ДАВЛАТАЛИ ДАВЛАТЗОДА: тоҷикон дар қатори пешрафтатарин халқҳои ҷаҳон буданд11-04-2018, 09:27
Хабарро хонданд: 598 нафар
Назарҳо: 0
Оғози соли ҷорӣ дар ҳаёти илмию фарҳангии ҷумҳурӣ рўйдоде падид омад, ки чӣ дар миёни аҳли илму адаб ва чӣ дар миёни оммаи васеи мардум баҳсҳои ҷолиб ба амал овард. Ин падида – ба табъ расидани китоби нави олими шарқшинос ва ходими намоёни сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода “Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул” мебошад. Дар бораи мазмуну моҳияти китоби мазкур суҳбате доштем бо муаллифи он Давлаталӣ Давлатзода. –Устод, дар о ғози суҳбат шуморо бо нашри чунин як китоби арзишманд муборакбод мегўем. Аз замони баргузории муаррифии китоби Шумо муддати на чандон зиёд сипарӣ шудааст, вале аллакай дар ҷомеа доир ба муҳтавои он баҳсҳо ба амал омадаанд... – Ташаккур. Бале, боиси хушнудист, ки имрўз дар байни мардум китобдўстону шахсоне, ки нисбат ба таърихи халқи худ бетараф нестанд, зиёданд. Дар бораи муҳтавои китоб ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар он саҳифаҳои пурра таҳқиқнашудаи таърихи тоҷикон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор мавриди пажўҳиш қарор гирифтаанд. Дар мавзуи таърихи ин минтақа ҳанўз аз асрҳои миёна, аз Табарӣ то Ибни Асир ва аз Ибни Асир то имрўз чи дар Шарқу чи дар Ғарб асарҳои хеле зиёд таълиф шудаанд. Вале мақсади асосии ман тасвири таърихи ислом набуд, балки таҳқиқи омилҳое буд, ки ба бунёду пешрафти бузургтарин тамаддуни ҷаҳонӣ, ки бо номи Асрҳои Тиллоӣ маъруфу машҳур мебошад, мусоидат карданд ва таҳқиқи сабабҳое буд, ки боиси таназзули бузургтарин тамаддуни ҷаҳони асри XIII гардиданд. Мехостам дар ин китоб бартарии илму маърифатро бар ҷаҳлу таассуб. ки имрўз боиси таназзул ва инқирозу маҳвшавии баъзе кишварҳои мусалмонӣ гардида, оташи хушунату низоъ ва терорро дар он баланд кардааст шарҳ диҳам. - Шумо дар боби Асрҳои Тиллоӣ дар бораи дастовардҳои беназири олимони он давра маълумотҳои зиёд оварда, нақши тоҷиконро дар ин раванд хеле барҷаста нишон додед. Кадом омилҳо имконият доданд, ки кишварҳои машриқзамин ҳанўз ҳазор сол пеш қуллаҳои баландтарини илми он замонро фатҳ намуда буданд, вале имрўз побанди ҷаҳлу таассубанд? Таҳқиқ намудани омилҳое, ки барои рушду инкишофи тамаддуни шарқ дар замони Асрҳои Тиллоӣ мусоидат карда буданд, дар мадди аввал қарор дода шуд, зеро дар ин бора нофаҳмиҳои зиёде мавҷуданд. Хусусан дар байни муҳаққиқони муосири Ғарб дар ин мавзуъ нуқтаи назари гуногун ҷой доранд. Кор то ҷое расида, ки баъзеҳо ҳатто мавҷудияти чунин тамаддунро дар таърих зери суол мегузоранд. Яке аз мақсадҳои ин китоб низ ҳамин мебошад, то асли воқеият оид ба Асрҳои Тиллоӣ ва аз ҷумла саҳми тоҷикон дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ равшан шавад. Мо ҳақ надорем давраеро, ки ба тамаддуни ҷаҳон ноби ғаҳоеро мисли Ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Закриёи Розӣ... тақдим намуд, ба боди фаромўшӣ афканем. Омили муҳим – ин пеш аз ҳама фазои нисбат ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Аврупо, хеле озодтари эҷодкорӣ, ки ҳам дар илму маърифату ҳунармандӣ ва ҳам дар низоми давлатдории он замон дар байни хулафо ва мулуку салотин васеъ ҷорӣ гардида буд. Аз ҷумла халифа Маъмун, ки шахсан дар мубоҳисаҳои илмии олимон дар «Дору-л-ҳикма» ё Академияи улуми Ба ғдод иштирок менамуд ва баробари олимон ибрози ақида мекард, намунаи равшани чунин сиёсат мебошад. Вале мутаассифона мо имрўз акси ин чизро мушоҳида мекунем. Кишварҳои аврупо аз банди католитсизми иртиҷоӣ раҳо ёфта рў ба илму маърифат овардаанд, вале мусалмонон илму маърифати ҳазорсолаи худро фаромўш намуда, ба банди ҷаҳлу таассуб гирифтор шудаанд. Ниёгони мо аз асри VIII то асри XIII дар зинаи баландтарини пешрафт мақом гирифта буданд. Руш¬ди саноату тиҷорат, илму фан ва фарҳангу адабиёт дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ қарор доштанд. Кишварҳои ховар он давра пешо¬ҳан¬ги тараққиёти созандаи ҷаҳонӣ гардида, молҳои истеҳсоли мардуми ин сарзамин асоси тиҷорати байналмиллалии “Роҳи Абрешим”-ро, ки имрўз мо онро асосан ба хитоиҳо нисбат медиҳем, ташкил менамуданд. Дар айни замон, пешрафти илму фарҳанг ба рушду тараққиёти бесобиқаи иқтисодӣ, ба вусъат ёфтани тиҷорат, хусусан дар Мовароуннаҳр ва Хуросон мусоидат намуд. Бо такя бар сарчашмаҳои мўътамад дар китоб нишон дода шудааст, ки Мова-роун¬наҳр ва Хуросон дар асрхои VIII-XIII меҳвари асосии тараққиёти тамаддуни ҷаҳонӣ буда, маҳз аз ҷониби олимону донишмандони ҳамин сарзамин ба донишу фановарие замина гузошта шуданд, ки баъдтар барои тараққиёти илму фан дар тамоми ҷаҳон мусоидат намуданд. Дар он замон аксарияти аҳолии ин минтақа, яъне Моваруннаҳру Хуросонро, ба ақидаи аксари муаррихон, тоҷикон ташкил медоданд. Аз ин рў, мо чунин хулоса карда метавонем, ки тоҷикон, ки қисми аз ҳама бузургтари аҳолии Мовароуннаҳру Хуросонро ташкил медоданд, дар байни халкҳои дигари асри XIII мақоми хеле баландро соҳиб гардида буданд. Бесабаб набуд, ки Чингизхон Мовароуннаҳру Хуросонро, ба навиштаи Рашидуддин, «Вилояти Тожик» ва ё «Билоди Тожик» мегуфт. Мо ба ҳамин хулоса омадем, ки бидуни тамаддуни шарқ, ки нақши тоҷикон дар бунёди он ниҳоят баланд буд, тамаддуни имрўзаи инсонӣ вуҷуд дошта наметавонист. Ба таври дигар гўем, маҳз тамаддуни ҳамин давра муҳтавои илму фанни ҷаҳони имрўзаро муайян кардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар асрҳои XII–XIII сатҳи тараққиёти илму фан ва маърифату фарҳанг дар Ховар нисбат ба Аврупои ҳамон замон 500 сол пеш рафта буд. -Пас кадом омилҳо боиси ба якборагӣ аз байн рафтани чунин тамаддуни бузург ва ақибмонии кишварҳои имрўзаи ховар гаштанд? Имрўзҳо баъзе муҳақкиқони Ғарб дастовардҳои илмии олами шарқро нодуруст шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Он муҳити мусоиди илмию эҷодие, ки дар кишварҳои Шарқ буд, маҳз бо шарофати озодиҳои динӣ ба вуҷуд омада буд. Дар Ироқ Сурия, Миср ва мисли ин тўли садсолаҳо муътақидони дину мазҳабҳои мухталиф паҳлўи ҳам зиндагии орому осуда доштанд. Имрўз беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо барои пойдории арзишҳои дунявӣ муборизаи оштинопазир мебаранд. Як мулоҳиза кунед, ки асрҳо баъд, дар Давраи Эҳё дар Аврупо олимонро барои он кашфиётҳое, ки дар заминаи кашфиёти олимони кишварҳои шарқ анҷом медоданд, бо таҳрики рўҳониёни католикӣ ба оташ мепартофтанду қатл мекарданд. Ҳол он ки дар хилофати Аббосиён олимон барои кашфиётҳои илмӣ аз ҷониби давлат соҳиби мукофот мешуданд. Аввалин академияҳо дар Аврупо танҳо дар асри XVII ба вуҷуд омаданд. Ҳол он ки дар шаҳрҳои бузурги Шарқ мисли Ба ғдод, Димишқ, Қоҳира, Марв, Гурганҷ, Нишопур, Ҳирот, Бухоро ва Самарқанд дар асри IX аллакай марказҳои бузурги илмӣ ва таълимӣ – донишгоҳҳо ва академияҳо фаъолият мекарданд. Вале ин махзани бузурги илму маърифат барҳам хўрда, он сарчашмае, ки мардумро бо илму донишу фарҳанг таъмин мекард, хушк шуд. Ва сабаби ақибмондагии мусулмононро дар замони имрўза низ мо бояд дар ҳодисаҳои фоҷиавии асри XIII ҷустуҷў кунем. Албатта, ба таназзули тамаддуни мусулмон омилҳои гуногун сабаб шудаанд, аз ҷумла бедодгариҳои рўҳониёни мутаассиб, паст шудани арзишҳои ахлоқӣ, зиёд шудани зулму бедодгариҳои баъзе шоҳзодагони он давра, та ғйир ёфтан ва аз хушкӣ ба баҳрӣ гузаштани роҳҳои тиҷорати байналмиллалӣ ва аз байн рафтани «Роҳи Абрешим»… Лекин омили асосие, ки ба решаи ин тамаддун табари заҳролуда зада, онро сарозер кард, ин ҳуҷуми Чингизхон ба Мовароуннаҳру Хуросон буд. Он ваҳшонияте, ки аз ҷониби ўрдуи му ғул дар кишварҳои мусулмонӣ ба амал омад, барои мардуми минтақа оқибати ҳалокатбор овард. Ба ин тарз, Чингизхон қотили тамаддуни пешрафтаи ховар гардид. -Сабаби хусумати Чингизхон бо мусулмонон, аз ҷумла тоҷикон дар чӣ буд? Чаро маҳз му ғулон, ба ақидаи Шумо, “сабабгори аз байн рафтани тамаддуни пешрафта гардиданд, ки таҳкурсии мустаҳками ҷаҳони имрўзаро гузошта буд” ? Муаррихи маъ¬¬руф Ибни Асир дар “Таърихи Комил” ҳамчун шоҳиди асли ин фо¬ҷиа аз ҷумла менависад, ки “Мусулмонон аз замони Пай ғам¬бари ак¬рам, салаллоҳу алайҳи ва саллам, то имрўз дучори чунин фитнае нашуда буданд” ва «ислом ва мусулмонон дар ин муддат сахтиҳое кашиданд, ки ҳеҷ як аз умматҳои дигар накашиданд». Ибни Асир ҳуҷуми Чингизхонро ба Мовароуннаҳру Хуросон, он хунрезиҳо, қатли ом, хароб намудани шаҳрҳои ободи ин сарзамини шукуфонро, он талафотеро, ки тоҷикон ҳангоми истилои му ғул доданд, бо “марги ислом ва мусулмонон” баробар кардааст. Аз ин сабаб, ҳарчанд мо китобро таърихи воқеии мусулмонон ном ниҳода бошем ҳам, дар баробари ин мо метавонем онро таърихи фоҷиаи мусулмонон гўем. Чунки дар китоб кўшиш рафтааст, ки пурдаҳшаттарин саҳифаи таърихи мусулмонон таҳқиқ карда шавад ва яке аз асоситарин омили рў ба таназзул рафтани тамаддуни ин минтақа ошкор карда шавад. Му ғулон халқеро ҳадафи асосии мақсадҳои зишташон қарор доданд, ки ин халқ муҳаррики тамаддуни пешрафтатарини ҷаҳони онрўза гашта буд. Ин тамаддуни дар асл тоҷикӣ моҳиятан пешрафтатарин тамаддуни инсонӣ буд. Аслан, кўчманчиёни му ғул як хусумати доимӣ нисбати аҳолии муқимӣ, алалхусус шаҳрнишинҳо доштанд. Вале дар мавриди Мовароуннаҳр ба ин хусумати шахсии Чингизхон нисбат ба ҳокими ин сарзамин Муҳаммад Хоразмшоҳ зам шуда буд, ки аз рўи ҳирсу тамаъ корвони намояндагону бозаргонони Чингизхонро тороҷ кардаву беш аз 400 нафар фиристодагони ўро ба қатл расонида буд. Аз ин сабаб маҳз бо фармони Чингизхон ҳамаи шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба хок яксон карда шудаву аҳолии ин ҷо қатли ом карда мешаванд. Дар баробари тоҷикон дар Мовароуннаҳр, яъне дар ҳудуди онрўза Осиёи Миёна ҳамчунин туркҳо (о ғузҳо, қанқлиҳо ва ғайра), қир ғизҳо, хоразмиҳо зиндагӣ мекарданд, ки аз онҳо хоразмиҳо – халқи муқимии эронинажод буда, туркҳо бештар саҳронишин буданд. Барои саҳронишинон аз як ҷо ба ҷои дигар кўч бастан ва маҳалли зисташро иваз кардан мушкиле надорад, лекин шаҳрнишин наметавонад шаҳрашро аз як ҷо ба ҷои дигар кўчонад. Ҳамин буд яке аз сабабҳои талафоти аз ҳама бештари тоҷикон дар давраи истилои му ғулон. Чунки аҳолии муқимии Мовароуннаҳру Хуросон, ки аксарияти кулли онҳоро тоҷикон ташкил менамуданд, дар шаҳрҳои калонтарини он замон Самарқанд, Бухоро , Гурганҷ , Тирмиз, Ҳирот, Марв, ки ҳар кадоми онҳо беш аз 1 миллион нафарӣ аҳолӣ доштанд, ҳамчунин дар деҳоти ободу зебо зиндагӣ менамуданд. Он замон дар Мовароуннаҳр 60 фоизи аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд. Барои муқоиса, имрўзҳо танҳо 30 фоизи аҳолии Осиёи Миёна дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Му ғулон нисбат ба мардуми шаҳрнишин то андозае қароҳату бадбинӣ доштанд, ки барои онҳо нест кардани тоҷикон то нафари охирин мисли як ҳадафе буд, ки бояд онро ҳатман иҷро мекарданд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Чандин миллион нафар мардуми бумӣ ба қатл расонида шуданд. Чингизхон мегуфт, ки халқи безиёӣ мисли ҷондори бесар аст, вай дигар зинда намонда аз байн меравад ё бо халқҳои дигар омехта мешавад. Дар китоб мисолҳои зиёде аз муаррихони ҳамон давр оварда шудааст, ки чи тавр му ғулон дар навбати аввал донишмандонро сар мебуриданд. Ба ҷои тоҷикон ва хоразмиён, ки пурра нест шуда буданду пойтахти давлати Хоразмшоҳиён Гурганҷи қадимро ба дарёи Ому ғарқ карданд, аз Му ғулистон қабилаҳои гуногуни му ғул ба Мовароуннаҳр ворид шуданд. Шаҳрҳои ободи Мовароуннаҳр – марказҳои калонтарини илму фарҳанги исломӣ ба замин яксон шуда, ба чарогоҳи чорво мубаддал карда шуданд. Барои мисол, дар паҳлуи шаҳри Самарқанди имрўза мавзее ҳаст бо номи Афросиёб, ки ҳоло чарогоҳи чорво асту пештар дар он ҷо зеботарин шаҳри Мовароуннаҳр, дорои беш аз як миллион нафар аҳолӣ ҷой гирифта буд. Маҳсулоти ҳунармандони Самарқанд дар тамоми ҷаҳон шуҳрати беандоза дошт. Дар ин бора дар китоб далелҳои хеле зиёде оварда шудаанд, ки ба маъхазҳои боэътимоди таърихӣ такя мекунанд. Ба ислом гаравидани қабилаҳои кучӣ, ки аз Му ғулистон омада буданд, дар таърихи мусулмонон бузургтарин фоҷиа шуд, чунки ин қабилаҳо дар айни замон урфу одати миллӣ, расму оинҳои худро ба ҳаё¬ти онҳо ворид карданд. Азбаски ҳукумат, силоҳ, лашкар, ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дар дасти онҳо буд, бо зўроварӣ фар¬ҳанги кўчии худро ба мардуми мусулмони муқимӣ таҳмил карданд. Кор то ҷое расид, ки баъзе рўҳониён ва пешвои мусулмон, ба қавли Рашидуддин, ба ҷои шариати исломӣ аз рўи Яссои му ғулӣ фатво мебароварданд. Ин ҳолат раванди тараққиёти халқҳои мусулмонро та ғйир дода, ба маҷрои таназзул ва ақибмондагӣ равона намуд. Дар айни замон барои қабилаҳои му ғуле, ки дар Осиёи Миёна ва дигар мин¬та¬қаҳои мусулмоннишин қароргоҳи худро ташкил карданд, қабул намудани фарҳангу оини мардуми маҳаллӣ дар рушду инкишофи онҳо такони ҷиддие дод. Аммо барои мардуми бумӣ ин о ғози давраи аз даст додани арзишҳои аслӣ буд, ки асрҳо тўл кашида, ба ақиб¬мо¬нии онҳо дар ҷаҳони имрўза замина гузошт. Ҳамин дурўягии рўҳониён ва му ғулпарастии онҳо боис гардид, ки имрўз низ оромиву рушди муназзами ҷомеаи мо аз касофати таълимоти ҷоҳилона ва тахрибкориву террори ДОИШУ ҲНИТ, Байъату Таҳририҳо халалдор мегардад. Баъд аз ба улуси Ча ғатой мубаддал гаштани Мовароуннаҳр қабилаҳои кўчманчии му ғул села-села аз Му ғулистон ба Мовароуннаҳр кўч баста, бештар дар манотиқи Ҳафтрўду Хоразм ва ҷануби Мовароуннаҳр, яъне мавзеъҳои ба даштҳои Му ғулистон монанди Ўзбекистон ва Тоҷикистони имрўза маскан гирифтанд Ин минтақаҳо барои чорводорӣ хеле мусоид буда, зимистони гарму тобистони нарм ва заминҳои сералаф ин ҷойҳоро барои зиндагӣ хеле мутобиқ намуда буданд. Му ғулон, ки касбу корашон чорводорӣ буд, табиист, ки сокини шаҳр шуда наметавонистанд. Макони барои му ғул бештар мусоид кўҳу талу теппаю водиҳои сералаф буд. Му ғулон ҳеҷ гоҳ шаҳрнишин набуданд ва ҳаёти шаҳрнишинони шаҳрҳои калон мисли Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва Ҳироту Балху Нишопур барои онҳо бегона буд. Ба ин иллат таъсири му ғулон ба аҳолии муқимӣ аз сокинони шаҳрҳо дида бештар дар байни аҳолии минтақаҳои ҷанубии Ўзбекистону Тоҷикистон ва шимоли Аф ғонистони имрўза дида мешавад. Тоҷикон – қадимтарин халқи шаҳрофар ва шаҳрнишини Осиёи Марказӣ баъди зарбаҳои ҳалокатбори му ғул маҷбур шуданд, ки дар байни кўҳҳои сарбафалакашида паноҳгоҳ ҷўянд. Маҳз ба шарофати кўҳистон як қисми каме аз онҳо тавонистанд, ки сармояи муҳимтарин – генофонди миллии худро то асри ХХ нигоҳ доранд. Ин хазинаи гаронбаҳо, ки аз байни куҳҳо танҳо дар асри ХХ раҳо ёфт, дар оянда имкон медиҳад, ки тоҷикон боз мавқеи гумкардаи худро дар ҷаҳони илму фарҳанг аз нав пайдо кунанд. Хуни тоҷик ҳарчанд бо хуни турку му ғул омехта шуда бошанд ҳам, неруи зеҳниву бунёди генетикии худро гум накардааст. Балки душвориҳои таърих онро бештар тақвият додаву, бо мурури замон он қудрату тавонеро, ки Худованд ба онҳо ато фармуда буд, боз ҳам бештар кардааст. -Шумо дар боло гуфтед, ки тоҷикон то давраи ҳуҷуми му ғулҳо шумораи аз ҳама бештарро ташкил медоданд. Оё гуфта метавонед, ки нуфуси онҳо чанд буд? -Ҳангоми қатли оми му ғулон, ба навиштаи Ҷувайнӣ аз даҳ нуҳ ҳиссаи аҳолӣ маҳв карда мешавад. Мақсади Чингизхон Мовароуннаҳрро аз аҳолӣ тоза карда ин минтақаи аз нигоҳи иқлим барои онҳо мусоидро ба макони нави сукунати қабилаҳои му ғул мубаддал кардан буд. Тоҷикон аз нигоҳи шумора халқи аз ҳама бештари Осиёи Марказӣ буданд. Дар арафаи ҳуҷуми му ғулҳо беш аз 70 фоизи аҳолии Мовароуннаҳру Хуросонро тоҷикон ташкил медоданд. Дар «Таърихи аҳолии Замин» шумораи аҳолии Осиёи Марказӣ ба истиснои Хуросон 41 миллион нафар нишон дода шудааст. Тақрибан ҳамин миқдор аҳолӣ дар Хуросон (ҳудуди имрўзаи Эрони Шарқӣ ва Аф ғонистон) зиндагӣ менамуданд. Дар маҷмуъ ин шумора, ки тақрибан 60-70 миллион нафар аҳолиро ташкил медод, бо аҳолии ҳамон давраи Хитой баробар буд. Чунин муқоиса бо аҳолии Хитой, ки имрўз шумораашон ба якуним миллиард расидааст, имкон медиҳад, ки мо андозаи он фоҷиаи ба сари халқи мо омадаро бештар дарк кунем. Ибни Асир ҳуҷуми Чингизхонро ба «Билоди тоҷик» «бузургтарин фоҷиа дар таърихи халқҳои мусулмон» номидааст. Дар ҷои дигар Атомалик Ҷувайнӣ мегўяд, ки «агар таносул ва тазоюд ҳамин тавр монад, то рўзи растохез (қиёмат) ҳам ушри (даҳяки) он аҳолӣ барқарор намешавад». Имрўз, баъд аз 800 соли он фоҷиаи мудҳиштарин дар таърихи тоҷикон, дар таърихи халқе, ки соҳиби тамаддуни баландтарин дар ҷаҳони асри XIII гардида буд, ҳамон пешгўии Ҷувайнӣ собит шуд. Вақте ҳамин гуна тамаддуни пешрафтатарини ҷаҳон аз байн меравад, албатта инро фоҷиа, аниқтараш апокалипсис номидан мамкин аст. Рўҳонии итолиёвӣ Паоло Карпини, ки баъд аз 20 соли ҳуҷуми Чингизхон бо супориши Папаи Рим ба назди хоқони му ғул мерафт, ҳангоми аз Мовароуннаҳр гузаштанаш шоҳиди ҳолати даҳшатноке шуда онро чунон тасвир менамояд, ки дар ин сарзамин ў ягон шаҳру деҳаи ободро надидааст, “ҳама ҷо вайронаҳо ва пур аз устухонҳои мусулмонон. Касе зинда намонда буд, ки мурдаҳоро гўронад”. -Лутфан бигўед, сарнавишти асирони тоҷике, ки ба Му ғулистон иҷборан бурданд, бо чӣ анҷом ёфт? -Дар китоб оиди таъсири му ғулҳо ба дини ис¬лом ва ворид шудани баъзе урфу одатҳои му ғулӣ ба зиндагии мар¬думи киш¬варҳои истилошуда, та ғйир ёфтани харитаи сиёсии ҷа¬ҳон, дар бо¬раи тақдири садҳо ҳазор мардуми бумии Осиёи Марказӣ, ки ба Му ғулис¬тону Хитой ба асорат бурда шуданд, маълумот омадааст. Агар ба манбаъҳои боэътимодтарини ҳамон давра «Ҷомеъ ут-таворих»-и Рашидуддин Фазлуллоҳ, «Таърихи Ҷаҳонгушой»-и Атомалики Ҷувайнӣ ва “Табақоти Носирӣ”-и Ҷузҷонӣ на¬зар кунем, мебинем, ки чун ҳикоят аз мардуми аз шаҳр¬ҳои забт¬карда асир гирифтаи лашкари му ғул равад, Рашидуддину Чузҷонӣ танҳо аз «асирони тожик»-и ба Му ғулистон бурдашуда ёдовар ме¬шаванд, ки “баъд аз якчанд насл аллакай тоҷикияти худро гум карда, шабеҳи муғул мешуданд”. Дар бораи асирон аз кишварҳо ва ё аз қавмҳои дигар чизе гуфта нашудааст. Ин далелҳо гувоҳ бар онанд, ки асирони ба Му ғулистон ва баъд-тар ба Хитой бурдашударо аксар тоҷикони Бухоро, Самар¬қанд, Хуҷанд, Гурганҷ, Марву Ҳироту Нишопур ташкил медоданд. Чунки му ғул тан¬ҳо ҳунармандонро ба асирӣ мебурд, то дар кишвари худ шаҳр¬ҳо сохта, истеҳсоли молу колои зарурӣ, пеш аз ҳама силоҳу лавози¬моти ҷангиро ба роҳ монад. Барои ғосибон меъморону бинокорон, оҳангарону мисгарону чармгарону наҷҷорон, кулолҳо ва ресанда¬ҳо, бофандаю дўзандаҳо, бо ғпарварону зироаткорон ва умуман ҳа¬ма соҳибони касбу ҳунарҳои гуногун зарур буданд. Маҳз бо заҳмати аси¬рон шаҳри зеботарини ҷаҳони онрўза – Қароқурум дар Му ғулис¬тон бунёд шуд, ки аксарияти сокинони онро ҳамон асирони ҳунар¬манди тоҷик ташкил медоданд. Асирон, зимнан, дар Қароқурум чандин мас¬ҷидҳое сохта буданд, ки дар он ҷо ҳанафимазҳабон тоату ибо¬дат мекарданд. Яке аз сабабҳои таназзул дар кишварҳои ховарзамин низ ҳамин буд, ки дар марказҳои илмию фарҳангии мусалмонон, дар шаҳрҳои хурду бузург му ғулҳо ҳунармандону донишмандонро қариб пурра нест карда буданд. Анбуҳи зиёди гурезаҳои тоҷик ба се ҷониби сайёраи Замин рў ба фирор оварда, ҷонашонро аз дасти ҷаллодони му ғул ба саломат бурданӣ мешуданд. Дар мулки Ҳинд шумораи онҳо то андозае зиёд шуд, ки аҳолии маҳаллии баъзе шаҳрҳои Ҳиндустон як муддат ҳатто забону фарҳанги онҳоро ба худ қабул карда буд, чунки фирориёни тоҷики ба Ҳинд омада аксарият халқи бофарҳанг ва ҳунарманд буданд. Гурезаҳои тоҷик ба Ҳинду Рум мардуми зиёии баъзе шаҳрҳои ин кишварҳоро то як муддат тоҷикзабон гардонид. Вале бо мурури замон онҳо, ки аз муҳити тамаддунофари худ бурида шуда, фарҳангу забони худро аз даст дода буданд, бо халқҳои маҳаллӣ омехта шуданд. Селаи сеюм гуреза не, балки асирони тоҷике буданд, ки онҳоро му ғулон маҷбурӣ ба Му ғулистону Хитой бурда буданд. Миллионҳо нафар асирони тоҷик дар Му ғулистону Хитой бо мурури замон чеҳраву забонашонро гум карда, ба хитоиву му ғул монанд шуда бошанд ҳам, мазҳабашонро аз даст надоданд. То имрўз авлодони онҳо бо номи «му ғулони мусулмон» ва хитоиҳои «хуэй» (Хитоиҳо одатан исломро «хуэй-тсзяо», яъне «таълимоти хуэй» меноманд) дар мазҳаби ҳанафия буда, ҳангоми издивоҷ ризоияташро ба никоҳ бо забони аҷдодии худ – забони тоҷикӣ ифода мекунанд. Ниёгони мо зарбаи ҳалокатбори ваҳшии му ғулро ба худ қабул карду тамаддуни Аврупоро аз он наҷот доданд. Лекин агар чунин зарба ба Аврупо низ мерасид, он гоҳ, ба эҳтимоли тамом, инсоният дубора ба асри сангин бармегашт. - Шумо ҳангоми мусоҳиба хеле зиёд дар бораи тақдири тоҷикон суҳбат кардед. Оё ҳамон давра истилоҳи «тоҷик» вуҷуд дошт? -Дар аксари маъхазҳое, ки ман ҳангоми кор истифода намудам, вожаи «тоҷик» дар шакли «тоҷик», «тожик» ё «тозик» нисбати халқи муқимии Мовароуннаҳру Хуросон истифода мешавад. Рашидуддин ҳатто кулли Мовароуннаҳрро «Вилояти тожик», ё «Билоди тожик» ном бурдааст. Ҳамин гуна тарзи истифодаи ин истилоҳро мо дар чандин асарҳои муаррихони гуногуни асрҳои миёна дучор мешавем. Мутаассифона, тоҷикон имрўз аз мутолиаи ин асарҳои гаронбаҳо маҳруманд, чунки теъдоди хеле ками ин асарҳо бо ҳуруфоти кириллӣ ва забони имрўзаи тоҷикӣ ба чоп расидааст. - Ба фикри Шумо, чи бояд кард, ки мусулмонон имрўз аз банди ҷаҳлу таассуб, хурофот раҳо ёфта, мисли мардумони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар сафи пеши тараққиёт қарор гиранд? -Мардуми мусулмон бояд дарк намоянд, ки барои боз соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон болоравии илму маъ¬рифат, рушди мафкураи мардуми му¬сул¬мон, раҳо шудан аз ақидаҳои ботилу иштибоҳие, ки монеаи пешравии фикрии онҳо мегардад, ниҳоят зарур аст. Имрўз моро мебояд, ки ба осори таърихиву фарҳангии хеш аз нигоҳи ҳақиқати таърихӣ ва амонатдории илмӣ, аз нигоҳи воқеият назар кунем. Маҳз бо ин восита мо имкон пайдо мекунем, ки мероси бои илмии аҷдодони худро зинда гардонем. Мо бояд илмро фарози ҳама гуна баҳсҳои диниву мазҳабӣ гузорем. Тамоми донишҳои худро на ин ки ба роҳи зулму истибдоду зўроварию ифротгароӣ, балки барои ама¬ли нек, рафтору кирдори шоиста, барои рушди илму фарҳанги кишварҳоямон ба кор барем. Дар байни аксарияти мусулмонон имрўз ҷои баъзе арзишҳои аслии исломиро хурофоти аз Яссои Чингизхон воридшуда ги-рифтааст, ки дар роҳи пешрафт монеаи ҷиддиро эҷод мекунад. Касрати ҳамин қонуни ҷоҳили му ғулӣ аст, ки имрўз низ баъзе қувваҳои радикалӣ дар ислом даст ба куштору ғорат мезананд. Вобастагии мусулмонон ба ин хурофотҳо махсусан бо зиёд шудани тамоюлҳои глобализатсионӣ дар ҷаҳон хеле афзоиш ёфтааст. Баъзе фикрҳо дар ин бора ман дар китоб иброз намудам ва бояд ин нуктаро хосса зикр намоем, ки хушбахтона Пешвои миллат дар бахши эҳёи хазинаи бебаҳои илму маърифати ниёгон ва унсури бегона будани таълимоти радикалӣ дар ислом, корҳои густурдаеро ба анҷом расониданд, ки метавонад ба ҳайси як консепсия дар ин замина эътироф шавад. Имрўз кишварҳои мусалмонӣ дорои сарватҳои бузургтарини пулию молӣ, манбаъҳои калонтарини нафту газ, дигар боигариҳои табиӣ буда, имкониятҳои васеъро барои расидан ба сатҳи олии тараққиёти ҷаҳони муосир соҳиб ҳастанд. Вале бубинед, ки ҳамаи ин сарвату дороиҳо чӣ гуна қурбони таассубу хурофот мешаванд. Барои дар сафи пешо¬ҳангони ҷаҳон қарор гирифтани кишварҳои ховар пеш аз ҳама он таассубу хурофоте, ки пас аз истилои му ғул ҷорӣ гардиданд, бояд аз байн бурда шавад. То даме ки ин гуна ақидаҳои усулӣ аз байн нараванд, ҳеҷ гу¬на та ғйирот дар ҳаёти мардуми шарқ рўй наме¬диҳад. Зеро ин ақи¬да¬ҳо аз ҷониби шахсиятҳое изҳор гардидаанд, ки дар таърихи мусулмонон нақши бузург дошта, то имрўз нуфузи хеле зиёдро со¬ҳиб мебошанд. Ислом бояд рў ба илму маърифат, технолгия биёрад на побанди таассубу ҷаҳолат бошад. Махсусан, барои инкишофи ҷа¬во¬нон шароиту имкониятҳои васеъ ва баробар фароҳам оварда шуда, илму донишу малакаи онҳо қадр карда шавад. Ин ягона роҳи халосии кишварҳои мусулмонӣ аз вартаи ақиб¬мон¬да¬гист. Тамаддуни кишварҳои шарқ баъд аз амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дар он ба як тамаддуни наве мубаддал мегардад, ки он аз ҳама бештар ояндаи некеро натанҳо барои халқҳои ин кишварҳо, балки тамоми башарият хоҳад дошт. Такмил ёфтани идеяҳои пеш¬баранда дар олами Шарқ баъд аз ислоҳоти ҳамаҷониба метавонад халқҳои моро ба бузургтарин нерўи созанда табдил диҳад. -Ташаккур барои суҳбати хеле ошкоро ва муфассал. Ба Шумо дар корҳои илмии ояндаатон муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу мекунем. Суҳбаторо Бахтиёр Ҳамдам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.