Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » A.Зуев: Эмомалӣ Раҳмон роҳбари пешсаф дар масъалаҳои обӣ эътироф шудааст

A.Зуев: Эмомалӣ Раҳмон роҳбари пешсаф дар масъалаҳои обӣ эътироф шудааст

2-10-2015, 12:30
Хабарро хонданд: 2616 нафар
Назарҳо: 37
A.Зуев: Эмомалӣ Раҳмон роҳбари пешсаф дар масъалаҳои обӣ эътироф шудаастДар ин бора Александ Зуев, намояндаи доимии СММ, ҳамоҳангсози Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон зимни мусоҳибаи хосса бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт.
Александр Зуев зимни мусоҳиба андешаҳояшро дар мавриди иштирок ва суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк чунин иброз намуд:
«Мо бисёр хушнуд ҳастем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар иҷлосияи Ассамблеяи СММ иштирок намояд. Имсол 70 солагии таъсиси СММ ва 70 - умин ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Бояд гуфт, ки дар ҳошияи Ассамблеяи СММ инчунин форуми хеле муҳим- чорабинии сатҳи баланди СММ «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» баргузор гардид. СММ на танҳо Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад, балки Президенти Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик низ СММ-ро фаъолона дастгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ин ҳамкории мутақобилан судманд мебошад. Бешубҳа, он нуктаҳое, ки роҳбари давлати Тоҷикистон аз минбари СММ дар мавриди рушди устувор ва ҳамкорӣ дар соҳаи об зикр намуд, барои мо хеле муҳиманд. СММ ташаббусҳои Э. Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаъолона дастгирӣ мекунад. Бояд гуфт, ки имсол бори дуюм аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун вохӯрд. Зимни вохӯрӣ Пан Ги Мун барои ташаббусҳои Тоҷикистон ва Э.Раҳмон марбут ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим изҳори миннатдорӣ намуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар Ню Йорк ташаббуси навро дар мавриди мусоидат ва ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди тағйироти иқлим дар Осиёи Марказӣ, ки метавонад ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа таъсири манфӣ расонад, пешниҳод намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи мақсадҳои рушди байналмилалӣ ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо, ки аз соли 2000 то соли 2015 амал мекарданд, пурра дастгирӣ менамояд. Ин ҳадафҳо дар нақшаҳои миллии рушд ва стратегияҳои Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони он тасдиқ намудаанд, инъикос ёфтаанд.
Барои мо хеле муҳим аст, ки рушди Тоҷикистон бо ҳадафҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг аст. Мо бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки Эмомалӣ Раҳмон ягона Сарвари давлатест, ки аз соли 2000 то ин ҷониб дар тамоми саммитҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Ню-Йорк ва кишварҳои дигар вобаста ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баргузор мешуданд, иштирок намудааст. Бояд зикр кард, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз минбари Созмони Милали Муттаҳид зарурати ба эътидол овардани вазъи Афғонистон, муҳимияти мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро таъкид дошт. Мо бовар дорем, ки ин самти пешгирифтаи Тоҷикистон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ муҳим аст. Ин нуктаи суханронии Президент таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд. Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон на танҳо дар муҳокимаҳои умумӣ иштирок мекунад, балки чорабиниҳои махсус гузаронида, худро ҳамчун як кишваре нишон медиҳад, ки на танҳо дар Тоҷикистон бо СММ ҳамкории хубро роҳандозӣ намудааст, балки иқдомҳои ҷаҳонӣ ва минтақавиеро, ки қобили диққатанд, пешниҳод менамояд. Ҳамаи ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон муҳокима ва баррасӣ мешаванд, зеро ин ташаббусҳо ба бисёр кишварҳо дахл доранд».
Дар бораи эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари пешсаф дар масъалаҳои об ва эълони Даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор А.Зуев чунин ибрози андеша намуд:
"Ман мехоҳам таъкид намоям, ки Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари пешсаф дар масъалаҳои об на танҳо аз ҷониби СММ, балки аз ҷониби дигар кишварҳо низ шинохта ва эътироф гаштааст. Бояд нақши Тоҷикистонро дар ин соҳа таъкид намоем. Тоҷикистон ҳамчун манбаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ нақши муҳимро мебозад, зеро мардумони Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Помир истифода мебаранд. Мо медонем, ки қариб нисфи ҳамаи обҳои ОМ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Бинобар ин Тоҷикистон дар ин соҳа роҳбар мебошад. Дар масъалаҳои об ташаббусҳои Тоҷикистон зиёданд ва Тоҷикистон мекӯшад, то кишварҳо ба таври созанда дар ин соҳа ҳамкорӣ намоянд. Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳо узви Кумитаи сатҳи баланди дӯстони об мебошад. Мо хушҳол аз он ҳастем, ки бештари қарорҳое, ки дар соҳаи об аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ дар давоми 15 соли охир қабул гаштаанд, аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд ва ин пешниҳодҳо аз ҷониби як зумра кишварҳо дастгирӣ гаштаанд. Ҳарчанд бештари ин қарорҳо 30-40 ҳаммуаллиф дошта бошанд ҳам, вале муаллифи асосии онҳо Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин аз он ишаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавқеи устувор дорад».
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (37)
Tomas 14 октября 2024 11:08
A wonderful post on Ҳ騡桕ᬒ›馠ť���ċ
06;髨��!
The concepts you shared about Building & Property were
really helpful. I noticed the effort that went into this.
Looking forward to reading more and trying out these tips.
Keep it up!

Here is my web site Roof Installation NYC
Цитировать          31
Shella 25 октября 2024 12:23
Have you ever considered about adding a little bit more than just your articles?
I mean, what you say is important and all. Nevertheless think of if you added some
great pictures or videos to give your posts more, "pop"!

Your content is excellent but with pics and video clips,
this site could undeniably be one of the best in its field.
Fantastic blog!

Look into my website: บาคาร่าออนไ
621;น์
Цитировать          32
Kathy 26 октября 2024 03:10
Excellent post! We are linking to this particularly great content on our
site. Keep up the great writing.

Visit my web-site: คาสิโนออนไล
609;์ ขั้นต่ํา1บาท
Цитировать          33
Jude 26 октября 2024 20:30
Howdy! I could have sworn I've been to this web site before but after looking at a few of the posts I realized it's new
to me. Anyhow, I'm certainly happy I found it and I'll be bookmarking it and checking back regularly!


Feel free to surf to my website :: professional painting services
Цитировать          34
Quentin 28 октября 2024 13:57
Hello there, just became alert to your blog through
Google, and found that it is truly informative. I am gonna watch out for
brussels. I'll appreciate if you continue this in future.
Many people will be benefited from your writing. Cheers!

Also visit my site บาคาร่าเล่น
615;รีไม่ต้องฝา
;ก
Цитировать          35
Lizzie 30 октября 2024 21:13
For the reason that the admin of this web site is working, no doubt
very shortly it will be renowned, due to its quality contents.


My web page; เครดิตฟรีล่
634;สุด
Цитировать          36
Caleb 6 ноября 2024 03:14
Your method of describing everything in this article is really nice,
all can without difficulty understand it, Thanks a lot.



Also visit my web blog усик фьюри бой
Цитировать          37
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: