Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

23-05-2024, 12:17
Хабарро хонданд: 5114 нафар
Назарҳо: 164
ҲАЁТИ ҲИЗБ
МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

17-уми май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси 4-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” баргузор гардид.
Пеш аз оғози конфронс истиқболи меҳмонон бо гузоштани гулчанбар дар назди пайкараи “Дасти дуои модар” оғоз гардид. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иштирокчиёни конфронс бо намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон шинос шуданд.
Қисми расмии конфронс дар толори асосии Донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он ҳайати меҳмонон зери раёсати муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳамчунин, дар кори конфронс ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, олимону муҳаққиқон ва коршиносони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кормандони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия тариқи фосилавӣ олимону муҳаққиқон бо баромадҳои алоқаманд суханронӣ карданд. Илова бар ин, намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кутсук Тайсаев дар кори конференсия тариқи фосилавӣ иштирок намуд.
Дар қисмати расмии конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода сухани ифтитоҳӣ карданд.
Иброз гардид, ки илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мешавад. Дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия ба илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд.
Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш баён намуданд: “Баланд бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарафаи натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд”.
Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқат аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидори илмии мактаби сиёсии Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.
Зимнан, бо мақолаҳои таҳлилию илмӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода. директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмаддовуд Саломиён, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Дилшод Раҳмон Дилшод, роҳбари дирексияи барномаҳои таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия Александр Соломатин (тариқи фосилавӣ), досенти кафедраи сиёсатшиносии муқоисавии Донишгоҳи давлатии Москва Даниил Популях ва омӯзгори муассисаи таълимии Россия-Тоҷикистон Мария Прокопенко суханронӣ карданд.
Нотиқон зимни ироаи маърузаҳои илмӣ таъкид доштанд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллӣ санаҳои пурарзиш ва сабақомӯзе ҳастанд, ки аз ояндаи нек башорат медиҳанд ва мардумро ба амалӣ намудани ташаббусҳои шоиставу ифтихорӣ ҳидоят менамоянд.
Маҳз ҳамин садоқату ифтихор заминаи устувори марҳилаи рушду пешрафт ва таъмини таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардида, дар саргаҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ташаббусҳои сатҳи баланд ва шоистаи таҳсини Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар заминаи мақсаду аҳдофи сиёсии оинномавӣ фаъолияти худро шарафмандона амалӣ карда истодааст, ҷиҳати мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳимми иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тарғиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.
Дар ин марҳилаи пурмаҳсул аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби пешсаф зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллӣ, соҳибихтиёрӣ ва рушди минбаъдаи давлатдорӣ равона карда, бо мақсади муҳайё намудани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ фаъолияти назарраси худро дар тамоми самтҳои муҳимми хоҷагии халқи кишвар таҳким бахшида истодаанд.
Бо мақсади тақвияти рукнҳои илмӣ-назариявии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон, дастовардҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли Истиқлоли давлатӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мунтазам конфронси байналмилалии илмӣ-назариявии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” баргузор карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки конфронси мазкур маротибаи чорум аст, ки бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии конференсияҳои гузашта доир мегардад.
Ин конфронси илмӣ соли 2020 дар шаҳри Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштироки 50 олимону муҳаққиқон, 6-уми октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқон ва 24-уми июни соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки 67 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуданд.
Конференсияи навбатӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардид, ки дар он 140 нафар олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз мактабҳои олии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия иштирок карда, дар он 140 мақолаи илмӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешавад.
Дар анҷоми қисми пленарии конфронс ба як қатор фаъолон ва олимону муҳаққиқон сипоснома супорида шуд.
Кори конфронс қисмати дуюми рӯз дар панҷ бахш: “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”, “Иқтисодиёт ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ”, “Маориф ва илм”, “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” идома ёфт.

ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНӢ

20-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба 23-юми май - “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мутриб”-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона зери унвони “Дунё пур аз ҷавонӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, муовини ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Саъдулло Каримзода, ҳунармандони саршиноси санъати тоҷик Саидқул Билолов ва Баҳодур Неъматов, аъзои фаъоли ҳизб, донишҷӯён ва ҷавонону наврасони фаъолу хушиқболи зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ширкат варзиданд.
Дар қисмати муқаддимавии чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ва муовини ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Саъдулло Каримзода суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоме аз ҷавонони мо бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.
Барои ҷомеаи Тоҷикистон басо хушоянд аст, ки дар мамлакат як рӯзи махсусро ҳамчун “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо як шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд ва таҷлили ҳамасолаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад, қайд гардид дар идомаи суханрониҳо.
Дар ин радиф, ба як гурӯҳ кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ки қаблан ҷиҳати ба сафи ҲХДТ қабул гардиданашон ариза ва маълумотномаҳои худро пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Инчунин, як гурӯҳ фаъолон бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон барномаи зебои фарҳангӣ пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.

ДАР ХОРУҒ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДОИР ШУД


Ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” Дави миллӣ баргузор мегардад.
Бо ин мақсад дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ бо иштироки аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистона бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, сардорони сохторҳои қудратӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳру вилоят, ҷавонону наврасон, занону собиқадорон, сокинони шаҳр, аз ҷумла раисон ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, раиси вилоят Алишер Мирзонабот тамоми иштирокдоронро ба ифтихори қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда буд, самимона табрик гуфта, зикр кард, ки бори нахуст соли 1993 дар таърихи давлати мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодӣ бо мақсади ба ҳам овардани миллати тоҷик аз ҷониби ҳаракати олимпии кишвар Дави олимпӣ баргузор гардид ва ин чорабинӣ минбаъд ба таври оммавӣ дар саросари кишвар идома пайдо кард.
Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Пас аз табрикоти раиси вилоят марафони велосипедронӣ ва Дави оммавӣ бо эълони доварон оғоз гардид.
Дар ибтидо велосипедронҳо ҳамоишро оғоз бахшида, сипас, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, инчунин, сокинон бо эълони доварон ба давидан шуруъ намуданд.
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз майдони Исмоилӣ Сомонӣ шуруъ шуда, дар назди “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид.



ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар доираи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба ифтихори “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз" дар Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ бо иштироки ҳунармандон, фаъолони ҲХДТ, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва қишри гуногуни ҷомеа доир гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳавасманд гардонидани ҳунармандон ва ҷалби ҷавонон ба ҳунару ҳунаромузӣ буд.
Сараввал, директори осорхона меҳмонони ҷашнвораро пазироӣ намуда, аз таъриху тамаддуни бою пурғановати шаҳр, ёдгориҳои бостонӣ ва мероси гаронарзиши ниёгон маълумот дод.
Сипас, маҳорати ҳунарии ҳунармандон - аъзои фаъоли ҲХДТ муаррифӣ гардида, аз кору офаридаҳои дастии онҳо иттилои муфассал дода шуд. Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова зимни суханронии хеш ҳадафи чорабиниро андешидани тадбирҳо дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, нақши ҳунармандонро дар ҳифзи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик калидӣ маънидод кард.
Муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ҳамагонро ба муносибати “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” табрик гуфта, ҳамзамон чунин иқдомро баҳри ҷалби ҷавонон ба ҳунаромузӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон саривақтӣ шуморид ва дар ин радиф ба онҳо такмили маҳорати ҳунарварӣ таманно намуд.
Дар қисмати қадршиносии ҳунармандон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба даҳ нафар ҳунармандони фаъоли шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

ҶАВОНОН - ИДОМАБАХШИ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ КИШВАР

Саҳми варзиш, ки дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, дар раванди фаъолияти ҲХДТ низ яке аз соҳаҳои калидии он ба шумор меравад. Дар ин доира, барои боз ҳам тақвият бахшидани соҳаи варзиш аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ, мусобиқаи футбол доир гардида истодааст.
Тибқи Низомнома оид ба баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ мусобиқаи футбол байни дастаҳои кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизби КДФ “БММҒ” дар майдончаи варзишии Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, дар мусобиқа намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, устодон ва варзишгарон иштирок карданд.
Мақсад аз баргузории чунин мусобиқа ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва Барномаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024”, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон, муайян намудани дастаҳои футболи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ФУТБОЛ

Бо мақсади ҳамовозӣ аз қабули пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии №2-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши варзишгарон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш мушовири раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ва роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и шаҳр Эҳсонҷон Исоев иштирок карданд.
Зимни мулоқот бо варзишгарони наврас мушовири раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода кулли варзишгаронро бо пазируфта шудани ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” таҳният гуфт.
Мавсуф аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки пайваста ба варзиш машғул шаванд.
Гуфта шуд, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10-уми феврали соли 2024 пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад ва дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии футбол” расман эълон гардад.
Дар робита ба ин, рӯзи 7-уми майи 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии “футбол”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Либия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Инчунин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард, ки 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад. Дар охир бо иштирокчиён флешмоб гузаронида шуд.


Таҳияи Ибодулло Тоҳиров

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (164)
Lucienne 13 октября 2024 15:45
Can you tell us more about this? I'd love to
find out more details.

Visit my web-site 123บาคาร่า
Цитировать          31
Rosalina 14 октября 2024 00:51
I have read some excellent stuff here. Definitely
worth bookmarking for revisiting. I surprise how so much effort you
place to create this kind of excellent informative site.



My homepage __ __ ___ _______ ____ ____ 5 ___
Цитировать          32
Shari 14 октября 2024 03:25
Howdy I am so glad I found your site, I really found you
by mistake, while I was looking on Digg for something else, Anyways I am here now
and would just like to say many thanks for a remarkable post and a
all round exciting blog (I also love the theme/design), I
don’t have time to look over it all at the minute but I
have bookmarked it and also added in your RSS feeds, so when I have time I will be back to read a lot more, Please do keep
up the excellent b.

Feel free to surf to my site; ________ _______
Цитировать          33
Rene 24 октября 2024 11:09
A fantastic post on _  _  
 _
!
The information you shared about Business Services was very
helpful. I noticed the care that went into this.
Eager to explore more of your work. Keep up the fantastic work!



Here is my site - TPO Roofing NY
Цитировать          34
Oma 26 октября 2024 08:56
I think this is among the most important info for
me. And i'm glad reading your article. But want to remark on few general things,
The site style is wonderful, the articles is really great : D.
Good job, cheers

Also visit my web site :: คาสิโนสมัคร
615;รี
Цитировать          35
Melodee 26 октября 2024 19:04
Hi my family member! I want to say that this post is amazing, nice written and
come with approximately all important infos. I'd like to see more posts like this
.

Feel free to visit my webpage :: บาคาร่าที่เ
621;่นง่ายที่สุ
;ด
Цитировать          36
Christie 26 октября 2024 19:53
Great items from you, man. I have bear in mind your stuff previous to and you are just too fantastic.
I actually like what you have obtained right here, really like
what you are saying and the way through which you assert it.
You're making it enjoyable and you continue to care
for to stay it wise. I can't wait to read much more from you.
That is actually a terrific site.

Here is my homepage: plinko ball
Цитировать          37
Maurice 28 октября 2024 01:15
If you wish for to grow your know-how simply
keep visiting this site aand be updated with the hottest
gossip posted here.

my web page :: yes or no wheel
Цитировать          38
Florentina 28 октября 2024 21:32
Heya i'm for the first time here. I came across this board and I find It truly useful & it
helped me out much. I hope to give something back and help others like you aided me.


my site топ казино онлайн
Цитировать          39
Dianne 28 октября 2024 23:35
Thanks for sharing your info. I really appreciate your efforts and I am waiting for your
further write ups thank you once again.

My web page ... เครดิตฟรี 50
Цитировать          40
Brandy 29 октября 2024 07:24
Hey very nice web site!! Man .. Beautiful .. Wonderful ..
I'll bookmark your blog and take the feeds also?
I'm satisfied to find so many helpful information here in the submit, we want work out more strategies
in this regard, thanks for sharing. . . . . .



Have a look at my blog post :: aposta tigrinho
Цитировать          41
Porter 2 ноября 2024 22:28
Pretty nice post. I just stumbled uupon your blog and wished to saay that I've truly enjoyed browsing
your blog posts. After all I'll be subscribing to your feed and I
hpe you write again soon!

My web-site; araba satışı
Цитировать          42
Maik 3 ноября 2024 02:59
Highly energetic article, I loved that a lot.
Will there be a part 2?

Here is my blog :: Su
deposu temizliği
Цитировать          43
Veda 4 ноября 2024 07:36
id="firstHeading"class="firstHeading mw-first-heading">Search results

Help









English














Tools



Tools
move to sidebar hide

Actions





General

Look injto my web blog ... Chiptuning files database
Цитировать          44
Marti 4 ноября 2024 09:46
Highly descriptive post, I loved that a lot. Will there be a part 2?


Also visit my website: usyk vs fury date
Цитировать          45
Heriberto 15 ноября 2024 23:15
An intriguing discussion is worth comment. There's no
doubt that that you need to write more on this topic, it might not be a taboo subject
but generally folks don't discuss such subjects.
To the next! Best wishes!!

Also visit myy wbsite ... Kayseri olayları
Цитировать          46
Linnie 18 ноября 2024 19:27
Hi there! I know this is kinda off topic nevertheless I'd figured I'd ask.

Would you be interested in exchanging links or maybe guest
authoring a blog post orr vice-versa? My site ges over a lot of
the same topics as yours and I feel we could greatly benefit
from each other. If you happen to be interested feel free to send me an e-mail.
I look forward to hearing fromm you! Fantastic blog by the way!


Look into myy page ... Ankara
kızılay masaj
Цитировать          47
Valarie 20 ноября 2024 16:20
Hello There. I found your blog using msn. This is a very well written article.
I will be sure to bookmark it and come back to read
more of your useful information. Thanks for the post. I will certainly comeback.



my homepage - boşanma avukatı Ankara
Цитировать          48
Lyle 23 ноября 2024 01:30
Hi! Quick question that's totally off topic. Do you know how too make your site mobile friendly?
My web ssite looks weird when viewing fropm my iphone. I'm trying to find a
template oor plugin that might be able to correct this problem.
If you have anyy recommendations, please share. Many thanks!


Here is my blogg post; Aktif
hoparlцr
Цитировать          49
Ned 26 ноября 2024 00:45
We absolutely love your blog and find most
of your post's to be exactly I'm looking for.
Do you offer guest writers to write content to suit your needs?
I wouldn't mind publishing a post or elaborating on many of the subjects you write concerning here.
Again, awesome blog!

Also visit my webpage :: เครดิตฟรี
39
Цитировать          50
Austin 2 декабря 2024 15:34
Firfst of all I want to say terrific blog! I haad a quick questiokn tha I'd
like to ask if you do not mind. I wass interested to knoww
how you centyer yourself and clear your mimd prior to writing.
I have had a tough time cleaaring mmy mind in getting my thoughts out there.

I do njoy writing butt it just seems like the first 10 to 15 minutes are
usually lost simply justt trying too figure out how to begin. Any suggestions orr tips?
Thanks!

Feel free to surf to mmy homepage :: Forma tasarla
Цитировать          51
Mariel 5 декабря 2024 09:57
My developer is trying to convince me too move to .net from PHP.
I have always disliked the idea because of the costs.
But he's tryiong none the less. I've been using WordPress on a number of weebsites
for about a yesar and aam nervous about saitching to anothwr platform.
I have heard great things about blogengine.net. Is there a way I can ikport all my wordpress content into it?
Any elp would be really appreciated!

Here is my wweb blog :: Baskı beton nedir
Цитировать          52
Marla 7 декабря 2024 13:30
What's up it's me, I am alwo visifing this web page regularly,
this site is really nice and the people are genuinely sharing good thoughts.



My blog Erkek tanga modelleri
Цитировать          53
Shelli 9 декабря 2024 13:49
Thanks for youur personal marvelous posting! I really ehjoyed reading it, youu may be a great
author. I will be sure to bookmark your blog and definitely will come back very soon. I want to encourage
one to continbue your great work, havve a nice weekend!


Also visit my blog post: u kollu rцntgen
Цитировать          54
Toney 12 декабря 2024 15:01
I blog often and I truly appreciate your content.
The article has truly peaked my interest. I'm going
to book mark your website and keep checking for new information about once per week.

I subscribed to your RSS feed too.

Here is my page; สล็อตเครดิต
615;รี
Цитировать          55
Leilani 13 декабря 2024 09:42
My relatives every time say that I am wasting my time here at net,
except I know I am getting familiarity all the time by reading thes
fastidious content.

Here is my webpage pioneer dj
Цитировать          56
Sandra 14 декабря 2024 06:46
Very nice post. I just stumbled upon your welog and wanted to say that I've truly enjoyed surfing around your blog posts.

Aftesr all I will be subscribing to your fwed and I hope you writte again very soon!

Also visit my blog: council pick up
Цитировать          57
Leopoldo 18 декабря 2024 03:08
Superb blog!Do you have anyy suggestions for aspiring writers?
I'm hoping to start my own website soon but I'm
a little lost onn everything. Would you advise starting with a free platform like Wofdpress or go for a paid option? There are so many choices out there that I'm completely confused ..
Anyy tips? Many thanks!

my blog boşanma avukatı
Ankara
Цитировать          58
Cathern 18 декабря 2024 20:29
Everything said was very logical. But, think on this, suppose yyou were to write a awesome
post title? I am not suggesting your information is not solid.,
but what if you added a post title that makes people desire more?I mean Ҳ騡桕ᬒ›馠ť���ċ
06;髨�� iss a little boring.
You could goance at Yahoo's front page and watch how they create articdle titles to grab viewers interested.
You might try adding a video or a related pic or two to grab people
excited about everything've got to say. Just my opinion, it would bring your website a little livelier.


Take a look at my homepage: Dobloyu otomobile cevirme
Цитировать          59
Sanora 19 декабря 2024 07:30
I really like what you guhs are up too. This type oof clever work and exposure!
Keep up the goood works guys I've incorporated you guys to our blogroll.


My website diyabet
Цитировать          60
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: