Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АҲОЛӢ ПУРРА БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД

АҲОЛӢ ПУРРА БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД

5-08-2022, 11:49
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
АҲОЛӢ ПУРРА БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД
Муовини аввали Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷурахон Ғаффорзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон пурра ба оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Дар айни замон 67,1 дарсади аҳолии мамлакат бо об таъмин мебошанд.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2022 барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунанда, фазлаоб (канализатсияҳо)-и шаҳру ноҳия ва деҳоти ҷумҳурӣ сармояи институтҳои ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи чор лоиҳаи амалишаванда ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Инчунин, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот»-и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба истифодабарандагон ба миқдори 8 миллиону 244,6 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ таъмин гардид. Маблағи ин хизматрасонӣ 4 миллиону 876,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
- Бо мақсади васеъ намудани ҳудуди хизматрасониҳо ба аҳолии шаҳраку деҳоти мамлакат 20 лоиҳаи дархости сармоягузорӣ ба маблағи 768,9 ҳазор доллари ИМА омода карда шуда, ҷиҳати ворид намудан ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст, гуфт Ғаффорзода.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: