Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ташаббуси глобалии бехатарӣ - таклифи нави Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ташаббуси глобалии бехатарӣ - таклифи нави Ҷумҳурии Мардумии Чин

12-05-2022, 08:05
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Ташаббуси глобалии бехатарӣ - таклифи нави Ҷумҳурии Мардумии Чин


Чанде пеш дар шаҳри Боао, музофоти Ҳайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ифтитоҳи ҷаласаи солонаи Форуми Боао барои Осиё - 2022 баргузор гардид. Раисиҷумҳури Чин, ҷаноби Сӣ Ҷинпин дар мавзӯи “Якҷоя кардани қувваҳо барои бартараф гирифтани мушкилот барои ояндаи беҳтар” суханронӣ намуд.

Номбурда қайд намуд, ки ҷаҳон имрӯз ба таври назаррас тағйир меёбад. Миқёси дигаргуниҳое, ки дар тӯли садаи гузашта ба амал омадаанд, дар таърих бесобиқа ҳастанд. Инсоният ба душвориҳои ҷиддӣ дучор меояд. Таърих ба мо таълим медиҳад, ки роҳ ҳар қадар душвортар бошад, суботкорӣ ва ба худ боварӣ доштан ҳамон қадар муҳимтар аст.

Сӣ Ҷинпин таъкид кард, дар давоми ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо пандемия ва эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ саъю кӯшиш кардааст. Мушкилиҳои ба миён омада аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки башариятро сарнавишти ягона муттаҳид кардааст, кишварҳои ҷаҳон бояд бо тамоюлҳои замон, яъне сулҳ, рушд, ҳамкорӣ ва нафъи муштарак ҳамқадам бошанд. Барои муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон якҷоя ҷидду ҷаҳд кардан муҳим аст. Кишварҳо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунанд, ҳамоҳангсозии кори зидди эпидемияро пурзӯр кунанд, идоракунии ҷаҳонии тандурустиро такмил диҳанд, то қувваи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин мубориза муттаҳид шаванд.

- Барои мусоидат ба барқарорсозии иқтисод ҳамкорӣ кардан муҳим аст, - гуфт ӯ. Бояд кўшишҳоро дар соҳаи маблағгузории рушд ва индустриализатсия бо мақсади рафъи мушкилоте, ки дар натиҷаи рушди нобаробар ва нопурра ба миён меоянд, мутамарказ карда, Ташаббуси глобалии рушдро мунтазам пешбарӣ ва дар амал татбиқ намуд.

Чин ташаббуси глобалии бехатариро оғоз мекунад. Консепсияи он таъмини амнияти умумӣ ва пойдор, сулҳу амонии тамоми ҷаҳон, принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва якпорачагии ҳудудӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилӣ аст.

- Ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро тақдири умумӣ дар пеш аст. Ҷаҳони имрӯза ба мошини хуб тарҳрезишуда монанд мебошад ва кӯшиши аз он хориҷ кардани ягон қисм бо нокомии ҷиддӣ ва оқибатҳои даҳшатнок оварда мерасонад, гуфт Сӣ Ҷинпин.

Таъкид гардид, ки тӯли чанд даҳсола дар маҷмӯъ қитъаи Осиё субот ва рушди устуворро нигоҳ доштааст ва онро мӯъҷизаи осиёӣ низ меноманд. Муваффакиятҳои Осиё ба нафъи ҷаҳон мерасанд. Сулҳ дар Осиё бояд катъиян муҳофизат шавад ва ҳамкориро фаъолона инкишоф додан авлавият дорад. Сарфи назар аз ҳама гуна тағйирот дар вазъи ҷаҳон, муносибати қатъии кишварҳо ба идомаи ислоҳот ва ошкорбаёнӣ бояд устувор боқӣ монад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои байналхалқии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон шоистаи таҳсин буда, дар шароити муосир бомаром густариш меёбанд. Махсусан, ҳамкорӣ бо Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» (Россия), Ҳизби коммунистии Чин (Ҷумҳурии Мардумии Чин), ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» (Қазоқистон), «Ени Азербайджан» (Озарбойҷон) ва ҳаракати «Белая Русь» (Белоруссия) дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ ҷараён дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: