӣ, балки мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ мебошад. Тасодуфӣ нест, ки Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун як чолиши муҳими экологӣ дар Форумҳои байналмилаии ва минбари СММ матраҳ мекунад. Обшавии пиряхҳо боиси коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо ва захираҳои об барои кишоварзӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва истеъмоли дохилӣ мегардад. Тибқи баррасиҳои илмӣ, муайян гардидааст, ки ҳаҷми аксари пиряхҳои Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба таври назаррас коҳиш ёфта, баландшавии ҳарорати миёна, кам шудани бориши барф ва тағйирёбии шароити иқлим боиси кам шудани онҳо мегардад.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳарорати миёна дар Тоҷикистон дар солҳои охир 1,2°C афзоиш ёфтааст, ки ду баробар тезтар аз ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ аст. Ин раванд на танҳо боиси коҳиши захираҳои об, балки боиси тағйирот дар манзараҳои кӯҳӣ, кам шудани чарогоҳҳо, тағйир ёфтани масирҳои муҳоҷирати ҳайвонот ва ноустувории экосистема мегардад. Тағйирёбии иқлим ҳамчунин ба афзоиши офатҳои табиӣ мусоидат мекунад. Масалан аз соли 2020 то 2023 дар Тоҷикистон беш аз 1800 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар фавтидаанд. Бинобар, муҳити зист, ки асрҳо мувозинати худро нигоҳ доштааст, тадриҷан тағйир меёбад ва ин тағйирот на танҳо ба одамон, балки ба ҳайвоноти нодир, ба монанди паланги барфӣ низ таҳдид мекунад.
Паланги барфӣ яке аз рамзҳои манзараи кӯҳистони Тоҷикистон аст. Ин ҳайвони нодир танҳо дар муҳити ором, васеъ ва устувор вуҷуд дошта метавонад. Муҳаққиқони соҳа паланги барфиро "нишондиҳандаи саломатии экосистема" мешуморанд, яъне агар муҳити зист солим бошад, ин намуди паланг дар он ҷо зиндагӣ ва афзоиш хоҳад ёфт. Созмони ҷаҳонии ҳифзи табиат (WWF) таъкид мекунад, ки Тоҷикистон яке аз минтақаҳои тиллоии гуногунии биологӣ аст ва ҳифзи паланги барфӣ ва дигар намудҳои нодир барои нигоҳ доштани тавозуни экосистема муҳим аст, аммо, тағирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ин муҳити зистро халалдор мекунанд. Коҳиш ёфтани қаламрав ва тағйир ёфтани манбаъҳои ғизо паланги барфиро зери фишор қарор медиҳад ва онро маҷбур мекунад, ки барои қаламрави худ мубориза барад.
Яке аз масъалаҳои камомӯхташуда, вале хеле ҷиддии обшавии пиряхҳо низоъ байни ҳайвонот аст. Масалан, аз сабаби тағйироти муҳити зист ва обшавии пиряхҳо қутосҳо (гушхов), ба минтақаҳое, ки қаблан қаламрави паланги барфӣ буданд, кӯчида истодаанд. Палангҳои барфӣ нисбат ба наздикшавии ба қаламрави худ хеле ҳассос ҳастанд ва воридшавии ҳайвони дигарро ҳамчун таҳдид мешуморанд. Ин боиси задухӯрдҳои шадид байни ин ду ҳайвон мегардад, ки аксар вақт паланги барфиро захмӣ ё заиф мегардад. Палангҳои барфии заиф, ки дар ҷустуҷӯи хӯрок, ба чорвои маҳаллӣ ҳамла мекунанд. Ин боиси норозигии мардум мегардад ва гарчанде ки решаи мушкилот дар тағйирёбии муҳити зист аст, сокинон аксар вақт ин ҳайвони нодирро ҳамчун душмани ҳайвоноти хонагӣ қабул мекунанд. Ҳамин тариқ, тағйирёбии иқлим ба низоъ байни инсон ва табиат табдил меёбад, ки боиси ташаннуҷи нав мегардад ва таҳдид ба ҳифзи намудҳои ҳайвоноти нодирро афзоиш медиҳад.ПАЙЁМАДҲОИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО: АЗ ТАҒЙИРИ МУҲИТИ ЗИСТ ТО НИЗОЪ МИЁНИ ҚУТОС ВА ПАЛАНГИ БАРФӢ
Эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ дар муҳити зист метавонад омили муттаҳидкунанда барои кишварҳо бошад. Ин сармоягузорӣ на танҳо маблағ, балки дониш, технология ва ҳамкории илмиро низ дар бар мегирад. Дар ин замина, таҷрибаи ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим танҳо тавассути талошҳои муштарак имконпазир аст. Дар солҳои охир якчанд лоиҳаҳо вобаста ба идоракунии захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо иштироки шарикони байналмилалӣ амалӣ карда шудаанд. ЮНЕСКО ва шарикони минтақавӣ бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ва Фонди ҷаҳонии экологӣ (GEF) лоиҳаҳои мониторинг ва ҳифзи пиряхҳоро дар Тоҷикистон амалӣ мекунанд. Ин лоиҳаҳо барои таҳияи технологияҳо барои назорат ва пешгӯии обшавии пиряхҳо ва ҳифзи гуногунии биологӣ равона шудаанд. Тибқи иттилои расмӣ тавассути Барномаи Рушди СММ (БРСММ) татбиқи лоиҳаҳоеро ба монанди Мусоидат ба устувории иқлим дар Тоҷикистон ва Тақвияти устувории иқлим дар бахшҳои кишоварзӣ ва об дар деҳоти Тоҷикистон дастгирӣ кардааст. Ин лоиҳаҳо тақрибан 67,6 миллион доллари ИМА-ро барои чораҳои мутобиқшавӣ сармоягузорӣ кардаанд. Тавассути ин лоиҳаҳо беш аз 132 000 нафар мустақиман аз таъсири тағйирёбии иқлим ва беш аз 500 000 нафар ба таври ғайримустақим аз таъсири тағйирёбии иқлим баҳра бурданд. Чунин сармоягузориҳо аз бемориҳо, мушкилоти иқтисодӣ, гуруснагӣ ва дар ниҳоят нобудшавӣ пешгирӣ мекунанд ва инчунин дастрасӣ ба дигар соҳаҳо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба илм, дониш ва технологияро осон мекунанд. Агар табиат халалдор шавад, одамон устувории худро аз даст медиҳанд. Сармоягузорӣ ба муҳити зист метавонад сайёраро аз нобудшавӣ наҷот диҳад ва пиряхҳо, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, истисно нестанд. Барои ҳифзи онҳо чораҳои зеринро пешниҳод кардан мумкин аст:
- мониторинги дақиқтар ва зуд-зудтари пиряхҳо бо истифода аз технологияи рақамӣ,
- ҳифзи маконҳои нодири ҳайвонот,
- пешгирии низоъҳои инсон ва ҳайвонот,
- рушди экотуризм ва ҷойҳои кории "сабз" барои аҳолии маҳаллӣ ҳам ба ҳифзи муҳити зист ва ҳам ба беҳтар шудани ҳаёти инсон мусоидат мекунад.
Яке аз роҳҳои муассири ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон ва пешгирии оқибатҳои обшавии онҳо мониторинги рақамӣ ва истифодаи технологияи моҳвораӣ мебошад. Тадқиқоти илмии ахир нишон медиҳанд, ки параметрҳои суръати пиряхҳоро метавон бо истифода аз маълумоти моҳвораӣ ва моделҳои омӯзиши; самаранок муайян ва ба таҳқиқоти тағйирёбии иқлим ворид кард. Ҳатто дар шароити воқеӣ, чунин мониторинг имкон медиҳад, ки қариб 80% пиряхҳои калони ҷаҳон назорат карда шаванд, ки имконияти назаррасеро барои пешгӯии таъсири обшавии онҳо ва таҳияи барномаҳои ҳифзи муҳити зист нишон медиҳад. Барои ҳифзи муҳити зисти ҳайвоноти нодир ва таъмини рушди устувор дар минтақаҳои кӯҳистон якчанд чораҳо заруранд. Аввалан, таъсиси минтақаҳои ҳифзшаванда ба афзоиши шумораи намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ мусоидат мекунад. Масалан, таҳқиқот нишон медиҳанд, ки таъсиси минтақаҳои ҳифзшаванда дар Ҳимолой ба афзоиши шумораи палангҳои барфӣ ва дигар намудҳои нодир мусоидат кардааст. Дуюм, назорати минтақаҳои табиӣ бо истифода аз технологияи моҳвораӣ ва зеҳни сунъӣ хатари ҳамлаҳои ҳайвонотро ба одамон ва чорво коҳиш медиҳад ва ба пешгирии низоъҳои инсон ва табиат мусоидат мекунад. Сеюм, ҳифзи муҳити зист ва назорат аз болои он, на танҳо барои табиат, балки барои рушди экотуризм ва таъсиси ҷойҳои кории ба аҳолии маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.
Хулоса, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҳар як долларе, ки ба ҳифзи муҳити зист сармоягузорӣ мешавад, метавонад манфиатҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба бор орад. Сармоягузорӣ дар табиат ва муҳити зист танҳо хароҷот нест, он сармоягузорӣ ба ояндаи инсоният ва тамоми экосистемаи сайёра мебошанд, ки танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва амалҳои созанда ба даст оварда мешавад. Ҳамкории байналмилалӣ ва сармоягузориҳои экологӣ, аз ҷумла таваҷҷӯҳ ба мониторинг ва барқарорсозии экосистема, ба кишвар имкон медиҳад, ки на танҳо мушкилоти захираҳои обро пешгирӣ кунад, балки муколама ва ҳамкорӣ дар дохили минтақа ва ҷаҳонро боз ҳам бештар тақвият диҳад.

Гулҳаё Мадимарова
"Минбари Халқ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (152)
Shelby 5 мая 2026 03:16
Right here is the right webpage foor anyone who would like to understand this topic.
You know a whole lot its almost hard to argue with yyou
(not that I really would want to…HaHa).
You certainly putt a fresh spin on a subject that's
beeen dischussed for ages.Excellent stuff,
just wonderful!

Have a look at my blog post Spor haberleri
Цитировать          151
Justine 13 мая 2026 15:36
Hello, I enjoy reading all of your article.
I like to write a little comment to support you.


Here is my blog post; Tiyatro oyunları inceleme
Цитировать          152
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: