Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “Муъмин Қаноат – сарояндаи хамосаи Ватан”

“Муъмин Қаноат – сарояндаи хамосаи Ватан”

29-06-2022, 16:02
Хабарро хонданд: 1056 нафар
Назарҳо: 0
         “Муъмин Қаноат – сарояндаи хамосаи Ватан”
Дар толори маҷлисгоҳи Марказии мероси хаттии назди Раёсати АМИТ конференсияи илмӣ-амалӣ «Мӯъмин Қаноат – сарояндаи хамосаи Ватан” ва рӯйнамои маҷмуаи “ Суханро қудрати ҷонофарин бахшид” Душанбе: Дониш, 2022), 24-и июни соли ҷорӣ , ба ифтихори 90-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат баргузор гардид.
Коференсияро бо суханонони ифтитоҳи Қосимшоҳ Искандаров
кушода, барномаи конференсияро ба ҳозирин муаррифи намуд. Номбурда, атрофи фаъолияти эҷодии Муъмин Қаноат, шеърияти баланди ӯ мухтасар андеша карда гуфтанд, ки “Дар асарҳои эҷодкардаи ӯ ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги тоҷик, тарбияи ҷавонон дида мешавад”.
“. Баъдан , сухан ба директори Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатзода дода шуд. Номбурда атрофи мақоми Муъмин Қаноат дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории мероси хаттии ниёкон баромад намуда, иброз доштанд, ки шоир дар адабиёти муосири тоҷик ҳамчун ҷамъоваранда ва муҳофизу нигаҳдори мероси хаттии ниёкон шинохта шудааст ва дар ин ҷода ба халқу миллати худ хизмати арзандаеро баҷо овардааст.
Профессори Донишгоҳи милли Тоҷикистон Аламхон Кӯчаров оид ба таҳқиқи қиёсии матнҳои чопшудаи достони “Суруши Сталинград”-и Мӯъмин Қаноат маърӯза кард. Баъдан, номзади илми филология, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон дар мавзӯи “ Муъмин Қаноат” – сарояндаи хамосаи Ватан” музокираи илмӣ намуданд.
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Боймурод Шарифзода дар мавзӯи “Суннат ва навоварӣ дар достонҳои Мӯъмин Қаноат” ва ходими калони илмии Маркази мероси хаттӣ Асрори Раҳмонфар, дар боби “Мӯъмин Қаноат устоди забардасти шеъри нав” баромад намуда, баён доштанд, ки “Усдод Мӯъмин Қаноат ҳамчун шоири хамоссаро дониста мешаванд ва шеърияташон олӣ ҳаст. Дар шеъру достонҳои шоир мазмунҳои ниҳоят баланд дида мешаванд, ки дар хотири хонанда ба зуди нақш мебанданд.
Баъдан, чанд нафар аз адибони шинохтаи тоҷик Камол Насрулло, Абдулҳамид Самадов, Раҳмат Назрӣ, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманонов ба сухан баромада, дар боби мавқеъ ва манзалати Мӯъмин Қаноат дар пешрафт ва таҳкими адабиёти муосири тоҷик андеша намуданд. Инчунин, чанд лаҳзаҳои хотирмони хешро бо устод Мӯъмин Қаноат нақл намуданд.
Баъдан, муаррифи китоби “Суханро қудрати ҷонофарин бахшид” Душанбе: Дониш, (2022), зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ ва таҳияи Беҳрӯзи Забеҳулло баргузор гардид.
Дар ин маҷмӯа ба ифтихори 90-мин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат, мақолаҳои адибону донишмандони ватаниб хориҷӣ ҷамъ оварда шуда, оид ба рӯзгор ва афкори суханварии шоир мақолаҳо дарч гардидаанд.
Конференсияро бо суханони хотимавӣ ноиби Президенти АМИТ Қосимшоҳ Искандаров ҷаъбаст намуд.

Та-оймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: