Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВКХ Тоҷикистон: нархи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ қимат нашудааст

ВКХ Тоҷикистон: нархи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ қимат нашудааст

6-01-2021, 10:45
Хабарро хонданд: 474 нафар
Назарҳо: 0
ВКХ Тоҷикистон: нархи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ қимат нашудаастВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки нархи шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қимат нашудааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, шурӯъ аз 1 январи соли равон танҳо боҷи давлатӣ аз 87 сомонӣ ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Нархи шиносномаи хориҷӣ 75 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки бе тағйир мондааст.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки хадамоти судури шиносномаи хориҷӣ дар баробари дигар пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла маблағи гирифтан ва тамдид кардани шиносномаи хориҷиро аз аввали соли равон афзудааст.

Маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, тамдид ё дароз кардани муҳлати шиносномаи хориҷии Тоҷикистон низ имкон надорад, зеро он биометрӣ буда, як муҳлати муайян эътибор хоҳад дошт.

Шиносномаи биометрии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид намегардад. Маълумот дар он ба таври электронӣ дода мешавад ва тағйир додани он фақат дар сурати аз нав кардани шиноснома имкон дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: