Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барои чӣ Кабириро ҳатто дар Файзобод намепазиранд?

Барои чӣ Кабириро ҳатто дар Файзобод намепазиранд?

8-12-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Барои чӣ Кабириро ҳатто дар Файзобод намепазиранд?


Дар ин чанд сатр ман мехоҳам фикру ақидаи дӯстону ҳамкорон, хешу табор ва аксари кулли сокинони ноҳияи зархези Файзободро барои хонандагони нашрия рӯшан созам. Баъди суҳбату мулоқотҳо фаҳмидам, ки воқеан ҳам ин мардум дар фикру андешаи сулҳу ваҳдату оромии ҷомеа мебошанд. Барои он ки танҳо суботу оромӣ имкон медиҳад, ки мо ба кори пурмаҳсул машғул бошем ва ризқу рӯзии оила ва фарзандонамонро соҳиб гардем. Давлату ҳукумат ин неъматро барои мо муҳайё сохтааст. Аз мо чӣ талаб карда мешавад? Аз қувваи қобили кор, аз ҷавонмардон фақат тақозо мешавад, ки ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул бошем ва сулҳу ваҳдати саросариро ҳифз намоему онро таҳким бахшем.
Аммо мутаассифона нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди зиндагонии хушу гуворо доштани худу хонадонашон ва хешу ақрабояшон боз мехоҳанд, ки ин кошонаи умумии мо-Тоҷикистони азиз гирифтори нооромиҳо бошад. Лекин чуноне, ки мегӯянд, «бори каҷ ба манзил намерасад» ё ки «чоҳкан зери чоҳ мешавад». Ин гуна одамон бо сари худ кореро анҷом дода наметавонанд. Агар дар пушташон аз мамолики хориҷӣ пуштибоне надошта бошанд. Ин хоҷагон онҳоро бо маблағҳои калони пулӣ таъмин мекунанд ва барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразнокашон дастур медиҳанд.
Хонандаи арҷманд аллакай пайхас намуд, ки ман дар бораи чӣ ва кӣ изҳори ақида карданиам. Бале, ман перомуни ҳамшаҳрии худ раиси ҳизби мамнуъи наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ назари худро гуфтаниам. Дар бораи аз хориҷи кишвар бо маблағ таъмин шудани ӯро дигар ҳоҷати исбот кардан нест. Дар мурофиаи судии роҳбарони ҳизби наҳзат, ки исёни мусаллаҳонаашон дар ҳамкорӣ бо генерали хиёнаткор Ҳалим Назаров зидди ҳукумати қонунӣ собит шуд, ҳамзамон таъйид гардид, ки ин тоифа муқарраран аз беруни мамлакат маблағгузорӣ мешудаанд.
Ғайр аз ин узви шӯрои сиёсии ин ҳизби мамнуъ Зарафо Раҳмонӣ дар як мусоҳибааш дар ҳафтавори «Минбари халқ» ошкоро қоил шудааст, ки роҳбарияти онҳо аз хориҷи кишвар пул мегирифтанд. Бинобар ин барои «ҳалол» карда хӯрдани он бояд дар беруни Тоҷикистон ҳам бошад, ба иқдомҳои беасоси зиддиҳукуматӣ даст зананд.
Аз ҷумлаи чунин амалҳо саҳнасозии онҳоро ҳангоми ҳисоботи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон дар нишасти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ҷумҳурии Полша мисол овардан лозим аст, ки маълум буд он саропо аз иқдоми сохта ва коргардонишудае беш набуд. Дар як кишвари пешрафтаи Аврупо, ки бо фарҳанги баланди сиёсиашон ифтихор ҳам доранд, ба толори ҷаласа зада даромадани гурӯҳе ба ном мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон сирф кори ташкилшуда буд.
Агар демократия ҳамин гуна бошад, пас он падидаи якҷонибае будааст, ки тарафи муқобилро сарфи назар мекардааст. Ё ҳадди ақал ба далелҳои шайъии ҳукумат оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон гӯш намедодаанд. Модоме, ки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳдуд мешуда бошад, ё ки барои фаъолияти сиёсӣ шароит мавҷуд набошад, пас ин 7 ҳизби сиёсӣ чӣ хел ақидаву ғояҳояшро дар ҷумҳурӣ интишор медиҳад?
Ҳоло барои мо ва ҳам барои ба ном мухолифин аз ҳизби наҳзат мусаллам гаштааст, ки онҳо заминаи иҷтимоӣ надоранд ва барои ҳамин як-ду нафар роҳбаронашон гоҳ аз кишвари Туркияву Эрон, гоҳҳо аз Аврупою Амрико садо баланд мекунанд. Зеро ки онҳо дар ҳамон хориҷа бо пул таъмин мешаванд. Наҳзатиҳо дар Тоҷикистон умуман заминаи иҷтимоӣ надоштанд. Гоҳ 40 ҳазору гоҳ 70 ҳазор аъзо дорем мегуфтанд. Аммо имрӯз мебинем, ки ин ҳама кафки рӯи об будааст. Танҳо бо 10-15 гурезаи муздур ҷор зада истодаанд.
Ҷойи баҳс нест, ки ҳамин Муҳиддин Кабирӣ барои вакили парлумон интихоб шудан номзадиашро аз ноҳияи худаш, ба қавле зодгоҳаш монда буд, лекин овози кироӣ нагирифт. Барои чӣ? Ба он хотир, ки на худашу на ҳизбаш ақидаву назари солим надошт. Ҳадафу мақсади беҳтаре аз дигар аҳзоб манзур карда натавонист. Барои ҳамин мардумро ҷалб карда натавонист, Танҳо бо ақоиди исломи сиёсӣ дилҳои муслиминро ҷалбу гарм карда намешавад. Алҳамдуллилоҳ, мо ҳамагӣ мусулмонем. Барои мусулмонӣ ягон хел ҳизб лозим нест.
Ҳукумат барои анҷоми фароизи динӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Масҷиду мадрасаҳо, таълимгоҳҳои динӣ дар ихтиёри мардум қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода корҳои шоёнеро ба сомон расонда истодааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки ду маротиба ба қатори 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон шомил гардид.
Ман борҳо бо намояндагони ҳизби наҳзат суҳбат кардаам, лекин дар барномаҳояшон ягон чизи мусбат ва ё қобили қабул пайдо накардам. Баръакс, ҳоло дар ҷумҳурӣ чанд ҳизби соҳавӣ ва умумӣ ҳаст, ки ормонҳои мардумро пиёда карда истодаанд. Масалан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар айни замон дар байни омма нуфузи фарогир дорад ва бо барномаҳои созандааш дар ҷомеа пешсаф буда, дар мусобиқаҳои интихоботӣ пайваста ғолиб меояд.
Ҳамзамон аҳзоби аграрӣ, демократӣ, сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ ва ғайра ҳар кадом дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгоҳи муносиби худро доранд. Табиист, ки онҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ақида ва ғояҳои худро таблиғ мекунанд. Лекин фаъолият ва ҳуқуқҳои онҳоро касе ё сохтори давлатие маҳдуд ва ё поймол накардааст. Демократияро мо ҳамин гуна мефаҳмем ва онро дар ҳамин шаклаш қабул дорем.
Ҳизбе ва ё гурӯҳе агар бо зӯри силоҳ қудратро ба даст оварданӣ бошад, ҳаргиз муваффақ намешавад. Ин амал иқдоми зиддиконститутсионӣ маҳсуб меёбад. Мо шоҳиди зинда будем, ки Кабирӣ бо ҳамроҳонаш, аз ҷумла генерали хиёнаткор А. Назаров аз ҳамин роҳ рафтанӣ буд. Ӯ пешакӣ медонистааст, ки муваффақ намегардад, бинобар ин ҷумҳуриро тарк намуда, баъзе хешону думравонашро ҳам бо худ бурдааст. Шояд гумон доштааст, ё мехостааст, ки баъди пирӯзии наҳзатиҳо «савори аспи сафед» вориди Тоҷикистон мегардад. Аммо ҳамаи орзуҳои ӯ ва гумоштагонаш, ҳамчунин хоҷагони хориҷиаш хаёли хоме будааст, ки ба боди фано рафт.
Чуноне, ки дар боло арз намудам, ин тоифа одамон ба амалҳои худ баҳои хеле баланд медодаанд. Онҳо пиндоштаанд, ки бо шунидани садои тире мардум саропо ба ҷонибдориашон бармехезанд. Ва силоҳ гирифта барояшон ҳукумат месозанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Сандуқу мошинҳои силоҳашон бесоҳиб монд. Касе ба истиқболашон набаромад. Баръакс, исёни генерали хоин ва кабиримаобҳо мардумро дар атрофи Президенти кишвар ва ҳукумати қонунӣ боз ҳам муттаҳид намуд. Ҳамаи мо шоҳид будем, ки чӣ гуна мардуми осоишта ба кӯмаки сохторҳои қудратӣ бархост ва ҷиҳати безарар намудани мухолифини мусаллаҳ фидокорона камар бастанд.
Воқеияти дигар ин аст, ки ҷинояткорону хиёнаткорони миллат ва халқу давлат дер намепоянд. Онҳо худашон пушаймон мешаванд ва бо тавбаю надомат ба Ватан бармегарданду подоши амалашонро мебинанд. Ва ё мисли беватанҳо дар хориҷи Тоҷикистон овораю дарбадар мегарданд.
Омили дигар ин аст, ки онҳо дар пайгарди пулиси байналмилал қарор доранд ва агар меъёру талаботи ин сохтор комилан риоя ва муроот шавад, дар заминаҳои муқаррароти демократӣ бояд боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шаванд. Дар он сурат ҳақ ба ҳақдор мерасад ва ҳадди ақал инро саҳнасозӣ қаламдод намекунанд…

Абдулло Азизов
сокини но
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: