Фароб аз дурдасттарин ҷамоатҳои деҳот ва деҳаи шаҳри Панҷакент маҳсуб шуда, дар пояи кӯҳи Ҳазрати Султон, дар сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст. Дар заминҳои фарохи кӯҳу пуштаҳои Фароб мардум ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Аз даврони дур фаробиён бо ғаллакорию картошкапарварӣ, нахӯдпарварӣ ном баровардаанд ва солҳои охир боғдорӣ низ дар ин ҷо рушд кардааст.
Дар ҷамоати деҳоти Фароб ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият доранд ва мақсади боздиди кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо роҳнамоии раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода низ иштирок дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ҳизбиёни Фароб буд.
Дар ҷамоати деҳоти номбурда, се мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бемористон, нуқтаҳои зиёди тиҷоратӣ, бозор ва шояд калонтарин дар мамлакат захираи мармари кони Тиллогул, ки бо он метавон ҳазорон бино, қасру кӯшкҳоро мармарпӯш намуд, воқеъанд.
Дар толори ин муассисаи таълимӣ 37 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳот ҷамъ омада, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Самариддин Насриддинов шунида шуд.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ фаъолони ҷамоати деҳот, ки аксарияташон аъзои ҳизб ҳастанд, дар корҳои ободонӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштаанд. Иштирокчиёни ҷаласа ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баҳои қаноатбахш дода, дар нақшаи фаъолият барои нимсолаи дуюми соли равон зиёд намудани аъзои ҳизбро аз ҳисоби ҷонибдорони он пешбинӣ карда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб намуданд.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии кооперативи тиҷоратии “Ғелониён” баргузор гардид. Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Олим Ҳамроқулов аз саҳми 76 нафар ҳизбиён дар таъмини амнияти ғизоӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, корҳои ободонӣ, тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб сухан рафт. Воқеан, кооперативи тиҷоратии “Ғелониён” дар корҳои ободонии деҳа, аз ҷумла бунёди се мактаб саҳмгузорӣ намудааст ва раиси ташкилоти ибидоии ҳизбӣ Олим Ҳамроҳқулов дар маҷлис эълон дошт, ки то оғози соли нави таҳсили 2023 дар маҳаллаи канории деҳа боз як мактаби нав бунёд мекунанд. Ин хабарро ҳизбиён бо қаноатмандӣ пазируфтанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки то охири сол сафи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба 500 нафар расонида мешавад.
Ҳизбиён ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима намуда, Олим Ҳамроҳқуловро ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботӣ вакил интихоб намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода дар ин ҷаласаҳо сухан карда, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, иштирокчиёнро ба истифодаи босамари ҳар қитъа замин, афзун намудани захираи ғизоӣ, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз вилояти Хатлон бармеояд, роҳандозии шоистаи корҳои ҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзо аз ҳисоби ҷонибдорону фаъолон даъват намуд.
Баъди анҷоми маҷлисҳо ҳайати кормандони Кумитаи иҷроия ба дидорбинии яке аз поягузорони хадамоти гумрук дар мамлакат, собиқадори хадамоти амният, иштирокчии иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, генерал Худойқул Ҳамроҳқулов, ки дар як гӯшаи зодгоҳаш боғе бо анвои гуногуни меваҳо аз ҳама манотиқи мамлакат, гармхонаю сардхона бунёд намудааст ва имсол ба синни мубораки 75-солагӣ расидааст, омаданд.
КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент