ХИСЛАТҲОИ НОМАТЛУБ – ДОҒИ ҶОМЕА24-08-2021, 14:40
Хабарро хонданд: 129 нафар
Назарҳо: 0
Одамият агар ки беадаб аст, одам нест, Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст. АНДЕША. Оре, инсон мавҷуди нотакрори рӯи олам буда, тавассути ақлу хиради воло, илму маданият, ҳусни зебои худ аз дигар офаридаҳои Худованди бузург тафовут дорад. Инсон бо ёрии ақлу заковаташ ҳама ҳодисоти рӯйдодаро баррасӣ намуда, худро аз хислатҳои бад дур нигоҳ медорад ва ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба касе зарари худро нарасонад. Маҳз, ҳамин дурӣ ҷустан аз бадиҳо инсонро соҳибмаърифат, бомаданият ва маҳбуб мегардонад. Хислати бад як навъи ахлоқ буда, инсонро ба ҷомеа нодаркор мегардонад. Бояд гуфт, ки бетарбиягӣ, беадабӣ, бемаданиятӣ, дуздию мардумфиребӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷӯиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва ба ин монанд ба қатори хислатҳои номатлуб мансубанд. Шахсоне, ки пайи ин хислатҳои бад равонаанд, ба хотири пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста даст зада, дар байни ҷомеа обруи худро мерезонанд. Мутаассифона, имрӯзҳо дар қатори писарон духтарон ҳам, чунин амалҳои носазоро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки онҳо дар оянда тарбиятгари фарзанд ва ободгари зиндагӣ мегарданд. Барои он ки ҷомеаи мо аз чунин нокасон пур нагардад, ҳар яки мо бояд фарзандони хешро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ парвариш намуда, доим онҳоро ба сӯи одобу ахлоқи ҳамида, пайи иҷрои амалҳои нек равона сохта, ба ин тариқ қарзи шаҳрвандии худро адо намоем. Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.