Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода дода шудани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Ба истифода дода шудани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон

29-07-2021, 08:09
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Ба истифода дода шудани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон
29.07.2021 05:58, ноҳияи Шаҳристон

29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳукумати мамлакат дар самти бунёду азнавсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд.

Хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, аз тадбирҳои муҳими таъмини маркази ноҳияи Шаҳристон ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокии тоза мебошад.

Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгипроводхоз” тарҳрезӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар доираи татбиқи лоиҳа 60 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд.

Дар доираи лоиҳа дар мавзеи “Сари имҷоз” 2 ҳавзи обҷамъкунии ҳар кадоме бо ғунҷоиши 300 мукааб-метр об сохта, 2 ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об куллан таъмиру таҷдид карда шудааст. Тавассути 2 иншооти обгирӣ, ки сохта шудаанд, оби зеризаминӣ бо усули ҷаббишу полоишӣ аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда, аз он тавассути қубурҳои паластикии қутрашон 165 миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷаъмкунии мавзеи “Сари имҷоз” интиқол меёбад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ васлу насб гардидааст.

Дар натиҷа маҳалли аҳолинишини нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда дода шудааст, пурра бо оби нӯшокии тоза таъмин мегардад.

Дар маҷмӯъ хатҳои оби нӯшокӣ бо истифодаи қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 110 то 315 миллиметра ва қубурҳои оҳании қутрашон 200 ва 325 миллиметра дар масофаи беш аз 52 километр сохта, инфрасохтори меъёрии оби нӯшокӣ дар шаҳрак ва деҳоти Шаҳристон ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳамчунин, 513 адад ҷумакҳои обтақсимкунӣ сохта, таҷҳизоти муосири обченкунӣ васлу насб гардидааст. Бо бунёду навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ ҳамзамон, таъмини оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва сокинони маркази ноҳия-шаҳраки Шаҳристон боэътимод мегардад. Бо татбиқи лоиҳаи иловагӣ ва сохтмони хатҳои обрасонӣ ба дарозии 30 километр сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.

То имрӯз бо татбиқи лоиҳа дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он 10 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Баъди анҷоми пурраи корҳои лоиҳа боз 11 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 21 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳристон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шаҳристон”-ро аз тадбирҳои муҳими таъмини хоҷагиҳо ва аҳолии минтақа бо оби тоза арзёбӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки чунин нақшаҳои бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ дар кулли шаҳру ноҳияҳо, хусусан деҳоти мамлакат дар асоси “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” ва дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал-“Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ мешаванд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камобӣ, ки масъалаҳои ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ пеш аз ҳама иқдому чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Ҳамзамон, бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои сохтмону навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ бо татбиқи лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ идома дода мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: