Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУДШИНОС БОЯД БУД

ХУДШИНОС БОЯД БУД

24-06-2022, 11:07
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
ХУДШИНОС БОЯД БУД
Имрӯз доираи фаъолиятҳои экстрмистию террористӣ торафт васеъ шуда, сарҳадҳои давлатиро убур намуда, терроризм ба як шабакаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Омилҳои пайдоиш ва таҳрикдиҳандаи ин ду зуҳурот хеле хатарнок аст. Аз ин хотир, бояд ҳамеша зиракию ҳушёриро аз даст надода, баҳри ободиву зебоии кишвар саҳмгузор бошем.
Дар чунин вазъият, вазифаи аҳли ҷомеаи мо аз он иборат аст, ки давлати миллӣ, истиқлолият ва дастовардҳои онро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири тарғиботу ташвиқоти арзишҳои бегона, қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем. Худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании маънавӣ будани аҳли ҷомеа қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти тахрибкориро, ки ба нооромӣ, бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намояд.
Таҳлили вазъияти имрўзаи сиёсӣ атрофи Украина ва аз тарафи Федератсияи Россия эътироф ва таҳти ҳимоя қарор гирифтани ҷумҳуриҳои навтаъсиси Донетск ва Луганск аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти сиёсии Украина амнияти кишвари худро бинобар роҳ додани як қатор хатоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла иҷро накардани Паймонаи Минск, бо супориши давлатҳои Ғарб пеш гирифтани сиёсати ҷангҷўёнаи неофашистӣ, тарғиботи бадбинӣ нисбат ба мардуми кишвари худ аз рӯи эътиқод ва забон ва ҷойгир кардани қувваҳои низомии давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди давлат, ноустувор кард.
Ин воқеаҳо, идомаи аз ҷониби давлатҳои Ғарб кӯшишҳои ба тариқи сунъӣ ҷорӣ кардани “демократия ва арзишҳои ғарбӣ” (дар Югославия, Ироқ, Миср, Лубнон, Сурия ва Афғонистон) мебошад, ки бо ҷанги иттилоотию мафкуравӣ оғоз ёфта, то амалиётҳои мусаллаҳонаи шадид амалӣ гардида, иқтисодиёт ва низоми ин давлатҳоро нобуд ва мардуми онро бо сарсонию ғарибӣ овард. Воқеаҳои дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон рухдодаистода низ ҷузъи муҳими ин руйдодҳо мебошанд, ки хатари экстремизм ва терроризмро дар минтақа афзун мекунад.
Ҳоло доираҳои муайяни давлатҳои Ғарб арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро дар Россия ва ИДМ аз нигоҳи манфиатҳои гурўҳиву минтақавӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкории давлатҳо минбаъд низ халал мерасонанд. Ғайр аз ин, воқеаҳои дар Афғонистон, Қазоқистон, Украина, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон рухдода нишон медиҳанд, ки ин ҳодисаҳо силсилаи як занҷир буда, қувваҳои моҷароҷўи давлатҳои Ғарб ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишварҳо аз нигоҳи манфиатҳои худ ошкоро дахолат мекунанд, бо маблағузорӣ ва ёрии расонаҳои хабарӣ аз ниятҳои бади худ, аз кӯшишҳои паст кардани аҳамияти арзишҳои маънавию ахлоқӣ, ҳамкориҳои ИДМ, аз ҷумла дигаргун кардани низоми давлатдорӣ ва халалдор кардани осоиштагии мардум даст намекашанд.
Бояд дар назар дошт, ки дар шароити авҷ гирифтани таблиғу ташвиқоти ба ном «арзишҳои демократӣ» (лекин дар асл зўроварӣ, бадбинӣ ва ниҳоят низои иҷтимоӣ), бо дастгирӣ ва маблағгузории давлатҳои Ғарб кӯшишҳои қувва ва доираҳои муайяни ифротӣ (аз ҷумла, хоинони миллат) аз рўи сенарияи инқилоби ранга фаъолияти тахрибкорӣ ва зиддиҳукуматии худро ошкоро фаъол мекунанд. Ин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо бо тарғиботу ташвиқоти ғалат ният доранд, мардумро фирефтаи арзишҳои бегона кунанд, ба сатҳи масъулиятшиносӣ, ҳамкории судманди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва муттаҳидии мардуми кишварҳои аъзои ИДМ монеаҳои сунъӣ эҷод намоянд.
Аз ин рӯ, барои мубориза бар зиди зуҳуротҳои наматлуб ва шомил нагаридани ҷавонон ба он, ҷомеа бояд ҳамеша дар талош бошад.
Шамсов Аҳлиддин,
раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар НБО шаҳри Норак
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: