Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Андеша: Одамият чист?

Андеша: Одамият чист?

26-05-2022, 07:53
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Андеша: Одамият чист?
Одаму одамгарӣ яке аз нишонаҳои асосии инсоният аст, ки тулии солиёни зиёд аҳли маърифату фарҳанг , шоирону нависандагон ва умуман аҳли илму адаб васфу ситоиши онро мекунанд. Ин нишонаи аввалиндараҷаи фарқкунандаи инсоният аз дигар махлуқоти офаридаи Худованд аст. Бузурге чӣ хуб гуфта:

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Некхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Имрӯзҳо рафторҳои баъзе ашхосро мушоҳида карда, кас дар ҳайрат мемонад, ки оё чунин касонро инсон гуфтан дуруст аст? Ба ақидаи ман, не!

Сабаб он, ки онҳо мудом аз пайи ноором кардани зиндагии осудаву осоиштаи мардумони меҳнатқаринанд. Онҳо чун ҳасудонанд, ки беҳбудии шахси дигарро дидан нахоста, ҷиҳати халал ворид намудан ба ҳаёти осудаи инсонҳои некрафтору накукор аз тамоми воситаҳо истифода менамоянд.

Дар замони муосир, ки замони рушди воситаҳои техникии иттилоотӣ мебошад, бадхоҳони инсоният, нотавонбинони ободиву созандагӣ ва сулҳу осоиштагии миллату қавмҳои гуногун, бо ҳар роҳу восита, сафедро сиёҳ, хубро бад, ривоҷу равнақро пасравӣ шарҳу тафсир медиҳанд. Биёед ба хотир орем, ҳодисаву воқеаҳои дар Сурия, Афғонистон, Русияю Украина, Қазоқистон ва Бадахшони Тоҷикистон ба вуқуъпайвастаро.

Оё мардуми меҳанпарасту меҳнатқарин, ки пайи беҳтарсозии зиндагии худу Ватани худанд, тарафдори чунин ҳодисаву руйдодҳоянд? Ҳаргиз не!

Пас касоне, ки ба чунин амалҳои ғайриинсонӣ даст мезананд, душмани инсониятанд. Онҳо қавм, миллат, нажот надоранд!

Магар ин амалҳои болозикр рафтору кирдори инсонист, одамгарист?

Дар урфият мегӯянд, ки бадро бадии хеш кифоят бошад. Ин гуфтаҳо борҳо исботи худро ёфта ва дар оянда низ хоҳад ёфт!

М.Бурҳон-Аъзои фаъоли ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: