Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷо Байден номзадии Микаллерро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешбарӣ намуд

Ҷо Байден номзадии Микаллерро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешбарӣ намуд

25-06-2022, 06:57
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Ҷо Байден номзадии Микаллерро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешбарӣ намуд

Призиденти ИМА Ҷо Байден номзадии Мануэл Микаллерро ба мақоми Сафири Фавқулода ва Мухтор дар Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Мануэл Микаллер дипломати ботаҷриба буда, ҳоло ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии ИМА дар Непал кор мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар иттилоияи Кохи Сафед, ки 22 июн нашр гардид, иттилоъ дода шудааст.

Номзадии сафири нав дар Тоҷикистон бояд аз ҷониби Сенати ИМА тасдиқ карда шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки овоздиҳӣ дар Сенат кай баргузор мегардад.

Мануэл Микаллер (ДАР АКС — аз тарафи чап) қаблан дар сафоратҳои ИМА дар Муғулистон, Марокаш ва Тоҷикистон кор карда, дар Департаменти давлатӣ мақоми баландро ишғол намудааст. Дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сафир оид ба иқтисод фаъолият кардааст.

Микаллер дараҷаи бакалаврро дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ва дараҷаи магистр дар идораи соҳибкориро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон гирифтааст. Ӯ инчунин дар Донишгоҳи мудофиаи миллӣ дараҷаи магистр гирифта, донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва тоҷикӣ мебошад.

Микаллер, дар сурати тасдиқ гардидани номзадиаш аз ҷониби Сенат, Ҷон Марк Поммершаймро (ДАР АКС – аз тарафи рост), ки аз моҳи январи соли 2019 инҷониб роҳбари намояндагии дипломатӣ мебошад, дар мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон иваз мекунад.

Қаблан Поммершайм низ, то таъйин шуданаш ба мақоми сафир дар Тоҷикистон, ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии ИМА дар Қазоқистон кор кардааст. Илова бар ин, ӯ ҳамчунин дар гузашта ба ҳайси директори Дафтар оид ба масъалаҳои Қафқоз ва низоъҳои минтақавии Бюрои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатии ИМА фаъолият намуда, масъули идораи кулли равобити ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон буд.


АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: