Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВАЗЪИ БАДИ "ТОҶИК ЭЙР" ТАСДИҚ ШУД

ВАЗЪИ БАДИ "ТОҶИК ЭЙР" ТАСДИҚ ШУД

5-08-2022, 11:50
Хабарро хонданд: 116 нафар
Назарҳо: 0
ВАЗЪИ БАДИ "ТОҶИК ЭЙР" ТАСДИҚ ШУД
Оид ба муфлисшавии ягона ширкати ҳавопаймои давлатӣ "Тоҷик Эйр" Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки хулосаи комиссияи давлатиро интизоранд.
Ӯ зикр кард, ки ҳама аз муфлисшавӣ мегӯянд, вале ҳоло ягон чиз аниқ нест. Кор рафта истодааст ва мо хулосаи комиссияро интизорем.
Ҳамзамон, директори ширкат тасдиқ намуд, ки воқеан ҳам ширкат дар вазъияти бади молиявӣ қарор дорад.
- Дар ҳақиқат ширкати “Тоҷик эйр” дар ҳоли ҳозир дар ҳолати вазнини молиявӣ қарор дорад. Лекин ба ин нигоҳ накарда, мо корбарӣ карда истодаем. Кормандони мо аз як гиребон сар бароварда, кӯшиш доранд, аз ин вазъият бароянд,-гуфт Дилшод Сафарзода.
Инчунин, ӯ изҳор дошт, он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби шарикони тиҷоратӣ дастрас гардиданд, гурӯҳҳои корӣ омӯхта истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин вазъияти молиявӣ, бахусус, баъди пандемия на танҳо ба ин ширкат, балки ба бисёр ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон низ таъсири худро расонд. Мо умедворем, ки хулосаи мусбӣ баҳогузорӣ карда мешавад ва шурои нозирон пешниҳод карда мешавад ва дар ниҳояти ҳол ба мо иҷозат дода мешавад, ки парвоз кунем.

Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: