Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 9 майро санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг хонданд Май 9, 2022 10:57

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 9 майро санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг хонданд Май 9, 2022 10:57

10-05-2022, 07:30
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 9 майро санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг хонданд Май 9, 2022 10:57

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба ифтихори таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизм 9 майро барои мардуми тоҷик санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг хонданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурӣ, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик абадан сабт гардидааст.

Президенти мамлакат хотиррасон намуданд, ки дар он солҳо заҳмату машаққати ақибгоҳ асосан бар дӯши кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд.

Онҳо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуҷуди маҳрумияту машаққатҳои сангин фидокорона заҳмат кашида, ҳам мардуми кишварро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд ва ҳам дар таъминоти муҳофизони озодии халқҳо саҳми арзишманд гузоштанд.

Фаъолияти мардуми тоҷик дар он солҳои ниҳоят вазнину душвор барои наслҳои имрӯза намунаи ибрат ва сабақи зиндаи заҳмати софдилона мебошад.

Имрӯз аз садҳо ҳазор иштирокчиёни ҷанг дар Тоҷикистон ҳамагӣ 57 нафар дар қайди ҳаёт ҳастанд, ки аз ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат бархӯрдор мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон ба ҳар як собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ аз номи Пешвои миллат расонида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, чанде пеш дар робита ба ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида, аз Фонди захиравии Сарвари давлат дар ҳаҷми 855 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: