Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Об манбаи ҳаёт

Об манбаи ҳаёт

22-09-2021, 09:03
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Об манбаи ҳаёт
Обро сарчашмаи ҳаёт, наҷотбахши табиат ва асоси саломатии инсон низ арзёбӣ мекунанд. Об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар бисёр кишварҳои олам мардум аз норасоии оби ошомиданӣ тоза танқисӣ мекашанд. Дар Африқо низоъҳо барои об ба таври доимӣ рух медиҳанд. Давлатҳои Ботсвана, Ангола ва Намибия наметавонанд оби дарёи Окавангоро байни худ одилона ва оқилона тақсим намоянд. Эфиопия, Судон ва Миср низ дар мавриди нобаробар тақсим шудани оби дарёи дарозтарин – Нил вориди баҳсу кашмакашҳои дуру дароз гаштаанд.
Низоъшиносон бошанд, яке аз омилҳои асосии ҷанги даҳсолаҳо идомадоштаи Исроил ва Фаластинро ба истифодаи оби минтақа вобаста медонанд. А.А.Филоника, коршинос аз Донишкадаи омўзиши Исроил ва Шарқи Наздик таъкид мекунад, ки вақте сухан аз муноқишаҳои тўлонии Исроилу Фаластин меравад, воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон бештар ба омилҳои терроризм ва амнияти минтақа таваҷҷуҳ мекунанд ва як нуктаи муҳими низоъ – проблемаи истифодаи об дар минтақаро фаромўш месозанд. Дар ҳоле, ки баҳси истифодаи об яке аз сабабҳои аслии низоъ дар Шарқи Наздик аст.
Об яке аз захираҳои асосии табииву муҳим ба саломатии инсон барои сайёра буда, омили асосии мавҷудият ба шумор меравад. Об дар зиндагии ҳар як инсон барои истеъмолу тозагӣ ва таъмини солимии онҳо истифода бурда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон обҳои минералии шифобахш зиёд буда, ба саломатии инсон фоидаи калон дорад. Пас, илова намудан ба маврид аст, ки обҳои шифобахше, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд аз элементҳои биокимиявӣ, минералҳо, калий, магний, натрий ва калций бой ҳастанд ва ба организми инсон фоидаи калон доранд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки яке аз падидаҳои фараҳбахш дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин дар бораи беш аз 190 даъвати дунё дастгирӣ ёфтани пешниҳоди навбатии Пешвои миллат доир ба 10 солаи байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» эълон гардидани соли 2018-2028 аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ба шумор мервад. Яъне Сарвари давлати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд. Шурӯъ аз соли 2003, яъне замоне, ки аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии оби тоза» ташаббус нишон доданд, то ба имрӯз ин мавзӯъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ мешавад. Бояд эътироф намуд, ки ин иқдомоти Сарвари давлат боиси афзоиши нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ӯро ҳамчун як сиёсатмадори қавиирода, дурандеш ва инсондӯст муаррифӣ намудааст.
Мақсади аслӣ аз ин иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ пайдо намудани роҳи ҳалли проблема, пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳои бузурги байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба истифодаи дуруст ва захираи оби ошомиданӣ барои имрўз ва фардо мебошад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд инро пешбинӣ намоянд.
Ин ташаббуси созанда бори дигар обрўю эътибор ва мавқеи давлати моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорад. Ва бояд зикр кард, ки ин иқдом ягона платформаи бузурге мебошад, ки ҷаҳониён дар доираи он тамоми мушкилоти соҳаи обро ҳал хоҳанд кард.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: