НОРАСОИИ 3400 ОМӮЗГОР ДАР КИШВАР1-08-2022, 12:01
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар ба 3 ҳазору 400 омӯзгор ниёз доранд. Ин дар ҳолест, ки дар аввали сол ба мактабҳо 2100 муаллим намерасид.
Ба гуфтаи вазир ин мушкил на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба чашм мерасад ва онҳо барои ҳалли ин муаммо кор карда истодаанд. - На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ин мушкил вуҷуд дорад. Барои ҳалли ин мо дар назди вазорат як штаби доимӣ дорем, ки аз мушкилоти омӯзгорон ба роҳбарият ҳисобот медиҳад. Ин мушкилиҳо омӯхта мешаванд ва роҳи ҳалли худро меёбанд”,-гуфт Раҳим Саидзода. Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ донишгоҳу донишкадаҳои кишварро 14 ҳазор нафар бо равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки 7 ҳазор нафарашон аз ҳисоби буҷет таҳсил мекунанд. “Онҳо дар навбати аввал ба мактабҳо ба кор мераванд. Илова бар ин, 700 нафари дигар низ тибқи Квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки ба кор ҷалб карда мешаванд”, – гуфт вазир. Айни замон, дар кишвар 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 омӯзгор кор мекунад ва аз ин ҳисоб 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.