
Таҳти чунин унвон 20-уми июни соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия доир намуд.
Аксияи мазкур дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар қисми низомии 0121-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми низомии 02615-и Вазорати мудофиаи ҶТ ва дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ доир гашт, ки ба ҳар як қисми низомӣ маводи таблиғотӣ, аз қабили овезаҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва китобҳои бадеиву сиёсии гуногунро, ки аз тарафи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастрас гардида буданд, расониданд.
Китобҳо ба махзанҳои маърифатии қисмҳои низомии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуда, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши аскарону сарбозон ва ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии онҳо заминаи хубе хоҳанд гузошт.
Нозукбибии ТЕМУР