Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши “Дипломатияи об” ва ташаббусҳои Тоҷикистон

Нақши “Дипломатияи об” ва ташаббусҳои Тоҷикистон

18-05-2022, 09:00
Хабарро хонданд: 123 нафар
Назарҳо: 0
Нақши “Дипломатияи об” ва ташаббусҳои Тоҷикистон
Об аз моддаҳои махсуси табиат ба шумор меравад, ки вуҷуди он сабаби ҳаёти ҳамаи мавҷудоти олам мебошад. Дар бораи он донишмандони соҳа китобу мақолаҳои бешумор таҳия ва нашр намуда, арзиши волои онро, чун маводи муҳими стратегӣ пазируфтанд. Дар ин зимн, дар китоби «Ҷаҳон дар соли 2020», ки аз ҷониби нависанда ва коршинос Ҳамиш Мекро таҳия шудааст, об чун манбаи асосӣ ишора шуда, зикр шудааст, ки он дар оянда ба мисли сўзишворӣ ба як чолиши сиёсӣ дар байни кишварҳо табдил хоҳад ёфт.
Инҷо мо бештар ба арзиши он ва ташаббусҳои созанда ва муҳими кишварҳои ҷаҳон, хусусан Тоҷикистон такя карда, муҳимияти онро барои хонанда пешниҳод мекунем.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва саривақтии худ, зери роҳнамоии Президенти кишвар ба масоили об ва экологии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ карда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум арзёбӣ кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин қайд карданд: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сўзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”. Мардуми Тоҷикистон обро ободонӣ дониста, онро аз неъматҳои ҳаётан муҳим барои ҳар як фарду қавмиятҳои ҷаҳон мешуморанд.
Тибқи сарчашмаҳо, яке аз масоили умдаи об-ин истифодаи захираҳои он ва обёрикунонӣ аст, ки дар бисёре аз кишварҳои дунё дуруст тақсим намешавад ва аз ин рў, мардуми сайёра аз норасоии он ба мушкилоти зиёд дучор мегарданд.
Бояд зикр кард, ки имрўз зиёда аз 70 % одамони сайёра обро барои обёрӣ кардани замин истифода мебаранд. Аз соли 1950 ин фоиз се баробар афзоиш ёфтааст. Аммо як мушкили дигари асосӣ шўршавии замин аст, ки тавассути обёрӣ кардани замин хок обро фурў бурда, бо намакҳои зери замин бархўрд карда, дар болои замин қарор мегирад ва ҳосилнокии онро кам месозад.
Ҳамин тавр, мардуми сайёра аз замони қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста дониста, аз соҳилҳои дарёҳои Нил дар Мисру Африқо, Сир (Сайҳун) дар миёни Тоҷикистону Ўзбекистон, Ому (Ҷайҳун) миёни Афғонистону Тоҷикистон, Миссисипи, Волгаи Россия, Гангаи Ҳиндустон хуб истифода карда, барои ризқу рўзии худ кишту кор мекунанд. Дар ҳақиқат об аз муъҷизаҳои нодир буда, барои башарият муҳим ба шумор меравад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: