Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Владимир Путин меҳнати муҳоҷирони тоҷикро дар Русия назаррас арзёбӣ кард Июнь 29, 2022 13:02

Владимир Путин меҳнати муҳоҷирони тоҷикро дар Русия назаррас арзёбӣ кард Июнь 29, 2022 13:02

30-06-2022, 06:46
Хабарро хонданд: 971 нафар
Назарҳо: 0
Владимир Путин меҳнати муҳоҷирони тоҷикро дар Русия назаррас арзёбӣ кард Июнь 29, 2022 13:02

Д Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, дар рушди иқтисоди Русия саҳми арзанда доранд. Дар ин бора дирӯз, 28 июн дар Душанбе Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.

«Имрӯз метавон гуфт, ки ин одамон дар рушди иқтисоди кишвари мо саҳми арзанда доранд ва онҳо мисли як пули инсонӣ, пули дӯстӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳастанд», — изҳор дошт Путин.

Владимир Путин ёдовар шуд, ки дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ «шароити мусоид» ҷорӣ шудааст ва таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин гуна вохӯриҳои шахсӣ масъалаи меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия «пайваста» матраҳ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи декабри соли 2019 Владимир Путин Қонун «Дар бораи ба тасвиб расонидани Созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ»-ро имзо кард. Созишномаи мазкур 17 апрели соли 2019 дар Москва зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид.

Дар мулоқоти ду президент дар он замон дар Кремл ба ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои ба танзим даровардани ҷараёни муҳоҷират ва беҳбуд бахшидани шароити будубош, фаъолияти муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо дар Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд.

Дар музокироти роҳбарони Тоҷикистону Русия моҳи майи соли 2021 дар Москва Владимир Путин аз нарасидани коргарон дар тамоми бахшҳои иқтисод изҳор дошт. Путин баъдан таъкид кард, ки Русия тамоми чораҳоро меандешад, то муҳоҷирони меҳнатӣ худро дар ин ҷо роҳат ҳис намоянд.

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: