Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Хуҷанд бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ бо наваскарон мулоқот доир гардид Июнь 20, 2022 11:56

Дар Хуҷанд бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ бо наваскарон мулоқот доир гардид Июнь 20, 2022 11:56

20-06-2022, 13:25
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
Дар Хуҷанд бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ бо наваскарон мулоқот доир гардид Июнь 20, 2022 11:56

«Тоҷикистон кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро» — таҳти чунин шиор ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳайати таблиғотии шӯрои шаҳрӣ ва вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд, воқеъ дар маҳаллаи «Сайҳун»-и шаҳри Хуҷанд рафта, бо сарбозон оид ба аҳамияти ваҳдат ва пойдории сулҳу субот суҳбат оростанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ бо вазъи хизмат ва шароити зисти наваскарон аз наздик шинос шуда, аз имконияти фароҳам овардашуда қаноатманд гардиданд. Онҳо дар паси мизи аскарӣ нишаста, хўроки эшонро низ чашида, бо онҳо мулоқоти хотирмон доир карданд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода зимни мулоқот гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

-Ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ захираҳои сафарбарӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ таъсири хуб мерасонанд, -афзуд Фирўза Нуруллозода.

Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: