Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кабирии ғулому беватан ҳашаротест барои хоҷагонаш!

Кабирии ғулому беватан ҳашаротест барои хоҷагонаш!

7-02-2019, 09:29
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Кабирии ғулому беватан ҳашаротест барои хоҷагонаш!

ВОКУНИШ. Вазъи ҷахони муосир ҳушдор медиҳад, ки беш аз пештара ҳушёру зирак бошем. Имрӯзҳо нерӯҳое ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромади хоини миллат Муҳиддин Кабириро тамошо намудам. Ӯ дар баромади худ аз ашъори бузургон мисолҳо оварда, дар бораи ғулому ғуломдорӣ ҳарф зад. Аммо, худ андеша накард, ки худ кӣ ҳасту бо ин гуна кундфаҳмии худ мазмуну мундариҷаи ашъори бузургони моро аз куҷо дарк менамояд. Аслан Муҳиддин Кабирӣ худ ғулом аст, ки ба мисли ҳашаротҳои хурдак ба ҳар гуна ҳашаротҳои бегона часпида, зиндагонӣ мекунад. Ба онҳо итоат карда, дар фармони онҳост.

Дар Тоҷикистони мо низ нерӯҳое мавҷуд ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнуъшудаи наҳзати ислом аз қабили онҳост. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқимии хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Вақт собит намуд, ки ҳизби мазкур дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қудрат ва саҳм надошт. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, бо корбурди номи Ислом ва сӯистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон аксар ба ин ҳизб эътимод надоштанду надоранд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки боиси марги миллионҳо нафар ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардид, маҳз бо сабаби тундравиҳои ҳизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин рӯ, мардум ҳузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдорӣ ҳамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд.

Хоҷагони ТЭТ ҲНИ ва худи он барои ба шуури пешбар ва асосии ҷомеаи мо табдил додани шуури мутаассибонаи динӣ мехоҳанд, ки мо аз хурофоти дин ва ихтилофоти мазҳабӣ пой берун нагузорем ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ саъю талоши ҷиддӣ надошта бошем.

Тафаккури илмӣ силоҳи муқтадире хоҳад буд, ки бо он мо нафақат бо сухан, балки амалан низ метавонем, манфиатҳои миллии худро ҳимоят намоем. Аз ин хотир, нерӯҳои манфиатҷӯи минтақа ва байналмилалӣ намехоҳанд, ки тафаккури ҷомеаи мо илмӣ бошад, чунки дар он ҳолат имкони амалии ҳифзи манфиатҳои миллӣ пайдо мешавад, ки бо манфиатҳои онҳо созгор нахоҳад буд. Маҳз бархӯрди манфиатҳои иқтисодӣ боиси муборизаҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардиданд. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлат, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеаи худ саъю талош варзем. ҲНИ ва гурӯҳҳои дигари ифротии кишвар аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Фаъолияти ҲНИ ҳатто ба моҳияти дини Ислом ихтилоф дорад. Ин ҳизб аз эътиқоду ҳассосияти мардум сӯистифода карда, ҳамчун азҳоби диниву гурӯҳҳои тундрави мазҳабии кишварҳои арабӣ зери нуфузи хадамоти махсус ва доираҳои динии мутаассиби хориҷӣ қарор дорад.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тӯли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии мост. Аз ин рӯ, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвакта ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд. Мо бояд ватандори ҳақиқӣ будани худро собит карда тавонем.

И. Ҳасанов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: