Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

МЕҲРИ ПАДАР

28-06-2022, 10:51
Хабарро хонданд: 739 нафар
Назарҳо: 0
МЕҲРИ ПАДАР

Аз рўзи худашро шинохтанаш падараш нисбати ў сахтгир буд. Барои чизи арзиш надошта ҳам танбеҳ медод, ҳар як ҳаракати ўро назорат менамуд. Духтарак падарашро бо падари дугонаҳояш муқоиса намуда, рўзе ҳатто ба модараш гириста гуфта буд:
-Падарам маро бад мебинад, дўст медошт ин қадар сахт танбеҳ намедод.
-Не, духтарам, ин тавр нагўй!-дилбардорӣ намуда буд модар духтарашро.-Баръакс, падарат туро беҳад дўст медорад, вақти чашм ба олами ҳастӣ кушоданат хеле шод шуда буд. Ҳоло бузург шавӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ.
Аммо духтар фикрашро дар бораи падараш тағйир надод: падараш ўро дўст намедорад!
Солҳо гузаштанд. Таҳти таъсири назорати падар, тарбияи модар духтар ба ҳавас намудан меарзидагии боақл, боодоб бузург шуд. Бо дугонаҳояш дар ҷое сўҳбат оростан хоҳанд, бисёр вақт аз падараш иҷозат пурсида наметавонист, ба тўю тантанаҳо ҳам бе розигии падараш намерафт. Боз ҳамон фикр аз дилаш мегузашт: падараш ўро дўст намедорад!
Вақту соаташ расида, бо розигӣ, сари баланд ба остонаи бахт-хонаи шавҳараш қадам ниҳод-арўс шуд. Рўзи тўй вақти хонаи қадрдонашонро тарк намудан ба пойи падараш сар зад. Дастони падараш ба дуо боз шуданд, садояш ларзида, падар ба ҷигаргўшааш фотиҳаи сафед дод:
-Ба намаки додаам ҳазорон ҳазор розӣ ҳастам, духтарам! Бо шавҳарат қўшапир, соҳиби бахту тахт шавед! Омин!
Чашмони духтар беихтиёр ашколуд, дилаш ким-чӣ хел шуд. Аммо дар ҳамон фикраш монд: шояд падараш ўро дўст намедорад!
Пас аз тўй ба хонаи падариаш ба меҳмонӣ омад. Бо шавҳар, хушдоманаш ба хонаашон наздик омада, баробари ба тарафи кўчаашон тоб хўрдан дар паҳлўи дарвоза падари аз ин тараф ба он тараф бесаброна гашта, касеро интизор истодаашро дид. Баробари аз мошин фаромадан сурху сафед шуда, салом бидод. Вақти аз пешонии ў бўсидани падараш дар чашмони қиблагоҳаш ашкро дид. Беихтиёр қалбаш аз як кашф равшан шуд: модараш рост гуфта будааст, падари бузургвораш ўро хеле-хеле дўст медоштааст! Ба мисли қанди дар коғаз буда эҳтиёт намуда дўст медоштааст!..
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: