Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ сатҳи донишазхудкунии (баҳои 3, 4, 5) хонандагон дар 471 муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ, 76,8 дарсад ва сифати таҳсилот (баҳои 4 ва 5) 32,9 дарсад, дар 14 муассисаҳои ғайридавлатии таълимӣ ва мақоми ҷумҳуриявидоштаи санҷидашуда бошад (литсей ва гимназияҳо), сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар маҷмуъ, 79,3 дарсад ва сифати таҳсилот 47 дарсадро ташкил дод.
Оид ба рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гуфта шуд, ки миёни 30 муассиса дар нимсолаи якум рейтинг гузаронида шуд, ки дар натиҷа, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 236 хол сазовори ҷои аввал, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷои дуюм бо 227 хол, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо гирифтани холҳои баробар, яъне 221-холӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Қурбон АҲМАДЗОДА