Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ПОСДОРОНИ ТАБИАТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ПОСДОРОНИ ТАБИАТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

22-06-2022, 07:43
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ПОСДОРОНИ ТАБИАТ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз бо иштироки Давлатзода Ҳ.Р – мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нурзод Р.М. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳимзода Нуруло - раиси ташкилоти ибтидоии “Посдорони табиат” дар ташкилоти ибтидоии “Посдорони табиат” Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Посдорони табиат” аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳимзода Нуруло дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Қайд карда шуд, аъзои ташкилоти ибтидоии “Посдорони табиат” бевосита татбиқкунандаи яке аз ҳадафҳои милли кишвар “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” буда, дар байни аҳолӣ оид ба сарфаҷуии энергияи барқ корҳои фаҳмондадҳиро ба роҳ мондааст, ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, то имрӯз 12 дарсҳои сиёсӣ оид ба амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои-миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ доир намудааст, инчунин вобаста ба дастовардҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати саҳмгузории ташкилоти ибтидоӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.
Вобаста ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома Нурзод Р.М. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба интихоби раиси ва муовини ташкилоти ибтидоии “Посдорони табиат” суханронӣ намуданд, бо пешниҳоди аъзои фаъоли ҳизб ва бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ бо ҷонибдории аксарияти аъзои ҳизб Раҳимзода Нуруло ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Посдорони табиат” интихоб гардиданд.
Оид ба масъалаи чоруми рӯзнома интихоби вакилон ба Конференсияи ХХХХII ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзадии Раҳимзода Нуруло пешбари гардиданд,
Давлатзода Ҳ.Р – мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҳозиринро бо ҷашни миллиамон 25-солагии Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, доир ба заҳмату талошҳои хастагинопазири Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ояндаи шукуфони мамлакат, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонивӣ, ҳадафҳои миллии стратегӣ, барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, одоби шаҳрнишинӣ, Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри гулрез” табдил додани қалби поку муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва ҳаводиси рухдодаи моҳи январи соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ёдовар шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: