
Дирӯз дар деҳаи "Чиртак"-и ҷамоати деҳоти "Навобод"-и шаҳри Турсунзода бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода ва дастгирии сокинони ватанпарвари деҳаи "Чиртак" - аъзои фаъоли ҳизб толори фарҳангӣ дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти фарҳангӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва як қатор шахсони баруманди диёр иштирок намуданд.
Боиси зикри хос аст, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳаммият додан аз рисолатҳои усулии ҲХДТ мебошад. Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Аснои боздид аз тарафи муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ин ташаббус шоистаи пайравӣ арзёбӣ гардида, намунаи ибрат дониста шуд. Аъзои ҲХДТ дар ҷамоат ибтикор гирифтаанд, ки минбаъд низ дар марҳилаи бузурги созандагӣ ширкати фаъолона намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош ва мусоидат намоянд.
Дар толор бо аҳли ҷамоатчигӣ суҳбати озоду самимии ҳайати меҳмонон сурат гирифта, ифтитоҳи толори мазкур идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон арзёбӣ гардид.