
ШАҲРИТУС. Санаи 11.05.2022 дар толори мақомотои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, бо иштироки кормандони ШВКД, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоату деҳаҳо вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндаи ШВКД оиди таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №64 аз 02 апрели соли 2019 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, 207-7 (иваз намудани шиносномаҳои барориши соли 1996 ба барориши соли 2014(Айдикарта), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” таҳти № 1652 аз 18 декабри соли 2019, суханрони намуда ба ҳозирин дастур дода шуд, ки ба саҳми коргарон ва аҳолии шаҳраку деҳотҳо расонанд то, ки шаҳрвандони бешаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Хадамоти шиносномаю бақайдгирии ШВКД дар ноҳия бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат намуда, шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намоянд.